Порае аз рӯзгори фидоии маориф Ҳабиб Искандаров
Дар таърихи маорифи кишвар шахсиятҳои зиёди ҷонфидоро дидаам ва аз боби талошу муборизаҳои онҳо бо сабку шеваҳои ҷадид китобу рисолаҳои зиёд мутолиа кардаам. Вале пас аз ошноӣ ва баҳрабардорӣ аз суҳбату суханрониҳои ҳакимонаи Ҳабиб Искандаров яқин кардам, ки ӯро дар заҳмату машаққат ва риёзат кашидан ба хотири насли наврас бо каси дигар баробар карда наметавонам.
Субҳе, ки ба хонааш омадам, вайро тоқии чоргул ба сар ва ҷомаи сабзфом дар тан дидам. Ҷевонҳои хона пури китоб.
Халта-халта китобу рисола ва мақолаву дастхатҳоро берун овард.
- Ин ҳама эҷоди ман, — хастаҳол иброз намуд ва илова кард: — Маҳсули заҳмати 20-сола. Ман ба 82 қадам мондам. Матолибе, ки дар халтаҳо ҷамъ кардаам, бароям мисли фарзанду наберагон азизанд.
Ҳабиб Искандаров дар хонадони шахсони фозилу барӯманд ба дунё омада, бо ҷаҳонбинии баланду фарҳангсолорӣ аз дигарон тафовут дорад.
- Соли 1922 Армияи Сурх ба вилояти Кӯлоб ворид гардид, — ҳикоят мекунад устод. — Падарам Искандар Шоисматуллоев дар хонадони сарватманде ба ҳайси муҳосиб ифои вазифа мекарду модарам Фариштамоҳ Бобоёқубова низ бонуи босавод буд. Бо омадани сурхҳо ва таъқиботи онон падару модарам 10 сол саргардон буданд. Маҷбур шуданд, ки ба деҳаҳои собиқ вилояти Кӯлоб — Туту, Деҳи Ҳоҷӣ ва Деҳи Қозии кӯҳистони Шӯрообод (ҳоло ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) фирор намоянд. Сипас, тақрибан солҳои 1930-1932 ба Афғонистон ҳиҷрат карданд. Пас аз се моҳ дубора ба Ватан баргаштанду дар деҳаи Бодомтуи ноҳияи Шӯрообод маскан гирифтанд. Қиблагоҳам соли 1943 ва модарам соли 1945 ҷаҳонро падруд гуфтанд. Мани яккаписар ятим мондам ва то хатми синфи 7 дар хонаводаи хешовандон ба сар бурдам. Соли 1947 маро ба интернати деҳаи Саричашмаи Шӯрообод бурданд. Соли 1952 Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлобро тамом кардаму барои омӯзгорӣ ба ноҳияи Муъминобод сафарбар шудам.
Марҳалаҳои гуногуни фаъолиятро пушти сар кардааст ӯ. Солҳои 1980-1986 сардори Раёсати кадрҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, 1986-1994 мудири кабинети кадрҳои роҳбарикунанда ва аз соли 1994 то соли 2012 мутахассиси Донишкадаи ҷумҳуриявии марказии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф буд.
Дар хусуси матолиби навишта (феҳристи он аз 100 номгӯй ҳам зиёд аст) ва китобу маҷмӯаҳои методии ӯ (ба 30 адад мерасанд) фаровон гуфтаанду навиштаанд. Дар боби мушкилоти бахши маориф, масоили баҳсталаб Ҳабиб Искандаров муттасил мегӯяду менависад. Зиндагии муаллим чӣ гуна аст, чӣ бояд кард, ки ӯ мактабро тарк нагӯяд? Бо кадом роҳ муаллими пешқадам аз донишҳои нави касбӣ огаҳ гардад? Фазои холии иттилооти муаллимонро чӣ хел пур бояд кард? Ва амсоли инҳо.
Номбурда таъкид менамояд, ки дар раванди таълиму тарбия бояд таҷрибаи Аврупо, Ҷопону Чин, Эрон ва Россия мавриди пайравӣ ва омӯзиш қарор гирад.
- Ба қарни ХХI расидем, — эзоҳ медиҳад Ҳабиб Искандаров. — Айб аст, ки омӯзгор ба ваҷҳи набудани барқ танҳо аз бӯр ва тахтаи синф истифода бибарад. Зиёд аз технологияи ҷадиду дастгоҳҳои электронӣ ва компютеру шабакаи интернет мегӯему менависем. Аммо дар ин самт амалӣ намудани ибтикори зиёд зарур ва ногузир аст. Дар ин боб, дар мақолаи хеш бо номи «Айб аст, ки директор компютер надонад» фикрҳоямро баён доштам, — афзуд ҳамсуҳбатам.
Қаҳрамони матлаб ба ҷуз китобу рисолаҳои методӣ, ҳамчунин, дар тартиб додани лоиҳаи асноди гуногуни соҳаи маориф, аз ҷумла Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи мақсадноки рушди таҳсилоти миёнаи умумӣ барои солҳои 2010-2015», оинномаи мактаб, низомномаву оинномаи донишкада ва ғайра саҳми бориз дорад.
Пеш аз фарҷоми суҳбат аз ӯ пурсидам, ки оё беҳтар нест, дар даврони пирӣ рӯ ба фароғат биёред?
- Ман бе кор зиндагиамро тасаввур карда наметавонам. Агар маош надиҳанд ҳам, вазифаамро содиқона иҷро мекунам. Лаҳзаҳои хушбахтии ман вақтест, ки касе дар хусуси ин ё он масъала маслиҳат пурсад ё иҷрои амалеро хоҳиш намояд. Хурсанд мешавам, ки барои ҷамъият ҳанӯз шахси заруриам. Аз ҳеҷ неъмати дунё танқисӣ намекашам, вале ба кор дилбастагии хоса дорам…
Шодӣ РАҶАБЗОД, нависанда