Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат бо мазмуну муҳтаво ба сӯи фардои нек ҳидоят менамоянд. Бардошт аз Паёми имсолаи Пешвои миллат моро аз ҳарвақта бештар вазифадор месозад, ки дар амри худшиносию худогоҳӣ устувор монда, ба рушди минбаъдаи ҷомеа таҳким бахшем.
Президенти мамлакат, бо дарназардошти вазъи мураккаб дар ҷаҳон, таъкид намуданд, ки мутобиқи пешгӯиҳои коршиносону таҳлилгарон ва хулосаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, соли 2021 аз бисёр ҷиҳат вазнин хоҳад буд, вале суханони боэътимодашон боварии мардумро ба ояндаи неку дурахшони Тоҷикистон қавитар сохтанд. Чунончӣ: «Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда (пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон), дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои микроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд».
Ҳар як ҳамватанро ин суханони Пешвои миллат, ки эътибор ва обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъкид менамоянд, шод мегардонад: «Дар ин раванд, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардиданд».
Яке аз самтҳои хеле афзалиятнок, ки Президенти кишвар ҳамеша ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, соҳаи илму маориф мебошад, ки дар меҳвари доимии сиёсати Давлату Ҳукумат қарор дорад. Сарвари давлат дар Паёмашон таъкид намуданд: «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем».
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев зодаи Истиқлолияти давлатӣ мебошад ва дар тӯли мавҷудияташ зери назорату ҳимояти доимии Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат қарор дорад. Таъкид кардан зарур аст, ки соли 2020 донишгоҳ аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия гузашта, барои пешбурди фаъолият то соли 2025 иҷозатнома гирифт. Он дорои ҳашт факултет буда, аз рӯи 58 ихтисос, аз ҷумла 36 ихтисоси омӯзгорӣ ва 22 ихтисоси соҳавӣ, мутахассисонро омода менамояд. Дар он чор ихтисоси нав — журналист-тарҷумон, ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷҷати идора, иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ, таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна кушода шуданд, ки аз таваҷҷуҳу ғамхории Давлат ва Ҳукумат далолат мекунанд.
Таърихи башарият собит намудааст: халқе, ки ба маорифу фарҳанг таваҷҷуҳ намекунад, оянда надорад. Дар робита бо ин, бояд зикр кард, ки ҳама шоҳиди ҳолем, ки ҳар сол дар мамлакат даҳҳо мактабу донишгоҳ ва муассисаҳои фарҳангӣ сохта ё тармим карда мешаванд, миқдори омӯзишгоҳу муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва шумораи донишҷӯён сол аз сол зиёд мегардад.
Агар аз замони таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев то ҳол ба таври қиёс назар кунем, тафовут назаррас аст ва он ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам мазмун, пешрафту рушди таълимгоҳро бозгӯӣ менамояд. Дар ибтидои таъсис донишгоҳ хобгоҳ надошт. Ҳоло хобгоҳи барҳаво дар хизмату ихтиёри донишҷӯён қарор дорад, ки барои зист ва омодагӣ ба дарсҳо кумак мерасонад.
Ташкил шудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» барои ҷалби таваҷҷуҳи толибилмону донишҷӯён ва қишрҳои дигари ҷомеа ба китоб ва мусиқӣ беҳтарин восита гардида, ҷамъбасти озмунҳо бори дигар собит намуд, ки лаёқатмандону истеъдодҳои бузург дар кишвар зиёданд.
Таъсис ёфтани озмуни дигари ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм-фурӯғи маърифат» бо мақсади боз ҳам хубтар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон исботи ин андеша аст, ки давлат баҳри рушду такомули илму маориф ва фароҳам овардани имкону шароит барои маърифатнокии мамлакат дар талошу кӯшиши ҳамешагӣ мебошад. Ин иқдоми Сарвари давлат, аз як тараф, барои дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ тайёр кардани донишҷӯёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам орад, аз ҷониби дигар, таълими ин фанҳои зарурӣ минбаъд боз ҳам бештар мадди таваҷҷуҳи Ҳукумат ва раёсати донишгоҳҳои мамлакат қарор мегирад, ки мутобиқ ба талаби замони муосир аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди мамлакат аз рӯйи чор самти инкишоф саъю кӯшишро равона сохта, барои амалӣ гардидани онҳо барномарезӣ менамояд. Чунон ки маълум аст, ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, хеле зарур хоҳад буд, ки ба таълиму тадриси фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад ва мебояд шароити хуби корӣ муҳайё созему дар амалӣ сохтани саноатикунонии кишвар нақши ҳалкунанда гузорем. Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланд ташкилу гузаронидани озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» бояд аз имконоти дастрас истифода кард, то ин ки натиҷаҳои беҳтарин ба даст оварда шаванд. Барои ғолибони озмунҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаҳо таъсис намудаанд, ки ғамхории ин абармарди миллат дар ҳаққи шахсони соҳибистеъдод мебошад.
