ДДК дар тарбияи мутахассисони варзида минбаъд ҳам саҳми сазовор мегузорад

№152 (4258) 19.12.2020

Мирализода А. (1)Соли равон аз таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (ДДК) ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 75 сол пур шуд. Ба ин муносибат мусоҳибаи хабарнигори рӯзнома бо ректори он, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо пешкаш мегардад.

- Кӯлоб яке аз шаҳрҳои қадим ба ҳисоб меравад, — ба суҳбат оғоз намуд Мирализода Абдусалом Мустафо. — Асрҳои пешин дар он мактабу мадрасаҳо фаъолият доштанд, аммо на ҳар кас метавонист дар онҳо таҳсил кунад. Зеро сифати таълимашон мисли мадрасаҳои шаҳри Бухорои шариф ба талабот ҷавобгӯ набуд. Аз ин рӯ, қисми зиёди аҳолӣ, ки хоҳиши соҳибмаълумот шуданро доштанд, наметавонистанд ормонҳои хешро пурра амалӣ гардонанд. Ва онҳое, ки ба илмомӯзӣ машғул мешуданду барномаи мадрасаҳоро аз бар менамуданд, ба ҷуз масоили фиқҳи ислом фанни дигареро намеомӯхтанд. Барои оммаи васеъ танҳо баъди ташкил шудани Ҳукумати Шӯравӣ шароити созгори таҳсил ва соҳибкасб шудан фароҳам омад.

Ҳамин тавр, 2 июни соли 1940 қарори Шӯрои комиссарони халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҳти № 124 «Дар бораи дар заминаи Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таъсис додани Донишгоҳи давлатии муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб» ба имзо расид. Аммо он амалӣ нашуд. Аниқтараш, Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) барои фаъолияти он халал расонид. Сипас, 15 августи соли 1945 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб» ба тасвиб расид ва ба қабули донишҷӯён шурӯъ намуд. Он вақт се факултет: таъриху филология, табиатшиносию ҷуғрофия, математика ва физика дошту Раҳмон Каримов ректор таъин шуд. Ва азбаски натавонист талаботи мактабҳои минтақаи Кӯлобро бо омӯзгорон таъмин намояд, 7 августи соли 1953 Вазорати маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи барҳам додани Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб ва дар заминаи он ташкил намудани Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ дар соли хониши 1953-1954» қарор қабул намуд. Ба ҳамин минвол, Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб аз 24 июли соли 1992 бо қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва аз 24 апрели соли 2009 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ шуд.

- Гумони ғолиб бар он аст, ки дар тӯли сеяк аср донишгоҳ бояд дастпарварони номвари зиёд ба воя расонида бошад…

- Замони Иттиҳоди Шӯравӣ дастпарварони донишгоҳ бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Мастчоҳ, Айнӣ, Файзобод, Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, ки дар бархе аз мактабҳои онҳо муаллим намерасид, рафта, ифои вазифа менамуданд. Дар баробари ин, аз он шаҳру ноҳияҳо ҷавонони зиёд барои таҳсил ба таълимгоҳ меомаданд.

Дар маҷмӯъ, тӯли солҳои фаъолият ДДК зиёда аз 40 ҳазор мутахассисро ба камол расонид, ки бархе аз онҳо умрашонро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намуданд. Дар робита ба ин месазад номи академик С. Каримов, узви вобастаи АМИ ҶТ М. Раҷабӣ, докторони илм, профессорон А. Раҳимов, И. Арабов, К. Қодиров, Р. Назаров, М. Абдураҳмон, Р. Акбаров, А. Ҳабибулло, Ҷ. Шарифов, А. Паҳлавонов, Р. Саидов, И. Икромов, С. Сабзаев, Т. Шукуров, М. Абдуллоев, А. Нозимов, М. Хидирзода, Н. Солеҳов, Р. Салимов, Н. Назаров, А. Қурбонов, А. Кӯчаров, А. Ҳалимов, Г. Ҳоҷиматова, шоиру нависандагон А. Сафар, Ҳ. Ғоиб, С. Аюбӣ, М. Ғоиб, С. Ҳакимзода, С. Раҳмон, С. Амирхон, К. Давлат, Х. Вализода, ҳунармандон О. Ҳошим, Б. Азизов, А. Комилова, Ҷ. Сафаров, О. Умурзоқов, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ Н. Абдулҳақов, С. Мирзошоев, Л. Қармишев, И. Қурбонов, генералҳо А. Азимов, С. Ятимов, Н. Назаров, Д. Бобоев, Ш. Салимов, А. Саидшарифов, хизматчиёни давлатӣ Қ. Рустамова, С. Салимов, И. Маҳмудов, Ҳ. Раҳимов, Л. Насриддинова, С. Валиев, олимону омӯзгорони соҳибтаҷриба ва кордон чун профессорон М. Ибодов, С. Мирзоев, И. Ғуломов, Ҷ. Алимӣ, А. Ҳалимов А. Иззатова, дотсентон Д. Расулов, К. Иззатуллоев, Ғ. Мирзоев, Н. Расулов, М. Набиев, А. Алиев, С. Абдулвоҳидов, Г. Иброҳимов, Д. Сайдалиев, Қ. Сангов, Э. Пирназаров, Ш. Худойдодова, Н. Ашӯрова, З. Холиқова, Ф. Гулмадов, М. Абдураҳмонова, С. Маҳдиев, К. Маҷидова, Н. Давлатова, С. Раҳимова, Ф. Файзуллоева, З. Самариддинова, Д. Исоева ва дигаронро ном гирифт, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият намуда, барои рушду нумӯи кишвар саҳми сазовор гузоштанд ва хоҳанд гузошт.

Инчунин, бояд зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз тарафи Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф, хусусан, ба ДДК барои хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи мутахассисони варзида шароити беҳтар муҳайё гардид. Барои тақвияти фикр метавон гуфт, ки панҷ сол пеш бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2014 таҳти №565, ҳафтодсолагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2015 бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Он рӯзи таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои зебои маъмурию таълимии кунунии муассисаро ба ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён аз номи Ҳукумати мамлакат туҳфа намуданд.

Гузашта аз ин, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф нақши калидӣ дошта, барои рушди он пайваста чораву тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд. Ҳамин аст, ки сол то сол пешрафти илму маорифи кишвар, хусусан рушди илмҳои техникӣ ва заминаи назариявии соҳаи истеҳсолоти ватанӣ ба назар мерасад. Дар ин замина, Пешвои миллат зимни вохӯрӣ бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маориф 18-уми марти соли 2020 таъкид намуданд, ки «Бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад… Дар ин раванд мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем».

- Алҳол донишгоҳ чӣ миқдор донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифтааст?

- Таҳсили донишҷӯён дар зинаҳои бакалавр аз рӯи 55 ихтисос, магистратура — 24, докторантураи PhD — 20 ва таҳсили фосилавию ғоибона 19 ихтисос, дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Дар 10 факултет (физика ва математика, химия-биология ва география, омӯзгорӣ ва фарҳанг, таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, филологияи тоҷик ва журналистика, филологияи хориҷӣ, филологияи рус, молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ) онҳое, ки бо Квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, 417 нафарро ташкил медиҳанд (261 нафарашон духтар мебошанд) ва аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошанд.

Феълан, дар 32 кафедра (28 адад тахассусӣ ва 4-то умумидонишгоҳӣ) 559 омӯзгор, аз ҷумла, 26 доктори илму профессор, 94 нафар номзади илму дотсент барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҷалб гардидаанд, ки аз онҳо 503 нафар омӯзгори доимӣ ва 56 нафар муаллими ҳамкор мебошанд. Шумораи донишҷӯён бошад, соли таҳсили ҷорӣ 11576 нафар (аз ҷумла, рӯзона 7484 кас, ғоибона — 1547 ва таълими фосилавӣ 2545 нафар)-ро ташкил медиҳад.

- Фаъолияти Парки технологӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Бо мақсади татбиқ намудани корҳои илмӣ-инноватсионӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои самарабахши илмии донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин, ташкил намудани коргоҳҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, харидории таҷҳизот, коркарди маҳсулот, ба роҳ мондани фаъолияти инноватсионӣ, дастовардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои болаёқат сол то сол ба Парки технологӣ диққати махсус дода мешавад. Алҳол дар он коргоҳи дӯзандагӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, рассомӣ, кафшергарӣ, коркарди чӯбу металл, истироҳатгоҳи истеҳсолӣ-таҷрибавии «Истиқлол», қитъаи таълимӣ-таҷрибавии назди факултети химия, биология ва география ва маркази табъу нашр фаъолият менамоянд.

