Ба шарофати истиқлолият дар мамлакатамон раванди бебозгашти ободонию созандагӣ торафт вусъат мегирад. Истиқлолият махсусан барои ҷавонон баҳри дастрасӣ ба илму дониш, азхудкунии техника тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овард.
Имрӯз дар кишвар даҳҳо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба тарбияи ҷавонон ва тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯйи талаботи замон ва меъёрҳои байналмилалӣ машғул мебошанд. Дар ин таълимгоҳҳо ба тадриси забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Масъалаи мазкур дар мадди назари роҳбарияти Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки чандин сол боз дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд, қарор дорад.
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат вазифа гузоштанд, ки бобати таълими забонҳои хориҷӣ ва беҳдошти сифати дарсҳо чораю тадбирҳои амалӣ андешанд. Минҷумла дар Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон фармудаанд: «Ба сабаби ба низоми кредитӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар роҳбарони ин муассисаҳоро зарур аст, ки меъёрҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшударо пурра татбиқ намоянд ва доир ба масъалаи омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, ворид намудани таҷҳизоти ҳозиразамон ва ба ин восита самаранок гардонидани сифати таълим тадбирҳои ҷиддӣ андешида, ба забономӯзии донишҷӯён ва ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагон диққати махсус диҳанд», — гуфт дар суҳбат ректори донишкада, доктори илмҳои иқтисод, профессор Инъомҷон Аминов.
Дар ҳақиқат, тӯли чанд соли охир Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДИС ДДТТ) фаъолияташро дар соҳаҳои таълим, илм ва тарбия самаранок ба роҳ монда, ба як қатор дастовардҳои намоён ноил гардидааст.
Дар донишкада 210 нафар омӯзгорон, аз ҷумла ҳашт нафар докторони илм ва профессорон, зиёда аз 80 нафар номзадҳои илм ва дотсентҳо, шаш нафар магистрҳои илм фаъолият доранд. Зиёда аз 20 нафар олимону омӯзгорон дар гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ ҳамаи машғулиятҳоро бо забони англисӣ мегузаронанд. Дар ин гурӯҳҳо устодон аз ИМА — Теренс Дрю, Ванесса Беари ва Марсел Минутоло, аз Ҷумҳурии Халқии Хитой — Ян Сяоюй дарс медиҳанд.
- Дар донишкада бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр кардани мутахассисон барои бозори байналмилалӣ гурӯҳҳои таълимӣ бо забони англисӣ таъсис ёфтаанд. То имрӯз ду гурӯҳи таҳсилашон бо забони англисӣ донишкадаро хатм намуданд ва бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар донишкада чунин гурӯҳҳо 14 ададро ташкил медиҳанд, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо бо забони англисӣ омӯзонида мешаванд. Шумораи гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ дар соли хониши нав боз чор адад афзоиш ёфт, — мегӯяд Инъомҷон Аминович.
Шабакаи автоматиконидаи идораи маъмурӣ ва назорати сифати таълим аз беҳтарин шабакаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аст, ки он гардиши электронии ҳуҷҷатҳоро фароҳам меоварад. Ба ин шабака дар бораи ҳар як донишҷӯ (варақаи шахсӣ, натиҷаҳои имтиҳоноти қабул, иштирок дар машғулиятҳо, гирифтани холҳо ва амсоли инҳо) иттилоот ворид карда шудааст. Омӯзгорон силлабусҳо, тестҳо ва дигар маводи таълимиро ба шабака ворид намуда, журналҳои электрониро мунтазам пур менамоянд. Донишҷӯён дар шабака тамоми маводи таълимиро дастрас карда метавонанд. Шабака ба ҳар як донишҷӯ сари вақт дар бораи давомоти таҳсили ӯ иттилоот медиҳад. Волидайни донишҷӯён низ имкон доранд, ки ба воситаи Шабакаи интернет бо шабакаи дохилидонишкадавӣ пайваст гардида, бо раванди таҳсили фарзандонашон, яъне иштироки онҳо дар машғулиятҳо, дарсазхудкунӣ, баҳоҳои ҳаррӯза, санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастиашон шинос шаванд.
- Ҳар як донишҷӯ имконият дорад, ки 3-4 забони хориҷиро дар сатҳи баланд аз худ намояд. Барои дар сатҳи баланд омӯзонидани забонҳои хориҷӣ шароити зарурӣ мавҷуд мебошад. Дар Маркази таълими забонҳои хориҷӣ, ки бо 20 компютер, тахтаи электронӣ ва мизи мудаввар ҷиҳозонида шудааст, омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ, немисӣ, арабӣ ташкил карда шудаанд.
Дар Маркази забон ва фарҳанги хитой, ки дар донишкада таъсис дода шудааст, омӯзиши забони хитойӣ ба роҳ монда шудааст. Ин забонро ба донишҷӯён омӯзгор аз Ҷумҳурии Халқии Хитой Ян Сяоюй ва магистр Рухшона Рустамзода меомӯзонанд.
Дар натиҷа, соли таҳсили гузашта 70 нафар донишҷӯёни фаъоли донишкада ба таври ройгон ба омӯзиши забони хитойӣ фаро гирифта шуданд ва имсол низ ин раванд идома хоҳад ёфт, — мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Сатҳи дониши донишҷӯён сол то сол боло рафта истодааст. Дар се соли охир дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва прогресси илмӣ-техникӣ» ДИС ДДТТ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар се ҷойи аввал қарор дорад. Дар олимпиада барои дарёфти ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 чаҳор нафар донишҷӯён сазовори ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардиданд. Ҳамчунин дар олимпиадаи аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилшуда донишҷӯёни донишкада сазовори ду ҷойи 1-ум, як ҷойи 2-юм, як ҷойи 4-ум ва як ифтихорнома гардиданд.
Аз соли 2010 донишкада узви барномаи аврупоии ERASMUS MUNDUS будааст.
- Ин имконият медиҳад, ки донишҷӯён дар солҳои дуюм, сеюм ва чаҳоруми таҳсил дар давраҳои муайян дар донишгоҳҳои номдори Аврупо, инчунин дар доираи робитаҳои байналмилалии донишкада дар донишгоҳҳои ИМА ва Осиё таълим гиранд, хатмкунандаҳо ва муаллимон таҳсилро дар магистратура идома диҳанд, таҳқиқоти докторӣ ва таҷрибаомӯзиро дар хориҷи кишвар амалӣ намоянд.
- Имсол ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкада 1052 нафар донишҷӯён дохил шуданд. Боиси ифтихор аст, ки бо дарназардошти шаффофияти раванду марҳилаҳои имтиҳонҳои қабул донишкадаи мо аз лиҳози интихоби довталабон пас аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Ин ҳама дастовардҳо маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии мамлакатамон ба даст омад. Дар оянда кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки заҳматамон дар кори таълиму тарбияи кадрҳо ва беҳдошти сифати таълим боз ҳам самараноктар ва беҳтару бештар шаванд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Инъомҷон Аминов.
Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»