(Ганҷинаи арзишманди вожагони пурбор)
Инсоне, ки мо эҳтирому эътиқодаш дорему ба кору пайкораш бо ҳавас пайравӣ мекунем, дилбохтаи олами сухан ва дунёи вожаҳост. Ӯ ҳастиро бо вожа пайвастааст: баргузидани вожаҳо, шарҳу тафсири онҳо, ҷустуҷӯ дар сарнавишташон, муҳити истифодаву тобишҳои маъно, тарзи дурусти навишту талаффуз ва корбурди онҳо дар назму дар гуфтор ва паҳлуҳои дигари рӯзгори вожаҳо ҳамеша андешаву шуурашро машғул медоранд ва моҳияти кору рӯзгори ӯро созмон медиҳанд.
Дунёи вожагон, ки Доро Наҷот дар тӯли рӯзгори пурмаҳсулаш бунёд кардааст, бо он дар олами сухан сайр кардааст, дунёи онҳоро «зи сар ба бар қадам задааст», «Фарҳанги Доро» ном дорад, фарҳанге, ки суннати фарҳангнигории бузургони моро идома додаву таҷдид кардааст, фарҳанге, ки бо сурати нав ва шеваи навини тасвири забонии олами моддиву маънавӣ дар байни фарҳангҳои дигар мавқеи арзандаву сазоворро соҳиб гаштааст.
Дар давоми чандин садсола мардуми тоҷик, равшантар бигӯем, соҳибони забони форсии дарии тоҷикӣ дар рӯзгори бардавоми миллӣ ҳар чизе, ки диданду шуниданду сохтанду эҷод карданд, дар фарҳангҳо ба шакли вожаву ибораҳо сабт карданду маҳфуз доштанд. Як не, ду не, садҳо фарҳанг тадвин карданду тартиб доданд, донишу шуури миллиро дар он инъикос намуданд. Яке аз дигаре рангинтару зеботар, мукаммалтару пурмаънитар, бо номҳои зебову ҳамагӯй ба мисли «Луғати Фурс»-и Асадии Тӯсӣ, «Сиҳоҳ-ул-фурс»-и Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ, «Шарафномаи Мунярӣ»-и Иброҳим Форуқӣ, «Муаййид-ул-фузало»-и Ибни Лод, «Мадор-ул-афозил»-и Файзии Сирҳиндӣ, «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»-и Ҳусайни Инҷу, «Баҳори Аҷам»-и Рой Текчанди Баҳор, «Фарҳанги Рашидӣ»-и Аб–дуррашиди Татавӣ, «Бурҳони қотеъ»-и Муҳаммадҳусайни Табрезӣ, «Ғиёс-ул-луғот» — и Муҳаммад Ғиёсуддини Ромпурӣ, «Чароғи Ҳидоят» — и Алихони Орзу, «Кашф-ул-луғот»-и Аҳмад Сури Биҳор, «Оташкадаи Озар»-и Лутфалибеки Озар…, ки миқдори умумии онҳо назар ба гуфтаи мутахассисон аз 250 бештар аст.
Дар давраи кунунии рушди маънавиёти тоҷик низ кори таҳияву тадвини фарҳангҳо идома дорад. Бо фотиҳаи устод Айнӣ дар шакли «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» (соли 1938 таҳия ва соли 1976 нашр шудааст) минбаъд «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (соли 1969, дар ду ҷилд), «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ» (соли 1990, А. Нуров) ва «Фарҳанги осори Ҷомӣ» (дар 2 ҷилд, солҳои 1983 — 1984, А. Нуров), «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (соли 2008, дар 2 ҷилд) ва чандин фарҳангҳои дигар ба нашр расид, ки анъанаи фарҳангнигории классикии тоҷикро барпой нигаҳ дошт.
Луғати дуҷилдаи «Фарҳанги Доро. Луғатномаи барчидаи тафсирӣ ва решашинохтӣ», ки соли 2021 ба нашр расида, фарогири беш аз 25000 вожаву ибора мебошад, идомаи арзандаи фарҳангнигории барӯманди тоҷик дар оғози садаи ХХI ба шумор меравад.
Маҳз дар ин даврон тадвин гардидани «Фарҳанги Доро»-и Шоири халқии Тоҷикистон, вожашинос ва донишманди забони миллӣ устод Доро Наҷот ба сарнавишт ва мазмуну фарогирии ин фарҳанг таъсири мусбат ва созанда гузоштааст, зеро забони тоҷикии ин давра — анҷоми асри ХХ ва оғози асри ХХI даврае буд, ки селаи вожаҳои наву навшуда мавриди корбурди аҳли сухан қарор гирифтанд — гоҳо баандешаву гоҳо беандеша, гоҳо ба зарурату гоҳо аз рӯйи худнамоӣ, гоҳо бо далелу гоҳо ҳавоӣ ва ин раванд коршиносону донишмандон ва вожашиносонеро ниёзманд буд, ки тавонанд «мӯйро аз хамир ҷудо кунанд «ва гавҳарро аз шиша тамйиз диҳанд».
«Фарҳанги Доро» аз ҷумлаи фарҳангҳоест, ки ба қавли муаллифи он, «орӣ аз пайравист ва бо фарҳангҳои дигари ҳавзаи форсизабонон на ҳамгун асту на моно». Воқеан, бо шеваи хоси тафсир ва тавзеҳу ташреҳи сайри таърихии шаклу маънии калима устод Доро Наҷот кӯшидааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо ниёзмандиҳои рӯзгор ва эҳтиёҷоти аҳли сухан фарҳангро мураттаб созад, диду боздиди тоза ва равиши наве дар интихоби калимаҳо, тафсиру тавзеҳи шаклу маънои онҳо ба амал оварад.
Дар рафти тадвини «Фарҳанги Доро» муаллифи он ҳамеша мутаваҷҷеҳи раванди тағйиру такмили таркиби луғавии забони адабии тоҷикӣ будааст. Аз чашми дақиқназари ӯ вожаву истилоҳоти тоза, аз қабили баррасӣ, бозрасӣ, раводид, инфиҷор, корбаст, коршинос, коршиносӣ, сармоя, намун, роҳкор, аспрес, расона, хазина, ҳувият ва ғайра барканор намондааст.
Аз мутолиаи он маълум мегардад, ки забони осори классикӣ, пеш аз ҳама, забони назми Рӯдакӣ, «Шоҳнома», «Маснавии маънавӣ» аз он сарчашмаҳоест, ки ҳамеша мавриди омӯзишу корбурди устод Доро Наҷот будааст ва беҳтарин дурдонаҳои ин давраи рушди забони миллӣ дар он инъикос ёфтааст. Аксари вожаҳо ниёзмандии забони имрӯзаи моро ба ифодаи ин ё он падидаву мафҳум ва ё ашё таъмин сохтаанд. Аз ҷумлаи ин вожагон вожаи аспрес аст, ки дар «Фарҳанги Доро» ба тамоми тафсилот ва гунаҳояш бо сайри таърихӣ ва мисолҳои муътамад аз сарчашмаҳои муътабар тафсир гардидааст:
«АСПРЕС [аспрез = аспрас = аспреш = аспарсаф = аспарсаб]» [паҳ. asprēs аспрес (CPD.12)]. асп ҳайвони маъруф ва рес дигаргунаи рез ба маънии дави тез аст; аммо А. Равоқӣ шарҳи дигаргунае оварда, бад-ин зайл: «рез ё рес аз масдари ресидан ва аз решаи авес. urvaēs-, решаи ҳ. авр. ųreiḱ (DKS.218). Ба гумоне, ris моддаи мазореъ аз рехтан аст». (З. ф. фарорӯдӣ, саҳ. 27). (и.м.) 1.майдони аспдавонӣ; ипподром. 2. роҳе, ки асп ба як рӯз тавонад паймуд: «пас (ту, эй Ҷам!) он варро бисоз, ҳар як аз чаҳор бараш ба дарозии аспресе…».(Тарҷ. Авесто, Вандидод, фаргарди дувум, бахши дувум);
Зи тахте, ки хонӣ варо Тоқдес,
Ки бинҳод Парвез дар аспрес.
Фирдавсӣ
3. майдони чавгонбозӣ ва ража. 4. майдони ҷанг».
