Шукрона мафҳумест, ки аҷдодон гаштаю баргашта гуфтани онро ба хурдсолон талқин менамуданд. Қаноат ва ҳирс наварзидан ба моли зиёди дунё инсонро хоксору шикастанафс мегардонад.
Бузургон низ шукргузориро хушбахтӣ ва ношукриро сабаби бадбахтӣ ҳисоб намуда гуфтаанд:
Шукр гӯӣ, неъматат афзун шавад,
В-ар нагӯӣ, аз кафат берун шавад.
Вале на ҳама шукргузори тинҷиву осоиштагӣ ва ваҳдату истиқлолиятанд. Баъзан дар интернет ашхосеро метавон мушоҳида кард, ки ба паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва ҳангомабарангез машғуланд. Онҳо аз ҳар ҳодисаву рӯйдод суиистифода намуда, бо ин роҳ мафкураи ҷавононро заҳролуд карданианд. Аз ҷумла, бемории коронавирусро «дастак» намуда, нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон суханҳои носазо мегӯянд. Вазъият нишон дод, ки ин лаҳзаҳои пур аз биму ҳарос, яъне зуҳури коронавирусро ҳар инсон ба таври худ қабул месозад. Яке дар ваҳми ҷони фарзандон, пайвандону наздикони хеш аст, дигаре нияти теша задан ба решаи миллатро дорад. Ҳоло аксарият барои огоҳӣ пайдо намудан аз ахбори навин, аз тариқи телефони мобилӣ ба саҳифаҳои интернетӣ ворид мешаванд. Дар ин асно хоҳу нохоҳ ба маълумоти дар интернет пахшкарда вомехӯранд. Баъд аз мутолиа ақидаи баъзе аз онҳо дигар шуда, нисбат ба Ҳукумат мутанаффир мегарданд. Онҳо бояд дарк намоянд, ки ҳангоматалабон ба ҳеҷ ваҷҳ дар фикри беҳбудӣ нестанд. Мақсади онҳо тафриқа андохтан, пароканда намудани миллат ва шикасти давлат аст.
Ҳамватанони азиз бояд мутмаин бошанд, ки миллати тоҷик балою вабои зиёдеро, ҷангҳои ватанию шаҳрвандиро аз сар гузаронида, басе қаҳтию гуруснагиҳо дидааст. Бинобар ин, вабо ҳам паси сар мешавад. Бояд таҳаммулгаро бошем, дастгирии ҳамдигар ва дӯстиву рафоқатро қавитар кунем, то тири бадхоҳон хок хӯраду ба мақсади зишташон нарасанд. Ба қавли шоир, «Дасти ҳам бигрифта сарболо шавем!»
Моҳчеҳра ҲОМИДЗОДА,
омӯзгори МТМУ №12, ноҳияи Зафаробод