Директорони мактабҳои ВМКБ ба дарсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Ин дарсҳо бо ибтикори Донишкадаи такмили маълумоти касбӣ барои таълимдиҳандагони барномаи маркази кӯдакони то синни мактабӣ ва омӯзгорони синфҳои болоӣ роҳандозӣ шудаанд. Дар баробари ин, директорони мактабҳо дар асоси барномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои нави идоракуниро дар сохтори мактаб аз худ мекунанд. То ин дам чорсад нафар директорони мактабҳо ба даври дуюми омӯзишӣ дар асоси барномаи Донишкадаи такмили маълумоти касбӣ ҷалб шудаанд.
Ба гуфти Шоҳзода Саидиброҳимов- масъули донишкадаи мазкур, ин давраҳои омӯзишӣ ба мақсади мутобиқ сохтани раванди таълиму тарбия ба меъёрҳои ҷаҳонии таълим мавриди амал қарор гирифтаанд.
Ба дарсҳои омӯзишӣ инчунин омӯзгорону таълимдиҳандагони Барномаи рушди бармаҳали кӯдак аз шаҳру навоҳии вилоят даъват шудаанд. Мутахассисони донишкада даъватшудагонро бо беҳтарин усулҳои таълим шинос мекунанд. Иштирокдорони дарсҳои омӯзишӣ аз ҷараёни таълими чандрӯза изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар асоси дастури Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили маълумоти касбии ҷумҳуриявӣ соли дуввум аст, ки дар таътили зимистона директорони мактабҳо бо мақсади аз худ кардани шаклҳои гуногуни идоракунии мактаб ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Донишкадаи такмили маълумоти касбии вилоят ҳамасола чунин давраҳои омӯзиширо барои омӯзгорон ва тарбиятдиҳандагони кӯдакистонҳо омода месозад. Ба гуфтаи иштирокдорон ин раванд, пеш аз ҳама барои барқарор кардани муносибати хуб байни омӯзгорон ва шогирдон, ҳамчунин ҳавасмандкунии кӯдакон ба машғулиятҳои таълимӣ мусоидат мекунад.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ,
«Садои мардум»