Мусоҳиба бо директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода
-Аксар дастовардҳои кишвари мо ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рабт дорад. Нақши иҷлосияи мазкур дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон чӣ гуна аст?
-Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар давлати мо гардиши куллиро ба вуҷуд овард гӯем, хато намекунем. Тоҷикистон 24-уми августи соли 1990 эъломияи соҳибистиқлолӣ ва 9-уми сентябри соли 1991 эъломияи Истиқлолияти давлатиашро эълон кард.
Соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд. Вазъият бениҳоят вазнин буд. Мақомоти давлатӣ қариб аз фаъолият монда буданд. Вакилон маҷбур шуданд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд даъват кунанд. Дар он вақт кам касон бовар доштанд, ки Тоҷикистон аз нав ба сулҳу салоҳ мерасад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз мешаванд ва мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ҳалли худро меёбад. Хушбахтона, иҷлосияи таърихӣ ҳамин мушкилотро аз нуқтаи назари тактикӣ ва стратегӣ дуруст рафъ кард, ки дастовардҳои он хеле зиёд аст.
Агар се дастоварди бузургро ба назар гирем, якум интихоби дурусти роҳбари сиёсӣ буд, чунки вазъият як шахсиятеро ба сифати роҳбар тақозо мекард, ки тавонад ҳама қувваҳоро атрофи худ муттаҳид кунад. Кори дуруст шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Роҳбари давлат интихоб карданд.
Дуюм, масъалаи ҳар чӣ зудтар барқарор кардани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муайян кардани шоҳроҳи давлатдории мо буд. Яке аз омилҳои асосии ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон набудани дурнамои давлатдории ояндаи тоҷикон буд. Як қисм давлатеро бо фарҳанги сиёсии исломӣ ҷонибдорӣ мекарданд, баъзеи дигар ҳанӯз ба давлатдории шӯравӣ умед доштанд, боқимонда навгаро ва тарафдори давлати ҷадид буданд. Дар ҳамин иҷлосия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карданд, ки роҳи ояндаи мо ба сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба самти бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд аст. Бо муайян намудани ин роҳ Роҳбари мамлакат мақсад ва ҳадафи давлати Тоҷикистонро ба сӯи ҷомеаи адлпарвар эълон намуданд.
Сеюм, масъалаи муносибати Роҳбари давлат ба ваҳдати миллӣ буд. Агар ду омили аввал намебуд, ваҳдати миллӣ таъмину устувор намегардид. Бинобар ин, нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон тавассути муайян кардани шоҳроҳи давлатдорӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баъдан, қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст.
-Боби 2 Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст. Боз кадом санадҳо ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба танзим медароранд?
-Бале, боби 2-юми Конститутсия моддаҳои 14- 47 ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст. Дар моддаи 5 муқаррар шудааст, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Дар қисми 2 моддаи 14 бошад, таъкид шудааст: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».
Баъд аз эълон шудани чунин меъёр дар Конститутсия ҳар тағйироте, ки баъдан дар самти танзими манфиатҳои ҳуқуқи инсон рух медоданд, бешак, ба Конститутсия такя менамуданд. Конститутсия, ки таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия шуд, ин ҳама дастовардҳоро ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бевосита васл мекунад. Иҷлосияи таърихӣ роҳро муайян кард. Роҳбареро, ки метавонад, ҳамин арзишҳоро арҷ гузорад, ба майдони сиёсат овард. Ҳуқуқу озодии инсон дар Конститутсия ҳамчун принсипи конститутсионӣ ҷой дода шуд, ки баъдан ба тамоми низоми қонунгузории кишвар таъсир расонд. Ин принсип дар моддаҳои 5 ва 14 Конститутсия аниқ муайян шудааст, ки мазмун ва моҳияти фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, раванди қонунгузориро асли ҳуқуқ ва озодии инсон ташкил мекунад.
Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ», низоми қонунгузории Тоҷикистон аз Конститутсия, қонунҳои бо роҳи раъйпурсӣ қабулшуда, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳо иборат мебошад. Инчунин, сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон баъд аз Конститутсия ва қонунҳои бо роҳи раъйпурсӣ қабулшуда неруи ҳуқуқӣ доранд. Яъне, ҳар санади меъёрӣ — ҳуқуқӣ вобаста аз мазмуни муносибати ҷамъиятӣ имкон дорад, паҳлуҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсонро танзим намояд. Дар тамоми сарчашмаҳои ҳуқуқ, вақте сухан дар бораи инсон меравад, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои он дар доираи муқаррароти Конститутсия муайян мешавад.Масалан, дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ё Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон муайян шудааст. Ҳуқуқҳои иқтисодии шаҳрвандон дар Кодекси гражданӣ, ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқҳои оилавӣ дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ба озодии сухан дар қонунҳои соҳаи нашриётию иттилоотӣ, ки зиёда аз 10 адад мебошанд, муайян шудааст.
-Оё ҳуқуқу озодиҳои инсон мутлақ аст?