Дар Паём, ҳамчунин, омадааст: «Охири соли гузашта барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд». Ин иқдоми Пешвои миллат олимону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро рӯҳбаланду вазифадор менамояд, ки дар иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дучанд заҳмат кашида, навоварию ихтироотро ба роҳ монда, дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ фаъолият намоянд. Яъне, бо ин васила метавон барои оламиён собит сохт, ки халқи илмдӯсту фарҳангпарвари тоҷик аз давраҳои пеш ин таҷрибаро дошт ва чеҳраҳои хеле маъруфи соҳаи илму фарҳанг онро ба ҷаҳониён додаанд.
Дар донишгоҳ, баробари донишҷӯён, инчунин, магистрҳо ва докторантҳо таҳсил мекунанд. Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қисмати муҳассилини муассисаҳои олии мамлакат низ эътибори хоса дода шуда, таъкид гардидааст: «Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯён, магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад». Ин ғамхории Сарвари давлат дар ҳаққи унвонҷӯён маҳсуб гардида, ба хотири таъмини беҳтари ҳаёти иҷтимоии ин гурӯҳи таълимгирандагони мактабҳои олӣ ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои илмӣ роҳандозӣ шудааст.
Масъалаи дигаре, ки раёсати донишгоҳ ният дорад онро амалӣ созад, ташкили идомаи таҳсили беҳтарин донишҷӯён дар донишгоҳҳои маъруфи кишварҳои хориҷ мебошад. Дар Паём таъкид гардидааст: «Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳар чӣ бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021-2030»-ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд».
Нуктаи дигари хеле муҳим, ки дар Паёми Пешвои миллат садо дод ва ҳушдор медиҳад, он аст, ки гурӯҳҳои хатарноки замони муосир — экстремизму терроризм ва инчунин, қочоқи силоҳи инсонкуш, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир башариятро ба ташвиш овардааст. Дар ин бобат Пешвои миллат зикр намуданд: «Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ доштанд, даст накашидаанд».
Ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки аз ҳар роҳу восита, алалхусус, шабакаҳои интернетӣ, истифода бурда, ҷавононро зери таъсир гирифта, онҳоро ба созмонҳои манъшуда ҷалб созанд.
Маълум аст, ки донишҷӯёни донишгоҳҳо ҷавонон мебошанд ва гурӯҳҳои хатарзо маҳз ба ҳамин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ доранд ва мехоҳанд онҳоро зери таъсир қарор диҳанд. Чаро? Аз як тараф, ин қишри ҷомеа ҳанӯз аз асолати ҳаёт пурра огоҳӣ надошта, ҳар гуна ташвиқотро бе таҳлилу баррасӣ, ҳамчун ҳақиқату соҳибони ин ташвиқотро чун ватандӯст қабул мекунанд, аз ҷониби дигар, дониши нокифояи сиёсӣ имкон намедиҳад, ки онҳо ҳар гуна масъалаҳоро зуд дарк намоянд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба таълиму тарбияи донишҷӯён хеле ҷиддӣ муносибат намуда, онҳоро аз ҳадафҳои нопоки ин гурӯҳҳо огоҳ созем. Бар замми ин, онҳоро бояд раҳнамун кунем, ки аз шабакаҳои интернетӣ огоҳона истифода намоянду андешаҳои ғаразнокро аз ҳақиқат ҷудо карда тавонанд, ба суханҳои иғвоангез ва тафриқаандоз, ки ба он либоси «насиҳат»-у «ҳақиқат» мепӯшонанд, таваҷҷуҳ ва бовар накунанд.
Ҳамин тариқ, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи пешрафти имрӯзу фардои кишвар мебошад ва татбиқи он аз ҳар сокини Ватан масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд.
ЮСУФЗОДА Гулзорхон Амиршоҳ,
ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор