Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастурамале, ки мушкилотро рафъ намуда, фаъолиятро беҳбуд мебахшад

№52 (4635) 12.04.2023

877323-юми декабри соли 2022 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди муваффақи сиёсати хориҷӣ ва соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иҷрои вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд. Аз ҷумла зикр намуданд: «Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад».

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат, роҳбарону кормандони соҳаҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо баҳри соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, чораҷӯӣ намоянд. Ҳамчунин, дастур доданд, ки ба беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва занону бонувон, тадбирҳои фаврӣ андешида шавад.

Дар ҳақиқат, дигаргунӣ ва навовариҳои дунёи илм ва технология дар замони муосир, ислоҳоти соҳаи илму маориф ва боло бурдани сифати таҳсилотро тақозо менамояд, зеро тамоми дастовардҳои илмиву техникии башарият аз рушди устувори соҳаи маориф сарчашма мегирад.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба рушди маориф, маърифатнокии насли ҷавон, бунёди макотиби замонавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Барномаи идоракунии сифати таҳсилот қабул гардидааст, ки имконият фароҳам меорад, то таълим ба сатҳи баланд расонида шавад ва мувофиқати натиҷаҳои таҳсилот ба талаботи истифодабарандагон таъмин гардад.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикис­тон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, рушди илми тиб ва таҳким бахшидани солимии ҷомеа нақши назаррас дорад. Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ ба мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳсилоти босифат ва саҳм гузоштан дар рушду таҳкими соҳаи тандурустӣ пайвас­та талош менамояд.

Барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23- юми декабри соли гузашта дар бораи беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ироа гардид, тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Барои ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мукаммалсозию мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ, ҷараёни таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосир ва усулҳои эътироф­гардидаи сатҳи байналмилалӣ самти афзалиятнок муайян гардида, барои замонавӣ гардидани низоми таҳсилот ва сифатнокии он марҳила ба марҳила ибтикори зарурӣ амалӣ мегардад. Дар натиҷаи мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот, системаи таҳсилоти донишгоҳ муосир гардида, усулҳои ҷадид дар таълиму тарбия роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълимро тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ — коммуникатсионӣ ва низоми кредитии таълим ба роҳ мондааст. Дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани он ба талаботи бозори меҳнат ва стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳо андешида, кормандони он бо назардошти стандартҳои таҳсилоти милливу байналмилалӣ барои омода намудани кадрҳои салоҳиятнок, ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ва мусоидат дар инкишофи иқтидори кад­рию илмии соҳаи тандурустии мамлакат рисолати худро иҷро намуда истодаанд. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, мактабҳои соҳавӣ, дастовардҳои таълимӣ, илмиву эҷодӣ ва табобатии худ боиси ифтихори миллати тоҷик гардидааст. Роҳбарияти донишгоҳ барои иҷрои вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон дар назди масъулони соҳаи маориф ва тандурустӣ гузоштанд, бо тарҳрезии нақшаҳо ва ҳадафҳо талош менамояд.

Бо дарки муҳимияти самти илму маориф, тандурустӣ, барои татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони ниҳодҳои дахлдори давлатӣ вазифадоранд, ки дар раванди қабул ва татбиқи барномаҳои таълимӣ аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон истифода карда, талош намоянд, ки аз раванди рушди илму маориф, тандурус­тӣ ва технологияи пешрафта дар канор намонанд.

Метавон гуфт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли масоили ҳалталаби ҷомеа, роҳҳои ҳалли он ва рушди босуботи мамлакат дақиқ матраҳ шуда, нишондодҳои он аз ҷониби ҷомеа бояд чун дастурамал истифода шаванд.

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино,

профессор