Бояд зикр кард, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ чун як офаридаи густурдаи мондагор ва ҳамосаи бузурги миллӣ бо ҷойгоҳи донишномаи мардуми ориётабор барои бисёр фарҳангнигорон, аз он ҷумла устод Доро Наҷот, ба сифати сарчашмаи вожагони вижа ва маъниҳои бикру нодир хидмат кардааст, ки сабти калимаҳое ба монанди бож, божбон, божгоҳ, божхоҳ, бождор, рон, хӯша ва Хӯша, шигифт, эдар, эдун, чунончун, чома, чок, чангол, чаков, ҳор (марворид), ҳариса (хӯрок), ҳарвонагаҳ (ҷазогоҳ), … аз ин маънӣ гувоҳӣ медиҳад. Дарёфти маъниҳои нави вожагон дар ин офаридаи фароандешавӣ ва рӯзгорномаи замону макони тоҷикон корест ҷолиб, ҳавасангез ва пурсамар. Дар доираи ин маънӣ устод Доро Наҷот ба вожаи хӯша таваҷҷуҳ кардааст, ки заминаи хоссае дорад. Ин калима дар «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (с. 2006) ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (с. 2010) фақат ба маънии «хӯшаи гандум», «хӯшаи ангур», «хӯша бастан» сабт гардидааст. Дар «Фарҳанги Доро» чун омоним ду хӯша зикр ёфтааст: «хӯша I … 1. сараки ғалла ва ангур (Аз он хӯшае чанд бибриду бурд, Ба айвону холигарашро супурд. Фирдавсӣ). 2. як баста (ё овеза) аз гулҳои ба ҳам пайвастаи гиёҳ, хӯшагул. 3. (дар шеър) он чи дар назар ё тасаввур шабеҳи хӯша тобад». Омоними ин вожа бо ҳарфи калон сабт гардида, ба истилоҳи илми нуҷум ишорат мекунад: «Хӯша II 1. Дурахшонтарин ситораи бурҷи Сунбула, ки рӯшаноии он 740 маротиба аз Офтоб зиёд аст. 2. Бурҷи галаситорае бо номи Сунбула, ки баҳорон бештар намоён мешавад:
Бигашт андар ин тезгардон сипеҳр,
Чу Хуршед аз Хӯша бинмуд чеҳр.
Фирдавсӣ
Дар забони адабиёти классикӣ, пеш аз ҳама, дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ миқдори зиёди калимаҳое истифода мешаванд, ки ба бурҷҳои осмонӣ ва галаситораҳо ишорат мекунанд, аз он ҷумла, ба сифати истилоҳоти нуҷум исмҳои Гов, Наҳанг, Моҳӣ, Шер, Аждаҳо, Мор, Мӯр, Зоғ, Каргас, Харчанг ба кор рафтаанд. Ин вожаҳо аксаран дар давраҳои қаблии забони тоҷикӣ низ ба кор мерафтанд ва ба ҷои гунаҳои арабиашон ба шакли Ҳут, Асад, Саратон, Ғуроб, Сунбула барои аҳли илми нуҷум ва ситорашиносӣ хизмат мекарданд:
Шер:
Чу барзад сар аз Бурҷи Шер Офтоб,
Биболид рӯзу биполуд хоб.
Гов:
Чу Хуршед барзад сар аз Бурҷи Гов,
Баромад зи ҳомун хурӯши чаков.
Бара, Тарозу:
Зи Бурҷи Бара то Тарозу ҷаҳон,
Ҳаме тирагӣ дорад андар ниҳон.
Хур, Мор, Мӯр:
Нахуст офарин бар худованди Хур,
Худованди Мору худованди Мӯр.
Ноҳид, Баҳром, Меҳр:
Худованди Ноҳиду Баҳрому Меҳр,
Худованди ин баркашида сипеҳр…
Зоғ:
Чу хуршед сар зад сар аз пушти Зоғ,
Замин шуд ба кирдори равшанчароғ.
Каргас:
Зи Манзар ту гар дод ёбӣ, бас аст,
Ки ӯро нишаст аз бари Каргас аст.
Хур, Хӯша, Моҳӣ:
Падар бар падар подшоҳӣ марост,
Хуру Хӯшаву Бурҷи Моҳӣ марост.
Харчанг:
Чу барзад зи Харчанг теғ Офтоб,
Бифарсуд жангу биполуд хоб.
