М. РАҶАБЗОДА: «БА ҚУДРАТ БИДУНИ ЗАБОНДОНӢ НАМЕТАВОН РАСИД»
Маҳмадулло Раҷабзода аз зумраи он нафаронест, ки солҳо дар даргоҳҳои маърифатӣ фаъолият намуда, таҷриба андӯхтаву дониши хешро мукаммал кардааст.
Кам сухан мегӯяд, вале эътибору тавонмандии ӯ аз ҳар суханаш ҳувайдост. Инсонест оромтабиат ва хеле ҷиддӣ. Ҳамин ҷиддияти ӯ ба кору зиндагӣ ва омӯзиши илму дониш буд, ки имрӯз миёни аҳли ҷомеа сарбаланд гардидааст. Тамкину сарбаландиро бошад, аз кӯҳсорон омӯхтааст, зеро зодаи диёри домани кӯҳҳои осмонбӯс аст. Бештар аз инсондӯстӣ, илму донишандӯзии ҷавонон сухан мегӯяд.
Пайваста дар ҷустуҷӯст, пайи такмили дониш хастагиро эҳсос намекунад. Муаллифи 12 асару рисола ва зиёда аз 130 мақолаи илмӣ ва илмию методӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва педагогикаро мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ хавфи гирифторӣ ба гирдоби бархӯрдҳои фарҳангӣ дорад, ӯ роҳи ягонаи пешрафти фардои кишварро дар рушди илму раванди ҷаҳонишавӣ мебинад.
- Истиқлолият он вақт комил мегардад, ки илм дар кишвар ташаккул ёбад ва ин раванд, пеш аз ҳама, ба забон ва забондонӣ ниёз дорад, — иброз менамояд Маҳмадулло Раҷабзода ва меафзояд:
- Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст». Сарвари давлат дар баробари хуб донистани забони давлатӣ ҷавононро пайваста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омӯзгорону устодонро ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия талқин мекунанд. — Ба ин хотир, мо «Барномаи давлатии рушди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои солҳои 2018-2020»-ро таҳия намудем, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилоти муосир мебошад, — мегӯяд М. Раҷабзода.
Ба андешаи номбурда, муносибати ҷиддӣ ба таълиму тарбия эҳтиром ба илм аст. Илм маънои қудратро дорад, ба ин қудрат бидуни забондонӣ кас дастёб намешавад.
- Баргузории ҷамъомаду чорабинӣ ва маҳфилҳо (бо ҳар забоне, ки бошад) боиси инкишофи нутқ ва одоби муошират байни донишҷӯён мегардад. Аз ин ҷост, ки дар донишкада ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ба ибораи дигар, донишкада пулест байни Тоҷикистон ва кишварҳои дуру наздик. Бовар дорам, ки донишҷӯёни мо бо аз бар кардани илму дониш ва забондонии хеш аз ҷумлаи беҳтарин ҷавонони кишварамон хоҳанд гашт, — иброз медорад Маҳмадулло Раҷабзода.
ДАЛЕЛҲО ПУРМАҲСУЛИИ ФАЪОЛИЯТРО БОЗГӮЙӢ МЕНАМОЯНД
Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ки дар омода намудани тарҷумон ва мутахассисони забондон нақши бориз дорад, дорои 4 факултет – филологияи тоҷик, филологияи рус, забонҳои романию германӣ ва забонҳои Шарқ аз рӯйи 27 ихтисос мебошад. Шумораи донишҷӯёнаш 3 ҳазору 373 нафар аст.
Соли ҷорӣ дар миёни 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар донишкадаи мазкур дуюмин шуда, нақшаи қабули довталабонро аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро кард.
Раёсати муассиса мекӯшад, ки бештар устодон ва мутахассисони варзида, дорои дараҷаи илмиро ба таълиму тарбияи ҷавонон ҷалб намоянд.
Айни замон дар донишкада 209 омӯзгор - 60 нафар дорои унвон ва дараҷаҳои илмӣ, аз ҷумла, 8 доктори илм ва 52 номзади илм фаъолият доранд.
Барои ҳавасмандгардонии устодони унвондор раёсати донишкада 3000 сомонӣ барои дифои рисолаи номзадӣ ва 5000 сомонӣ барои дифои рисолаи докторӣ муқаррар кардааст.
Дар самти равобит бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ низ роҳбарияти донишкада фаъолияти густурдаро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли 2018 як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии Ҷиҷанги Ҷумҳурии Халқи Хитой, Донишгоҳи забоншиносии Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи забонҳои хориҷии Токио ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва ба имзо расид. Дар ин давра барои таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангӣ, ба роҳ мондани тарҷумаи асарҳои олимону адибони хориҷӣ ва ҷумҳурӣ факултети «тарҷумонӣ» таъсис ёфт. Тасмим гирифта шуд, ки маҷаллаи илмӣ- адабии «Проблемаҳои забоншиносӣ ва тарҷума», ки дар як сол чор маротиба бо се забон нашр мешавад, дар оянда бо тамоми забонҳои дар донишкада мавриди омӯзиш қарордошта ба чоп расад.
Соли равон дар робита ба иҷрои «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2020» 15 конференсияи илмӣ – назариявӣ ва илмӣ-амалӣ, 21 семинари илмӣ — методӣ, 12 суҳбати гирди миз гузаронида шуд. Ҳамчунин, дар маҷаллаҳои гуногуни ватанӣ ва хориҷӣ беш аз 105 мақолаи илмии омӯзгорони ин даргоҳи таълимӣ нашр гардид.