-Мутлақ нест. Мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ танҳо ду ҳуқуқи инсон мутлақ аст: яке ҳуқуқи озодӣ аз ғуломӣ ва дигаре озодӣ аз шиканҷа. Яъне, ин ду ҳуқуқу озодӣ дар ҳеҷ як сурат маҳдуд ва дар ҳеҷ як ҳолати дигар лағв намешаванд. Дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар ҳолатҳои муайян дар ҷомеаи демократӣ таҳти таъсири қонунҳо имкони маҳдуд шуданро доранд. Мутобиқ ба талаботи қисми 3 моддаи 14 Конститутсия: «Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Яъне, вақте ҳаракатҳои шахс, ки ғолибан барояш ҳамчун ҳуқуқу озодиҳо менамоянд, вале дар асл онҳо сарҳади қонунҳоро убур карда, ба арзишҳои ҳимояшавандаи ҷомеа ва давлат таҳдид мекунад, тавассути қонунгузорӣ чунин амалҳо маҳдуд мешаванд. Қонунгузор ҳам дар меъёрҳои муайян ҳамин принсип ва аслро ҳамчун сарҳади ногузири ҳуқуқу озодиҳо ба назар мегирад.
-Мутобиқи моддаи 26 Конститутсия, «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Мехоҳам суҳбатро доир ба озодии виҷдон ва эътиқод давом диҳем…
-Як категорияи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳуқуқу озодии виҷдон ва эътиқод аст, ки дар моддаи 26 Конститутсия муқаррар шудааст. Ҳамин ҳуқуқ ва озодӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки соли 2009 қабул шуд, мушаххас танзим шудааст. Қонунгузории мо имкон фароҳам овардааст, ки ҳар шахс муносибаташро бо дин мустақилона муайян кунад. Ин принсип бо назардошти моддаи яки Конститутсия, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон кардааст, амалӣ мешавад. Яъне, ҳар кас дар доштан ва муаррифии эътиқоду динаш дар Тоҷикистон озод аст. Дунявияти Тоҷикистон маънои онро дорад, ки муносибати шаҳрвандон бо дин озод аст. Яъне, давлат эълон мекунад, ки ман ба корҳои озодии виҷдон ва эътиқоди шумо дар чорчӯбаи қонунгузорӣ дахолат намекунам, аз дин пайравӣ кардан ё накардан кори шахсии ҳар инсон аст. Озодӣ додан ба шахс нисбат ба интихоби дин ва эътиқод озодии виҷдонро таъмин кардан аст. Моддаи 26 Конститутсия озодии эътиқод ва виҷдонро эълон кардааст ва маҷбур намудани касеро дар интихобу пайравӣ ба он ва ё дахолат ба мазмуни онро манъ намудааст. Ҳамин озодиро эълон кардани Конститутсия худ меъёри башарӣ аст. Дар Эъломияи ҳуқуқи башар ва Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ ин ҳуқуқу озодиҳо дарҷ шудаанд. Дар заминаи меъёри Конститутсия ва қонун имрӯз дар кишвар зиёда аз 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ фаъолият мекунанд.
Замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид буд, ҳоло беш аз 4000. Донишкадаи исломӣ таъсис ёфт. Адои маносики ҳаҷ дар кишвар иҷозат дода шуд. Шаҳрвандон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ рукнҳои динро озодона иҷро мекунанд. Ин нишонаи он аст, ки қонунгузорӣ шароити мусоид барои амалӣ шудани ҳуқуқ ва озодии эътиқодии шаҳрвандон фароҳам овардааст.
Замони шӯравӣ қисмати зиёди мутафаккирон ва осори гаронбаҳои онҳо аз омӯзиши насли ҷавон бо ҷурми хосияти динӣ доштанашон дур монда буданд. Мисол, омӯхтани осори шахсиятҳое чун Фаридаддини Аттор, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ ва дигарон қатъиян манъ буд. Ҳамин тавр, бисёр асарҳои классиконро бо сабаби хусусияти динӣ доштан нашру хондан мумкин набуд. Ҳоҷат ба шарҳи вазъи интишори китобҳои динӣ он вақт набуд. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ китоби «Қуръон» ду маротиба аз ҷониби Роҳбари давлат бо теъдоди зиёд бо забони тоҷикӣ нашр шуд. 1310-солагии Имоми Аъзам дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта, ба миллат мазҳаби аҷдодӣ илман шиносонда шуд.
-Моддаи 8 Конститутсия муносибати равияҳои гуногуни сиёсӣ, ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро бо давлат танзим менамояд…
-Мувофиқи қисми яки моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи равияҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ арҷ мегузорад. Ягон равия ва андешаи сиёсиро аз дигараш баландтар намегузорад ё ягон мафкураро дар сатҳи давлатӣ эълон намекунад, аммо дар ҳамин ҷо бояд қайд кард, ки Конститутсия доштани мафкура ва ғояҳои созандаро барои миллат ва давлат инкор наменамояд, баръакс майдони коркарди чунин мафкураи озоду созандаи вобаста ба шароит рушдкунандаро масъалагузорӣ менамояд. Ҳамон андешае дар ин рақобати озод мавқеъ касб мекунад, ки аз ҷониби омма қабул ва эътироф шавад ва дар давраи муайян ба фоидаи давлат ва ҷомеа хизмат карда тавонад. Бузургии ин принсипи гуногунандешӣ — плюралистӣ дар он аст, ки дар идораи давлатҳои демократӣ намегузорад, ки як идея ба сифати мафкураи ғосиб баромад намояд.
