Дастовард ва мушкилоти илми тиб баррасӣ гардид

№ 18.11.2021

Ҳабдаҳуми ноябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Конференсияи 69-уми солонаи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дастовардҳо ва мушкилоти илми фундаменталӣ ва тибби клиникӣ» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), бо иштироки олимон ва табибон аз дохилу хориҷи кишвар доир гардид.

Ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода зимни сухани ифтитоҳӣ гуфт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар макотиби олии кишварро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, дар самти таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ, корҳои муолиҷавию хоҷагидорӣ чорабиниҳои судмандро амалӣ менамояд. Фаъолияти илмиву навоварӣ яке аз меъёрҳои асосии муайян намудани дараҷаи рушду инкишофи муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб меёбад. Маҳз, бо дарназардошти ҳамин омил дар донишгоҳ баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва дар амалияи клиникӣ татбиқ намудани дастовардҳои муҳимтарини олимон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти муассиса қарор дорад.  Ин аст, ки таваҷҷуҳи устодони таълимгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта, шумораи тадқиқотчиёну пажуҳишгарон аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд торафт меафзояд, — гуфт ректор.

Маҳмадшоҳ Гулзода, инчунин, иброз дошт, ки ташкил ва гузаронидани конференсия дар мавзӯи «Дастовардҳо ва мушкилоти илми фундаменталӣ ва тибби клиникӣ» далели густариш додани равобити илмию амалии олимони ватанӣ ва хориҷи дуру наздик мебошад. Ҳадафи баргузории ҳамоиши илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону табибон ва фароҳам овардани шароиту имкониятњои озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассисаҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби муосир ба амалияи тиб мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар конференсия олимон ва ходимони сиёсии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Украина ва Беларус ба тариқи ҳузурӣ ва фосилавӣ онлайн ва офлайн иштирок карданд.

Дар доираи конференсия 6 симпозиум ва 6 сексия дар мавзӯъҳои “Масъалаҳои мубрами дерматовенерология ва косметология: аз инноватсия ба амалия”, “Сироят дар тиб”,”Микроорганизмҳо ва олами муосир”, “Фарбеҳшавӣ ва ғизои солим”, “Масъалаҳои диабети қанд ва аворизи он”,”Проблемаҳои стоматология”, “Проблемаҳои илмҳои фундаменталӣ”, “Ҳаяҷон ва саломатӣ”, “Масъалаҳои мубрами ҷарроҳӣ”,”Масъалаҳои мубрами терапия” ва “Масъалаҳои мубрами педиатрия” баргузор гардид.

Дар конференсия, ҳамчунин дастовардҳои олимони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони шинохтаи кишварҳои ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва клиникӣ, татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ шуданд.

Тавре масъулин ёдовар шуданд, ҳар сол шумораи иштирокчиёни конференсия ва теъдоди мақолаҳои пешниҳодгардида меафзояд. Соли ҷорӣ ба конференсия 1332 мақола пешниҳод гардидааст, ки 232 адади он аз кишварҳои хориҷии дуру наздик мебошад. Дар конференсия 483 мақолаву маърӯзаи илмии олимон баррасӣ гардиданд, ки 106 адади он аз иштирокчиёни кишварҳои ИДМ мебошад.

Маводҳои конференсия дар шакли маҷмӯи маводи илмӣ ба табъ расидааст. Дар доираи он конференсия таҷлили 80 — солагии кафедраҳои “Ҷарроҳии умумии №1 ба номи Қаҳҳоров Абдурауф Носирович”, “Дерматовенерология”, “Микробиология, иммунология ва вирусология” ва 40 — солагии факултети фармасевтӣ таҷлил карда шуд.

Дар конференсия ҳамчунин вазири  маориф ва илми љумњурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффор Муҳсинзода, муовини президенти Академияи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Ғоибов ва намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Аршавский суханронӣ намуданд.

Дар хотима Резолютсия қабул шуд, ки он барои ворид намудани дастовардҳои муосири олимони ҷаҳонӣ ва ватанӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

“Садои мардум”