ТАБОДУЛИ ФАРҲАНГӢ НИЁЗ БА ТАҒЙИРУ МУНОСИБАТҲО ДОРАД
Олимҷон Маҳмадҷонов соли 1985 факултети забонҳои Шарқи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намудааст. Соли 2009 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Тадқиқоти таърихию забоншиносии номвожаҳои ҷуғрофии водии Ҳисор» ҳимоя кардааст. Доктори илми филология, профессор. Ҳоло муовини ректор оид ба илм ва инноватсия.
Ҳини суҳбат номбурда бо ишора ба нигоштаи барандаи ҷоизаи Нобелӣ академик А.М.Прохоров «Агар кишвар барои анҷом додани тадқиқоти илмӣ ва аз худ кардани технологияи нав саъю талош наварзад, он ногузир дар радифи мамлакатҳои ақибмонда қарор мегирад ва истиқлолу асолати хешро аз даст хоҳад дод», — изҳор намуд, ки табодули фарҳангӣ имрӯз ниёз ба тағйири муносибатҳо дорад. Бегуфтугӯ, ин раванд дар заминаи омӯзиши забонҳо ҷараён мегирад. Аз ин хотир, ҳар касе, ки тақдири миллат барояш азиз аст, бояд кӯшиш намояд, то чандин забонро омӯзад.
Мо ба воситаи забон бо мамлакатҳои дуру наздик робитаҳои илмию фарҳангӣ, тиҷоратию иқтисодӣ барқарор мекунем. Аз ин лиҳоз, вазифаи мо – омӯзгорону устодони донишкада тақвиятбахшии забондонии донишҷӯён мебошад.
Ҷалб намудани ҷавонони болаёқат ба тадқиқоти илмӣ тавассути магистратура, аспирантура, докторантура ва муассисаҳои дигари илмии хориҷию ватанӣ дар маркази диққати раёсати донишкада қарор дорад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишкада тавсеаи равобити хориҷии омӯзгорон ва донишҷӯён мебошад. Дар донишкада 109 донишҷӯ ва 13 омӯзгор аз ҷумлаи шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Мисри Араб, Бразилия, Қазоқистону Қирғизистон таҳсил ва фаъолият мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки яке аз дастовардҳои асосии донишкада ба роҳ мондани таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар мебошад. Ҳоло 55 донишҷӯ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷопон, Индонезия, Куриёи Ҷанубӣ, Олмон, Ҳиндустон ва давлати Қатар таҳсил менамоянд. То имрӯз, дар маҷмӯъ, донишкада бо 45 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар созишнома ба имзо расонидааст.
ШОГИРДОНИ ДИРӮЗА ДАР ПЕШРАФТИ ДОНИШКАДА САҲМ МЕГИРАНД
- Фарҳанги мардуми Ҷопон бароям писанд омад. Онҳо асабонӣ намешаванд, фарзандонашонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ахлоқу одоб тарбия мекунанд. Пайваста пайи омӯзиши илм ҷадал доранд ва манфиати ҷомеаро аз манфиати худ боло мегузоранд, — иброз дошт корманди донишкада Розигул Маҳрамбекова.
Номбурда ба илму фарҳанг назари тоза дорад. Ба омӯзиши яке аз забонҳои душворфаҳми ҷаҳон даст заданаш гувоҳи ғайрати ӯст. Симояш ҳам шабеҳ ба мардуми Ҷопон аст. Вақте ки бо ин забон сухан мегӯяд, кас пай намебарад, ки тоҷик аст.
Ӯ омӯзгори кафедраи филологияи Шарқ мебошаду як сол қабл ҳамин донишкадаро хатм намудааст. Соли 2015 дар Озмуни наттоқони байналмилалии забони ҷопонӣ дар шаҳри Москва ва ҳамон сол дар Конференсияи умумиҷаҳонии забономӯзон дар Ҷопон ширкат варзид. Соли 2018 ба ҳайси роҳбари гурӯҳ дар Озмуни наттоқони ҷопонӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ иштирок дошт.
Нафари дигаре, ки дар ин муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, Гулнора Ризоева аст. Ӯ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо баҳои аъло хатм карда бошад ҳам, меҳри забономӯзӣ нагузошт, ки дар ин соҳа кор кунад. Ҳуҷҷатҳояшро ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ супорид…
Айни замон ҳамчун омӯзгори кафедраи назарияи забоншиносӣ ба донишҷӯён забони англисӣ меомӯзонад. Унвонҷӯйи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар мавзӯи «Бознамоии муносибатҳо ҳамчун гуногуншаклӣ дар воқеият ва фарҳанги забоншиносӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Парвона Ҷамшед пажӯҳиши илмиашро оғоз кардааст.
Ҷавони дигари фаъол — Бобораҷаб Ҷумъаев соли 2012 факултети забонҳои Шарқи ДДЗТ-ро бо ихтисоси тарҷумони забони хитойӣ хатм намудааст. Баъди соли сеюми хониш ҷиҳати инкишофи нутқ ва баланд бардоштани сатҳи забондонӣ як сол дар Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳсил кард. Пас аз хатми донишкада дар кафедраи забонҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ ба ҳайси омӯзгори забони хитойӣ фаъолият дошт. Аз соли 2017 ҳамчун муаллими калони кафедраи назария ва амалияи тарҷума кор мекунад.
Чунонки номбурда изҳор намуд, забони хитойӣ ба шумори забонҳои душвори дунё шомил буда, дар он муоширату баёни фикр тавассути иэроглифҳо ифода меёбад. Ӯ дар мавзӯи «Таҳлили сохтори семантикии истилоҳоти тиббӣ дар забони тоҷикӣ ва чинӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Маҳмадҷонов тадқиқоти илмӣ мебарад. Хулоса, дар ин боргоҳи илму маърифат барои омӯзиши илм, тавъам намудани назария бо амалия шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Абдухолиқи МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»