Дастовардҳои даврони Истиқлолият

№ 11.08.2020

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон буда, омили рушди босубот дар кишвар ва некуаҳволии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, имкон фароҳам сохт, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар муваффақиятҳои беназир ба даст оянд. Муҳимтарин  дастовардҳоеро, ки замони соҳибистиқлолии кишвар ноил гардидем, чунин номбар кардан мумкин аст:

1.   Давлатдории миллӣ

Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, ба миллати тоҷик имкон дод, ки идораи давлатро ба даст гирифта, муайянкунандаи сарнавишти минбаъдаи худ гардад. Зеро маҳз бо туфайли мустақилияту мухторият ва дар даст доштани умури давлатдорӣ миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон дода, низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодиру арзишманд аст.

2.   Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа

Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои минтақа бе қурбониву талафот ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо сар зада, билохира, ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Хушбахтона, дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз гуноҳи якдигар ба умеди ояндаи дурахшон боло гирифт. Сулҳу ваҳдат пойдор ва тадриҷан осоиштагӣ таъмин гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшида, роҳро барои рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Ҳамчунин, сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода, гурезаҳо ба Ватан баргардонида шаванд ва заминаи воқеӣ барои ҷомеаи амну субот муҳайё гардад.

3.   Арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги миллӣ

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ, шароити мусоид фароҳам овард ва моро водор намуд, ки ба ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгон аҳамияти махсус диҳем. Зеро ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд зикр кард, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму оини миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва ғайра кори зиёд амалӣ шуд. Масалан, баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ ба хотири бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат бо ҷалби олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ аз ҷумлаи онҳост. Ин ҷашнҳо, аз як тараф, ифодагари онанд, ки насли муосир бидонад, ки чунин таърихи воло ва аҷдодони барӯманд дорад ва аз тарафи дигар, омили тақвиятбахшандаи ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии шаҳрвандон зери парчами давлати мустақил бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошад.

4.   Фароҳам омадани заминаи воқеии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

 Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити хуб фароҳам овард. Амалӣ гардонидан ва тақвият бахшидани барномаҳои се ҳадафи стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқаворӣ» ва «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад.

Рушди иқтисодии кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд гардида, ҷойҳои нави кор ба вуҷуд меоянд, ки ба рушди маҳал ва иқтисодиёт беасар нест.

Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард, ба монанди «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб», таҷдиду бунёди неругоҳи бузурги аср — НБО-и Роғун, неругоҳҳои «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим дар амри ҳамгироии ҷомеа мебошанд.

Ба ғайр аз ин, дар сохтори иқтисодиёти кишвар дигаргунӣ ворид ва дар он асоси боэътимоди меъёриву ҳуқуқӣ таъсис дода, фазои муътамади сармоягузорӣ фароҳам оварда шуд.

5.   Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дастовард ва таҷрибаи бузурги истиқлолият

Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ номидан мумкин аст, зеро онҳо ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон нигаронида шуда, ифодакунандаи вазъи воқеии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошанд.

Илова бар ин, паёмҳои ҳарсолаи Сарвари давлат ҷанбаи сафарбаркунанда дошта, ифодагари ҳамон се ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд. Дар онҳо нуктаҳои асосӣ ва масъалаҳои калидии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа зикр шуда, баҳри муттаҳидӣ ва ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа хидмат менамояд.

6.   Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим», пеш аз ҳама, барои барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ мусоидат намуд. Таҷрибаи амалӣ гардидани қонуни мазкур нишон дод, ки дар ҷомеа сатҳи маърифатнокии мардум нисбат ба расму оин баланд шуда, аҳли ҷомеа хурофотро аз маросими воқеан ҳам муҳими милливу динӣ фарқ намуд ва баробарӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа барқарор гардид. Ҳамчунин, дар ин муддат раванди омили тарбиявӣ доштани қонун падид омад, ки метавонад кирдорҳои номатлуби худнамоӣ ва зоҳирпарастиро аз байн барад.

