Дастовард

ДМИТ-ҷоизадори «Тоҷ барои сифат»

№48 (3349) 02.04.2015

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои нав ба дарёфти ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» сазовор гардид. Ҷоиза аз ҷониби Ширкати байналмилалии Би-Ай-Ди-Бизнес Инитиатив Дайрекшинз (Business Initiative Directions) созмон дода шудааст.

Маросими супоридани ҷоиза шоми 22-юми марти соли 2015 дар толори конвенсияҳои меҳмонхонаи Интер-Континентали шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки намояндагони тақрибан 80 давлати ҷаҳон ва беш аз 200 ширкату муассисаҳо аз тамоми нуқоти олам доир гардид. Дар вазъияти тантанавӣ директори генералии Ширкати Business Initiative Directions Хоссе Прието ба ректори донишкада  Ашурбой Солиев мукофотро супорида, таъкид кард, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон намунаи беҳтарини ташаббусҳо дар роҳи такмили сарварӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои нав ва инноватсияҳо буда, муассисаҳои ба он монанд метавонанд аз он ибрат гиранд.

Ҳамчунин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Телевизиони Ҷаҳоннамо» низ ба дарёфти ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» мушарраф гардид, ки он ба директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Ҷаҳоннамо» Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон дар маросими мутантан супорида шуд.

Ёдрас мешавем, ки Ширкати Business Initiative Directions соли 1986 ташкил гардида, қароргоҳи асосии он дар Испания воқеъ аст. Фаъолияти ширкат асосан ба дастгирии ташкилоту корхонаҳо дар соҳаи сифат, сарварӣ ба технологияву инноватсияҳо равона шудааст. Ҳадафи асосии он баланд бардоштани сифат дар идоракунии истеҳсолот буда, то имрӯз намояндагони 178 кишвари дунё ба дарёфти ҷоизаҳои ширкати мазкур сазовор гардидаанд.

М. АБДУЛЛОЕВА, муҳаррири рӯзномаи «Молия ва иқтисод»-и ДМИТ