Яке аз шартҳои фарҳангнигорӣ таваҷҷуҳи махсус ба вожа ва дақиқкорӣ дар ҷустуҷӯву тафсири он ба ҳисоб меравад, ки устод Доро Наҷот дар фарҳанги хеш ин хислату маҳоратро хеле устодона ба кор бурдааст. Далели ин андеша вожаи божгоҳ аст, ки дар «Фарҳанги Доро» ҳамчун омоним ба ду маънӣ тафсир ёфтааст. Ба маънии аввал – «БОЖГОҲ I. ҷойгоҳе дар бандар барои савор шудан ба киштиҳо ва ситонидани бож; гумрук». Устод Доро Наҷот бо далелҳои устувор ба ивази калимаи бегонаву ноошнои итолиёвиву португалии гумрук мавриди истифода қарор додани божгоҳро дуруст пешниҳод кардааст ва бо зикри мавҷуд будани калимаҳои ҳамрешаи зебои бождор (роҳбари гумрук), божбон (маъмури гумрук), божгир, божситон (кормандони гумрук) ва бождеҳ фикри хешро тақвият додааст. Ба маънии дувум – «БОЖГОҲ II. (и. м.) ҷои хомӯшӣ ва ҷои дуохонии мазҳабӣ дар оини зардуштӣ» тафсир ёфтааст бо шоҳиди зерин аз «Шоҳнома»:
Биёвард ҳар чи-ш бифармуд шоҳ,
Биёроста барсаму божгоҳ.
Фирдавсӣ
Сазовор ба таъкид аст, ки сабти божгоҳ дар «Фарҳанги Доро» ба маънии дувум самараи ҷустуҷӯйҳои фардии устод Доро Наҷот аст, аз он ҷумла, ба он далел, ки ба ин маънӣ ин калима дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (с. 1969), «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (с. 2006) ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (с. 2010) мавқеъ ва шарҳу тафсир пайдо накардааст. Гузашта аз ин, устод Доро Наҷот решаи ин калимаро ба шакли бож ба маънии «хомӯшие, ки зардуштиён ҳангоми адои маросими мазҳабӣ риоят мекарданд» бо далеле аз «Шоҳнома» овардааст, ки мавҷудияти БОЖГОҲ II — ро мудаллал месозад: Яке дини деҳқони оташпараст, Ки бе бож барсам бигирад ба даст.
Сифати тадвини фарҳангҳо дар бисёр маворид ба сарчашмаҳои иттилооту мисолҳо пайвастагӣ дорад. Доираи асарҳое, ки устод Доро Наҷот дар фарҳангаш истифода бурдааст, хеле пурвусъату гуногунҷанба аст. Фақат аз ҷумлаи фарҳангҳои муътабар 54 фарҳанги матбӯъ номбар гардидааст, ки барои шарҳу тавзеҳи мукаммали овозиву маъноии вожаҳо маълумоти мукаммал дода метавонад. Дигар манобеи лингвистиву этимологӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, ирфонӣ ва динӣ, адабиётшиносӣ, бадеӣ ва фолклор низ беш аз 500 номгӯйро дар бар мегирад, ки аз мутолиаи фаровони муаллифи фарҳанг ва дониши мукаммалу бисёрҷанбаи ӯ гувоҳӣ медиҳад. Ин падида сабаб гаштааст, ки бисёре аз моддаҳои луғат хусусияти энсиклопедӣ пайдо кардаанд. Аз он ҷумла, барои шарҳи вожаи хума Доро Наҷот ду саҳифаи пурраро бахшида, чун таърихшинос, забоншинос, гиёҳшинос ҷуғрофидон, мардумшинос 33 номи ин гиёҳро дар минтақаҳои гуногун зикр карда, тавсифи динӣ, устуравӣ, таърихӣ, фарматсевтӣ, тиббӣ, саноатӣ ва мардумии ин вожаро ба хонанда пешкаш кардааст. Ин моддаи луғат ва чандин мақолаҳои ба ин монанди «Фарҳанги Доро» метавонанд саҳифаҳои луғатҳои энсиклопедии тоҷикиро оро диҳанд.
