Раванди татбиқи Паёми Президент

ДДТХ. АЗ 1633 ДОВТАЛАБ 350 НАФАР ДОНИШҶӮ ШУДАНД

№68 (3548) 26.05.2016

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, чанде пеш бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис ёфт. Иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа дошта буданд, амалӣ гардида, хеле муҳим, саривақтӣ ва зарур арзёбӣ мешавад.

Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки норасоии табибони дорои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус дар вилояти Хатлон, ки аҳолиаш ба зиёда аз 3,5 миллион нафар расидааст, яке аз мушкилоти асосии соҳа ба шумор меравад. Маҳз норасоӣ ва шумораи аз ҳама ками табибони касбӣ дар вилояти Хатлон боис гардид, ки Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис ёбад. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат заминаи моддию техникӣ барои фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» муайяну омода шуда, чанде пеш қабули донишҷӯёни аввалин ба анҷом расид.

Имтиҳоноти қабул дар ин муассиса маъмулӣ сурат гирифта, шаффоф ва одилона баргузор шуд. Котиби масъ­ули комиссияи қабул, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Шодмон Аҳмадов зимни суҳбат иброз дошт, ки баробари таъсис ёфтани ДДТХ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа, ки дар назди роҳбарияти донишгоҳ қарор дошт, таъмини шаффофияти раванди мазкур маҳсуб шуда, дар ин ҷода иқдомоти зиёд амалӣ шуданд.

Комиссияи қабули донишгоҳ, қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро аз 1 — ум то 30-юми апрели соли равон ба роҳ монда, новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта дар муҳлати муқарраргардида тавонист ҳуҷҷатҳои 1633 нафар довталабро аз 60 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ қабул намояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи қабул 4,5 маротиба зиёд аст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси иҷозатнома соли равон барои қабули 350 нафар ҷой ҷудо гардид, ки аз ин 150 ҷой барои таҳсил тариқи буҷетӣ ва 200 ҷой таври шартномавӣ пешбинӣ шудааст. Шодмон Аҳмадов зикр намуд, ки аз шумораи умумии довталабон 1146 нафар (70,2 фоиз) аз вилояти Хатлон 188 нафар (11,5 фоиз) аз вилояти Суғд  10 нафар (0,6 фоиз) аз вилояти ВКМБ, 137 нафар (8,4 фоиз) аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 152 нафар (9, 3 фоиз) аз шаҳри Душанбе буданд. Тибқи қарори раёсати донишгоҳ аз 210 холи максималии саволҳои тестӣ, холи гузариш ба имтиҳони дуюм 60 хол ва зиёда аз он муқаррар гардид. Аз 1633 нафар довталаб ба имтиҳон 1540 нафар ё 94, 3 фоиз ҳозир шуданд. Аз шумораи нафарони имтиҳонсупорида 519 нафар (33 фоиз) соҳиби 60 хол ва зиёда аз он гаштанд, ки ба даври дуюм иҷозат дода шуданд.

 Далер Мерганов,

«Садои мардум»