Ҳар субҳеро шом асту ҳар оғозеро анҷом, — мегӯянд. Оре, ҳар коре, ки оғоз шуд, ҳатман интиҳо меёбад, сарфи назар аз он ки мо онро мехоҳем ё не. Чунин ба назар мерасад, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз фаъолияти беш аз 20 — солааш рӯ ба таназзул оварда, соатҳои охирини фаъолияти худро пушти сар карда истодааст.
Дарвоқеъ, бештари коршиносон ба он назаранд, ки пас аз дасисабозиҳои роҳбарону аъзоёни ин ҳизб дар қаламрави кишвар ва фошшавии дурӯғҳои бофтаи наҳзатиён дар тайи солҳои фаъолияташон обрӯи ҲНИТ ба хоки роҳ баробар шуд. Ҳатто кор то ба ҷое расид, ки дар интихоботи парлумонӣ ҲНИТ соҳиби ягон курсӣ нагашт.
Баъд аз ин ҲНИТ бо ҳама бадбахтиҳое, ки ба сари миллат оварда буд, моли таърих хоҳад шуд. Хушбахтона, насли нав аз сиёҳкориҳои ин ҳизби гумном танҳо аз саҳифаҳои таърих огоҳ мегардад. Вале, табиист, ки наҳзатиён ба ҳеҷ ваҷҳ ин шикасти худро эътироф кардан намехоҳанд ва талош карда истодаанд, ки заврақи шикастаи худро аз баҳр наҷот диҳанд. Барои муваффақ шуданашон аз тамоми имкониятҳое, ки дар ихтиёрашон доранд, истифода бурда истодаанд.
Чанде пештар барои наҷоти ҳизбашон дарвозаҳои хориҷиёнро низ кӯфта буданд. Пас аз навиштани мактуб ба кишварҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҷаласаҳои худро низ дар хориҷи кишвар доир мекардагӣ шуданд.
Тавре сомонаи расмии ин ҳизб «nahzat.tj» иттилоъ медиҳад, аз 5- ум то 10 — уми август ҷаласаҳои корӣ ва машваратӣ бо ширкати раиси ҲНИТ, ҳайати Шӯрои сиёсӣ ва масъулини дигари ҳизб дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор гаштааст. Чун ҳамешагӣ доир ба фишор болои худ сухан кардаву фаъолияти худро қонунӣ ва мантиқӣ донистаанд. Раиси ҲНИТ аз ҳайат ва ҳамаи масъулини ҳизб барои устуворӣ ва идомаи сиёсатҳои мантиқиву қонунӣ изҳори миннатдорӣ намуда, давом додани фаъолияти ҳизбро дар чорчӯби қонунҳои мавҷудаи кишвар дархост намудааст. Вале, ғайр аз наҳзатиён дигар касе ба фаъолияти қонунӣ доштани ҲНИТ боварӣ надорад. Пӯшида нест, ки аъзоёни ин ҳизб қисман барои ҷиноят паси панҷара нишастаанду қисман ҳамчун террорист дар Сурияву Ироқ меҷанганд.
Ҳамагон хуб дарк кардаанд, ки дигар фаъолият кардани ҲНИТ барои ҷомеаи Тоҷикистон зарурат надорад. Агар роҳбарони ҲНИТ аз худ ташаббус нишон дода, ба фаъолияташон нуқта нагузоранд, ҳатман аҳли ҷомеа ин ташаббусро ба даст мегирад ва аз фаъолияти ин ҳизб ҷилавгирӣ мекунад.
Вале, ба андешаи мо дуруст мебуд, агар худи ҳизбиён ихтиёран фаъолияташонро қатъ мекарданд.
Асад АҲЛИДДИНОВ