Соли ҷорӣ дар гармхонаи таълимгоҳ 16 намуди гулҳои мавсимӣ парвариш ёфта, зиёда аз 20 ҳазори он дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализода ва 50 ҳазор дар назди бинои маъмурӣ шинонида шуданд.

Коргоҳи табъу нашр дар назди Парки технологӣ пурра фаъол шуд, ки минбаъд омӯзгорону кормандон метавонанд китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, васоити таълимӣ-методӣ ва амсоли онро ба нашр расонанд.

Ҷиҳати таъмин намудан бо ашёи зарурии илми муосир – лавозимоти лабораторӣ, техникаи компютерӣ, китобҳои таълимии зарурӣ тайи чанд соли охир тадбирҳои муассир андешида шуда, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани дарсҳои озмоишӣ аз фанни химия таҷҳизоти техникӣ, асбобҳои аёнӣ ва лавозимоти кимиёвии зарурӣ дастраси кафедраи химия гардонида шуд. Алҳол дарсҳои лабораторӣ аз ин фан дар озмоишгоҳҳо тибқи талаботи муосири таълим ба роҳ монда шудааст, ки шавқу завқи донишҷӯёнро нисбат ба донишомӯзӣ зиёд мегардонад. Бояд гуфт, дар озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии кафедраи химия донишҷӯён корҳои курсӣ, рисолаи хатм ва магистрӣ иҷро мекунанд.

Дар кафедраи биология бошад, озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ «Биотехнология» кушода шуд, ки таҷҳизоти он бо маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ аз ҳисоби лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» харидорӣ гардид.

- Ҷиҳати рушди маънавии донишҷӯён кадом тадбирҳои иловагӣ андешида шудаанд?

- Қобили зикр аст, ки баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи китобхонии аҳли ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Ҳоло маърифати китобхонӣ ҳамчун анъанаи неки ниёкон дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ривоҷу равнақи тоза касб карда, дар ин самт корҳои намоён ба иҷро расиданд. Зеро масъалаи рушди маънавиёти ҷомеа, алалхусус насли ҷавон, набояд нафареро бетараф гузорад, зеро дар тӯли асрҳо ниёкон ба китоб шавқу рағбат доштанд ва онро муқаддас медонистанд. Бесабаб набуд, ки дар гаҳвора болои сари кӯдак китоб мегузоштанд.

Дар ДДК низ барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тарғибу ташвиқ ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ба китобхонаҳо, мутолиаи китоб ва баланд бардоштани маърифатнокии онҳо, ки 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид, чораҳои лозима роҳандозӣ шуда, ҷиҳати татбиқи афзалиятҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба харҷ дода шуд. Устодон, новобаста ба ихтисос, барои бедор кардани шавқи китобхонии шогирдон ва бо ин васила равнақ додани дунёи маънавии донишҷӯён, бахусус ҷалби ҳар чӣ бештари онҳо ба омӯзиш, чорабиниҳои зиёд баргузор карданд. Вобаста ба ин, бо мақсади тарғибу ташвиқи китобхонӣ, ташаккули тафаккури илмӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ, дарёфти беҳтарин китобхон, беҳтарин адиб миёни донишҷӯён ва омӯзгорон низомномаи донишгоҳии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳия гардида, моҳи апрели соли равон дар ҳама факултет аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор гардид. Дар маҷмӯъ, 41 нафар иштирок намуда, 12 нафар аз беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври вилоятии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки сеюми октябри соли ҷорӣ баргузор гардид, 2 омӯзгор ва 3 донишҷӯи донишгоҳ ғолиби озмун гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ба даст оварданд. Онҳо Шамсиддин Шарипов, саромӯзгори кафедраи математика ва методикаи таълими он – ҷои дуюм аз рӯи номинатсияи «Адабиёти классикӣ», Хуршед Қурбонов, аспиранти кафедраи менеҷмент – ҷои якум аз рӯи номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон», Тахмина Саидзода, донишҷӯи курси якуми факултети филологияи хориҷӣ – ҷои дуюм аз рӯи номинатсияи «Адабиёти классикӣ», Сайёҳат Ҳабибуллозода, донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи хориҷӣ – ҷои дуюм аз рӯи номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» ва Марҳабо Қодирова, донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи рус – ҷои сеюм аз рӯи номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» мебошанд.

Бовар дорам, ки бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб метавонем минбаъд ҳам дар тарбияи мутахассисони варзидаи кишвар саҳми сазовор гузорем.

Суҳбаторо

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»