Озодии виҷдон танҳо ҳуқуқ нест, вай аслан ба категорияи озодӣ бештар дахл дорад. Давлат ба ҳуқуқҳо имкони таъсиррасонӣ дорад, мисол ҳуқуқ ба таҳсилро агар кӯдак риоя накунад, ӯро маҷбур ба дарс мебаранд, падару модарашро ҷазо медиҳанд, аммо дар масъалаи озодӣ бошад, давлат танҳо шароит муҳайё мекунад, наметавонад, ки каси боварнадоштаро маҷбур намояд, ки вай ба дине эътиқод намояд ё масҷид намерафтаро ба масҷид иҷборӣ барад. Вақте шумо озодии виҷдон ва эътиқод доред, давлат ба онҳо арҷ мегузорад, танҳо тибқи қонун масъала мегузорад, ки аснои амалӣ намудани ин ҳуқуқи шахсии худ ба дигар ҳуқуқу озодиҳо ва арзишҳои муҳофизатшудаи ҷамъиятӣ ва давлатӣ зарар нарасонед. Фарқи озодӣ аз ҳуқуқи инсон дар он аст, ки дар озодӣ дахолати давлат дида намешавад. Ҳамин тавр озодӣ он аст, ки давлат шуморо гуфта наметавонад, ки мусулмон бошед ё насоро, чунки ин озодии шумост. Вақте дар амалӣ кардани озодиҳо қонун вайрон мешавад, давлат пеши роҳро мегирад, то ҳуқуқу озодиҳои дигарон поймол нашавад. Озодӣ бояд дар доираи талаботи қонун, меъёрҳои ахлоқӣ ва манфиатҳое, ки ба дигарон зарар нарасонад, вуҷуд дошта бошад. Бинобар ин, масъалаҳои мазкур дар Конститутсия ва қонунҳои соҳа хеле хуб танзим шудаанд.
-Конститутсияи Тоҷикистон яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад. Дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон низ меъёрҳои он башардӯстонаанд. Оё талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро танзим мекунанд ба таври зарурӣ татбиқ мешаванд?
-Масъалаи иҷборӣ татбиқ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар муносибат бо субъектҳое, ки онҳоро вайрон мекунанд, вобаста аз ҳолати вайроншавӣ ва табиати ҳуқуқвайронкуниҳо ба муҷозоти интизомӣ, маъмурӣ, шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ таъмин мегарданд. Дар ҳолатҳое ки ба зиёдаравии ҳуқуқу озодиҳо роҳ медиҳанд, бо усули маҳдуднамоиҳо пеши роҳи онҳо гирифта мешаванд. Ҳар дуи ин омил ба сатҳи шуури ҷамъиятӣ ва маданияти ҳуқуқии ҷомеа вобастагӣ доранд.
Дар 31 соли давлатдорӣ дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва амалӣ шудани принсипҳои конститутсионии давлатамон корҳои зиёд ба сомон расиданд. Ҳанӯз мо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба он шарти идеалие, ки Конститутсия муайян кардааст, нарасидаем. Дар ҳамин роҳ рафта истодаем. Албатта, мушкилот дорем, аммо онҳо хусусияти замониву маконӣ доранд. Давлатҳое, ки худашонро демокративу намуна муаррифӣ мекунанд, таърихи зиёда аз 250-сола доранд.
Мо бояд кӯшиш кунем, ки Конститутсияро хуб донем. Агар ҳар як ҳуқуқшинос Конститутсияро донад, заминаҳои ҳуқуқӣ, принсипу аслҳои онро хуб дарк кунад, кори иҷрои қонунҳо ба ҳамон андоза беҳтар хоҳад шуд. Асоси ҳамаи низоми қонунгузории мо Конститутсия аст. Агар мо ҳамаи низоми қонунгузориро донему Конститутсияро надонем, хато мекунем, вале ҳамаи қонунгузориро надонему Конститутсияро донем, пас мо низоми ҳуқуқиамонро дарк кардаем. Вақте ҳар шаҳрванд эҳсос мекунад, ки ҷавҳари Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон аст, ҳатман дар муносибатҳои фардию ҷамъиятиаш нисбат ба инсон арҷ мегузорад, манзалати ӯро қадр мекунад. Мақсад ва ҳадафи давлати демократии мо низ ҳамин таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар шаҳрванд аст.
Агар муқаррароти Конститутсия ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор диҳем, албатта ба дастовардҳои бештар ноил хоҳем шуд.
Мусоҳиб
Шарифи СОЛЕҲ,
«Садои мардум»