Бояд зикр намуд, ки ҷашну маросим ва анъанаҳо аз насл ба насл омадаанд ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо ҳамчун омилҳои зарурии иҷтимоӣ зуҳур намудаанд. Аксари ҷашну маросимҳо баёнгари арзишҳо ва асолатҳои фарҳангии мо бошанд ҳам, вале онҳоро ба як низоми муайян даровардан ва тибқи талаботи замони муосир амал намудан зарур аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро низ метавон аз ҷумлаи қавонини муҳими даврони истиқлолият арзёбӣ кард. Мақсад аз қабули он тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ буда, волидонро вазифадор намуд, ки ба тарбияи маънавии фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд.

7.   Сиёсати хориҷии Тоҷикистон – сиёсати муваффақ

Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷиро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Хусусан, бо пешбурди сиёсати дарҳои боз, ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Аз ҷумла, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз» мебошад.

Ҳамчунин, дар давоми солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намуд. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ, ба монанди – СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра мебошад.

Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд.

8.   Рушди маориф – дастоварди бузурги сиёсати дохилӣ

Бунёд ва навсозии муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар аз ҷумлаи амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин самт вазифаи асосӣ на танҳо сохтмон, балки ба талаботи замона ҷавобгӯ будан ва муҳайё намудани шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳои техникӣ мебошад. Ҳамаи ин барои тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ мусоидат хоҳад намуд.

9.   Истиқлолият ва таъмини озодии виҷдон

Рушди минбаъдаи давлатдорӣ дар Тоҷикистон як қатор масъалаҳоро дар муносибат бо дин ба амал овард, ки бевосита машрӯияти ин муносибатҳо ба вуҷуд омаданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонро новобаста ба ҷинс, миллат, забон ва муносибат ба дин кафолат медиҳад. Конунҳои дар ин самт қабулгардида бо қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар мухолифат надоранд. Ба ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ мақоми ҳуқуқӣ дода шуд, то ин ки бо риояи қонунунҳои амалкунанда фаъолиятро пеш баранд. Албатта, принсипи конститутcионии давлати дунявӣ водор мекунад, ки давлат аз ташкилотҳои динӣ ҷудо бошад. Ҳамин тариқ, қонунҳои мансуб ба озодии виҷдон дар асоси принсипи муайян ба низом дароварда шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст ва ин ҳуқуқу озодиҳо низ дар асоси принсипи ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат ба роҳ монда шудаанд. Дар асоси Конститутсияи ҷумҳурӣ ва қонунҳои амалкунанда, озодии виҷдон барои ҳар як шаҳрванд кафолат дода мешавад. Ҳар кас метавонад ба ин ва ё он дин пайравӣ кунад ва ё накунад. Дар моддаи 26 Конститутсия чунин омадааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

Ҳамин тариқ, модели ҳамзистии муваффақи пайравони дину мазҳабҳо дар ҷумҳурии мо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардида, пайравони динҳои гуногун ба масҷидҳо ва ибодатгоҳҳои мазҳабии худ озодона рафтуомад мекунанд.

10. Ҷавонон ояндаи миллатанд

Дар даврони истиқлолият таваҷҷуҳи хосса додан ба насли наврас ва ҷавон дастоварди беназири истиқлолият мебошад. Чунки ин насл ояндаи миллат буда, бақои давлату ватан мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаҳо ва консепсияҳо оид ба маърифаткунонии насли ҷавон ҳамчун насли солим ва бомаърифат қабул гардидаанд. Бояд зикр кард, ки соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардида буд.

Ҳамин тариқ, дар даврони истиқлолият дастовардҳо зиёд буда, мо муҳимтаринашонро зикр намудем. Дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ муваффақиятҳои калон ба даст омада бошанд ҳам, вале барои рушди минбаъда корҳои зиёдеро бояд ба анҷом расонд. Дар ин раванд яке аз иқдомҳои муҳим бояд мубориза бо фасод, хурофот ва дигар амалҳои нангин бошад. Танҳо низоми афзалиятноки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи камбизоатии мардум воситаи муҳим барои ба роҳ мондани ислоҳоти бузурги иқтисодӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва тақвияти ваҳдати миллӣ буда, омили муҳиме барои давраи гузариш ба ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Маром ва мақсади ҳар як фарди ҷомеа бояд таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, рушди ҷомеа, ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ бошад.

Меҳрулло НУРУЛЛОЗОДА,

сардори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия

Ҳокимҷон ҲАБИБЗОДА,

муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия