Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки айни замон терроризм ва экстремизм яке аз омилҳои асосии барангехтани бенизомӣ, талошу кӯшиш баҳри тағйирдиҳии сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, ангезиши низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, пешгирии саривақтии паҳншавии терроризм ва экстремизм дар сар то сари олам ба мавзӯи рӯз табдил ёфтааст.
Соҳибназарони соҳаи сиёсат густариши терроризму экстремизмро ба ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои манофеи давлатҳои абарқудрат рабт медиҳанд, зеро давлатҳои абарқудрат барои ҳар чӣ зудтар расидан ба ҳадафҳои худ кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ заифу дастнигар ва дар гирдоби хурофоту таассубмондаро ҳамчун майдони набард истифода менамоянд. Аҷибаш он ҳаст, ки абарқудратон ҳамаи инро зери пардаи «кумакҳои холисона» анҷом медиҳанд. Ба ин тартиб, онҳо бо паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар байни ҷомеа, ба сафҳои худ шомил намудани ҷавонон мекӯшанд, то сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.
Вобаста ба ин ду зуҳуроти номатлуб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Дар баробари ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо терроризм», ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи пешгирии терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ва пешгирии маблағгузории он муайяну танзим менамоянд, мавриди амал қарор гирифт.
Дар он бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои асосии муқовимат бо терроризм мушаххас шудаанд. Таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, афзалияти чораҳои пешгирии терроризм, муҳофизати ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсоне, ки дучори хатар гардидаанд, роҳ надодан ба гузашткуниҳои сиёсӣ ба террористон, яккасардорӣ дар роҳбарӣ ба қувваҳо ва воситаҳои ҷалбшаванда ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, ошкор насохтани иштирокчиён, воситаҳои махсус ва тарзҳои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, ҳамкории давлат бо созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин, бо шаҳрвандон дар муқовимат бо терроризм ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи шахсоне, ки дар муқовимат бо терроризм мусоидат ва ҳамкорӣ менамоянд, аз ҳамон ҷумлаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин кишваре ба ҳисоб меравад, ки бо дарки хатарҳои афзоянда бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ «Стратегияи миллии муқовимат бо терроризм ва экстремизмро барои солҳои 2016-2020» қабул намуд. Айни замон татбиқи «Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025», ки аз 1-уми июни соли 2021 таҳти №187 тасдиқ шудааст, бомаром давом дорад.
Муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ, инчунин амалияи муқовимат бо тундгароӣ, экстремизм ва терроризм, мусоидат ба ташаккули ҳамдигарфаҳмии динӣ ва байнимазҳабӣ дар ҷомеа, муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешгирӣ намудани паҳншавии ғояҳо ва фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои мақомоти ваколатдор оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм, терроризм, нашъаҷаллобӣ, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ки барои маблағгузории экстремизм ва терроризм хизмат мекунанд, ҳадафҳои ин ҳуҷҷати муҳим ба ҳисоб меравад.
Айни замон таъсири омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба раванди гароиши аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон, ба терроризму экстремизм ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки омилҳои хатарзои ин раванд батамом аз байн бардошта шудаанд. Имрӯз ифротгароёну даҳшатафканони шикастхӯрдаву ниқорталаб бо истифода аз имконоти технологияи муосири иттилоотӣ фаъолияташонро тавсеа бахшида истоданд.
Дар ин маврид рисолати ҳар як фарди огоҳ ва ватандӯсту ободгари Ватан додани посухи сазовор ба чунин раҳгумзадагон мебошад.
Дар ин ҷода дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, инчунин муқаррароти қонунгузории пешгирии терроризм ва экстремизм бояд сармашқи кор бошад.
Ба шарофати саъю талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси давлати ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ эътироф менамояд. Далели ин дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад дар муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» бо ширкати мутахассисон, коршиносону таҳлилгарон, ходимони сиёсию давлатӣ, намояндагони СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупою дигар ташкилоти байналмилалӣ ва рӯзноманигорон ба ҳисоб меравад.
Дар ҷамъомади мазкур мавриди баррасӣ, таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифтани ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ сабабу авомили ба терроризм ва экстремизм мусоидаткунанда ва дар заминаи он қабул гардидани «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад дар муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» иқдоми навбатӣ дар самти пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм мебошад, ки моҳиятан ҳамовозӣ бо саъю кӯшиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Шаҳло АШУРИЁН,
директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», номзади илми тиб