Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ бо иштироки роҳбарияти як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимон, намояндагони институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма муҳокимаи ҷамъиятӣ ва экспертизаи илмии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор»-ро доир намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ аз 26 апрели соли равон бармеоянд, мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби гурӯҳи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, мақсади он аз амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани муносибати ғамхорона ба кӯдакони ятим ва бепарастор, таҳти ҳифзи махсуси давлатӣ қарор додани онҳо, фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста ва таълиму тарбия, таъмини иштироки аҳли ҷомеа, мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин банақшагирии оила, иборат аст.
Муҳокимаи ҷамъиятиро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дотсент Ашӯрбой Солиев ифтитоҳ бахшида, аз ҳамкории донишгоҳ бо мақомоти давлатӣ ва қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ёдрас шуда, изҳори боварӣ намуд, ки имрӯзҳо устодону кормандони он барои ташкил ва баргузории чунин маҳфилҳо, бахусус иштирок дар раванди ҳуқуқэҷодкунӣ, имконияти фаровон доранд. Рамзист, ки маротиби аввал дар донишгоҳ гузаронидани чунин маҳфил ва бо ин мавзуъ, алалхусус дар робита бо сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Президенти ҷумҳурӣ, барои ҳар як таълимгирандагону устодон на танҳо боиси ифтихор, балки масъулияти басо муҳим низ мебошад, зеро якчанд донишҷӯён аз зумраи шахсони ятим ва бепарастор ба ҳисоб мераванд ва имрӯзҳо донишгоҳ ба онҳо тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст.
Мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Маҳмудов дар суханронии худ зикр намуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур санади муҳими қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор ба ҳисоб рафта, дар таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунии солҳои охири кишвар бори аввал мафҳумҳои нав ба монанди оилаи парастор ва мураббии парастор пешбинӣ шудааст. Он бо мақсади дар муҳити оилавӣ ба воя расонидани кӯдакони ятим таҳия гардида, дар асоси шартнома ва додани подош ба андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон таври махсус меъёрҳое муқаррар шудаанд, ки ҳуқуқҳои молумулкии ятимонро (аз ҷумла саҳмҳо дар сармояи (шариконаи) оинномавии ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ) ҳимоя намуда, ҳамзамон барои нигаҳдошти амонати тариқи мерос гузашта, бонки амонатгузории давлатӣ масъул гардонида шудааст.
Сипас, ҳозирин ба муҳокима ва экспертизаи бевоситаи ҳар як моддаи лоиҳаи қонун, ки аз 5 боб ва 28 модда иборат мебошад, шуруъ намуданд. Дар муҳокимаи он муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Исмонов, омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Бо назардошти муҳокима, таклифу пешниҳод ва баҳсу мунозираҳои ҷойдошта ҳозирин ба хулоса омаданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи кишварамон, моҳияти конститутсионии давлати иҷтимоӣ будани мамлакат, инчунин ба мантиқи ҳуқуқӣ, забониву имлоӣ, илмӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ аст ва татбиқи он иштироки тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони алоҳидаро доир ба таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони ятим ва бепарасторро тақозо дорад. Ҳама иштирокдорон зикр намуданд, ки субъекти асосии дастгирии давлатии ашхоси мазкур ва татбиқи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки барои иҷрои таъмини моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатӣ чораҳои заруриро ҳамчунин бо тасдиқи тартибу низомномаҳои дахлдор ва барномаҳои мақсадноки давлатӣ, ташкил ва татбиқ менамояд.
Таклифу пешниҳодҳо ва хулосаи илмӣ барои такмили лоиҳаи қонун ба субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ирсол гардид.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»