Забони миллӣ, дар баробари калимаҳои иқтибосӣ ва дурдонаҳои адабиёти классикӣ, бо вожаҳои гӯшнавозу суфтаи забони гуфтугӯӣ ва шеваҳо пурра мегардад. Забони мардум он сарчашмаи муҳимест, ки суханварон ва эҷодкорон вожаҳои беҳтарини онро мавриди истифода қарор медиҳанд. Устод Доро Наҷот низ дар фарҳанги хеш садҳо вожаи ҷолибу суфтаву нодирро сабт карда, дар бисёр маврид робитаи онҳоро бо забони адабӣ ва дигар забонҳои эронӣ нишон додааст. Калимаҳои хушоҳанге аз қабили шабдарав, тиреза, парсинг (парчин), каҳгил, каштал, корам, форам, шинам, обсабз, адир, дуҷон, говгум, пичинг, чакман, зарҳал, кампир, кафшер, одмиёна, шиннӣ, чакан, шилм, пайхас, шипанг, похса, ҳарра, чинга, чакдон, шудринг, ҳавуч, шилм, ҳатӯл, ҳот, шумшук, шумрӯ ва ғайра бозёфтҳои муаллифи фарҳанг дар забони мардум ҳастанд, ки бо сурати овозиву маънии хос ҳуқуқи сабт дар ин фарҳанги муътабарро пайдо кардаанд.
«Фарҳанги Доро»-ро фарҳанги дастурӣ номем ҳам, дуруст меояд, зеро ба иловаи сайрҳои решашинохтӣ ва тавзеҳоти забонӣ муаллиф ҳамеша аз мавҷудияти гунаҳои калима, раванди тағйироти овозии вожа дарак дода, бо руҷӯъҳои забоншиносии маърифатӣ ва фарҳангӣ маълумоти ҷолибу муътамад пешниҳод месозад ва мураттаб бо ихтисораҳо (наздики 300 ихтисора) ба кадом ҳиссаи нутқ ё навъи он тааллуқ доштани калимаро ҳатман нишон медиҳад. Ин падида аз дониши амиқи забоншиносии муаллиф ва суботу пайгирии ӯ дар кори таҳияи муназзаму мураттабу илмии фарҳанг гувоҳӣ медиҳад.
Бо хатти ниёгон пешниҳод намудани сурати графикии вожагон низ аз иқдомҳои неку ҷасуронаи устод Доро Наҷот аст, зеро ин амал ҳам вақту ҳам меҳнати гаронро тақозо мекунад, ки муаллиф бо ирода ин заҳматро интихоб кардааст. Бо хатти ниёгон сабт гардидани вожаҳо шарофати фаровон дорад, аз он ҷумла, тафовут миёни калимаҳои монанди шух ва шӯх, кушиш ва кӯшиш, дур(р) ва дур, сур ва сӯр ва ғайра гузошта, барои шинохти калимаҳои иқтибосӣ бо ҳарфҳои хоси арабӣ ба хонанда ёрӣ мерасонад.
«Фарҳанги Доро», ки бо қалами неруманду пурҳикмати устод Доро Наҷот навишта шудааст, дорои афзалиятҳои дигар низ ҳаст, ки ин фарҳанги нодирро байни дигар фарҳангҳои ин давраи рушди забони тоҷикӣ ҷойгоҳи устувор ва сазовор бахшидааст. Ҳамчунин, таълифи ин фарҳанги пурмаъниву густурда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар рӯзгори рӯ ба моддиёт рушдкунандаи мо шахсиятҳое низ ба сар мебаранд, ки тору пуди зиндагиро бо маънавиёти миллат ва забони модарӣ бофтаанд ва олами вожагонро дар зиндагии нуронии хеш бар дунёи чизу ашёву сарвати моддӣ тарҷеъ додаанд.
«Фарҳанги Доро» ва муаллифи дар сухан тавонои он устод Доро Наҷот сазовори ҳама гуна эътирофу эътибору ташвиқу қадрдонӣ ҳастанд ва мо — соҳибзабонон бояд ба қадри ин фарҳангу фарҳангнигорӣ ва устодоне чун устод Доро Наҷот бирасем ва забони бузурги миллиамонро бо дурдонаҳои бебаҳо ва нотакрораш маҳфуз нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, «Фарҳанги Доро» (дар ду ҷилд)-ро сазовортарин асар барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино мешуморам.
Олимҷон Қосимов,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор,
мудири кафедраи забони тоҷикии МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино»