Ҳоло дар матбуот пешниҳоди назарҳо баҳри ноил гардидани шахсони сазовор ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино идома дорад. Муҳаққиқону коршиносон кӯшиш намуда истодаанд, ки беҳтарин арзишҳоро баҳри такомули ташаккулу фазои илмии кишвар тарғибу ташвиқ намоянд.
Яке аз довталабони ин ҷоиза муҳаққиқи варзида, академики Академияи илмҳои кишоварзӣ, президенти АИКТ Нуралӣ Асозода мебошад. Ӯ ҳама қувваю малакаро ба тарҳрезӣ ва тарғибу тадбиқи навгониҳои илму таҷрибаҳои пешқадам баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус хокшиносӣ, дар самти роҳҳои самарабахши пешгирии таназзулёбии хокҳои Тоҷикистон ва истифодаи устувори онҳо дар амалия сарф намудааст. Далел бар ин андеша монографияи таълифнамудаи ӯ «Раванди ҷараёнҳои эрозионӣ дар заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирӣ намудани он» мебошад, ки тавассути нашрияи «Эр-граф» дар ҳаҷми 431 саҳифа соли 2011 ба нашр расидааст. Муҳтавои он гуногунпаҳлу буда, нашраш на танҳо қимати назариявӣ, балки аҳамияти калони амалӣ низ дорад.
Тақвияти андеша он аст, ки ҳар сол таъсири антропогенӣ ба табиат афзуда истодааст. Ҳоло 55 дарсади кураи замин аз тарафи инсон аз худ карда шудааст. Ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон 33 дарсадро ташкил медиҳад. Далели зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки таназзулёбии табиат кураи арзро фаро гирифтааст. Феълан дар олам мавзее нест, ки дар он таъсири зишти инсон эҳсос нагардида бошад. Муаммоҳои ин масоил муҳаққиқро водор намуда, ки ба таҳқиқ ва роҳҳои устувори истифодабарии заминҳо таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Хусусияти ин асар, аввалан, дар он аст, ки муаллиф аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ масоилро таҳлилу таҳқиқ намуда, баъдан, бо далелу санадҳои муътамади илмӣ муаммоҳои сарбастаро дар сатҳи ҷумҳурӣ тавзеҳу ташреҳ додааст. Умуман, дар асар назару андешаҳои олимони касбӣ дар сатҳи академӣ мавриди натиҷагирӣ қарор дода шудааст. Қобили зикр аст, ки то соли 1973 дар Тоҷикистон 67 фоизи заминҳо дар ин ё он сатҳ ба эрозия гирифтор гардида буданд. Ин ҷараён то ҳол бемайлон идома дорад. Ин далелу андешаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки асар дар асоси далелҳои сатҳи академӣ таълиф гардида, андешаҳои муаллиф чун замима бо харитаю диаграммаҳо тасвиран ифода ёфтааст. Корҳои пешниҳоднамудаи муаллиф ҷамъбасти тадқиқотҳои муҷтамавӣ буда, барои ҳалли масъалаҳои муҳими афзалиятноки стратегӣ – коркарду пешниҳоди роҳҳои самарабахши пешгирии таназзулёбии хокҳои Тоҷикистон ва истифодаи дурусти онҳо бахшида шудааст. Дар асоси тадқиқотҳои бисёрсола омилҳои табиӣ ва антропогении пайдошавии таназзулёбии хокҳои ҷумҳуриро муайян намуда, аз нигоҳи таҳлили системавӣ ва методологӣ ҷариҳоро классификатсия (тасниф) намудааст. Чунон ки мегӯянд, беҳтарин арзишҳои илмиро таблиғу ташвиқ намудан беҳтарин кори хайр барои насли оянда мебошад.
Академик Н. Асозода ҳам кор мекунаду ҳам корро ба дигарон меомӯзонад. Аз ин ҷиҳат андешаҳои ӯ бисёр ибратомӯз ва шоистаи пайравист. Саҳми ӯ дар пешрафти илми кишоварзӣ назаррас мебошад. На танҳо олими хокшинос, балки ҳамчун ташкилотчии корҳои илмию тадқиқотӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он низ шинохта шудааст. Зиёда аз шаш сол мешавад, ки дар вазифаи президенти АИКТ фаъолият намуда, дар ин муддат бо ҳамтоёнаш бо дигар кишварҳо созишномаҳо ба тасвиб расонида, бозомӯзии кадрҳоро баҳри ташаккул додани фазои илмии кишвар ба роҳ мондааст. Дар ин вазифа имкониятҳоро пурмаҳсул истифода бурда, андешаҳои нависандаи бузурги рус Л. Н. Толстойро сармашқи кор қарор дода, пайваста иброз менамояд, ки «Агар ба касе кори наку карданӣ бошӣ, ҳоло бикун, зеро вақт меравад, он боз барнамегардад».
Умед дорем, ки асари илмии зикршуда сазовори ҷоиза мегардад.
Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масоили экологӣ