ДМТ. Конститутсия – сарчашмаи маърифати ҳуқуқӣ

№ 30.10.2024

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Эмомалӣ Насриддинзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи конфронс аз ҷумла, иброз намуд, ки дар давоми 30 соли қабули Конститутсия тамоми ҷиҳатҳои ҳуқуқии соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат рушд кард, ки ба сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа вобастагӣ дорад.

-  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бархурдорӣ аз миллият ва ҷавобгӯ будан ба тамоми ниёзҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоса дорад. Меъёрҳои конститутсионӣ, ба монанди арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷониби давлат кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баробарии ҳама дар назди қонун, дар умум, ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, — афзуд Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

“Садои мардум”