Бино ба иттилои роҳбари Ассотсиатсияи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе «Ҷавонони раванди рушд» Парвина Нуриддинова дар доираи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2012-2013 дар бахши татбиқи Стратегияи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи то соли 2020 ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ Фестивали дуввуми илмӣ-эҷодӣ байни донишҷӯёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Ақида дорам» («Есть идея») дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сурат гирифт. Дар ин фестивал донишҷӯёни кишварҳои аъзои ИДМ — Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия ширкат доштанд. Баъд аз баррасии корҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳайати комиссия ғолибони чорабинӣ муайян гардиданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯйи соли панҷуми факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азимҷон Азимзода дар номинатсияи «Соҳаи иҷтимоӣ» сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуд. Мавзуи пешниҳоднамудаи Азимҷон Азимзода «Кӯдакони бепарастор: мушкилот ва роҳҳои паст гардонидани рафтори девиантӣ миёни кӯдакони муҳоҷир» («Беспризорные дети: проблема и пути снижения девиантного повидения среди детей мигрантов») унвон дошт. Ҳамчунин наздики 20 нафар донишҷӯ аз мактабҳои гуногуни олии кишвар, ки ба фестивали мазкур дар бахшҳои гуногун лоиҳа пешниҳод карда буданд, ҳамчун иштирокчии фаъол бо сертификатҳо сарфароз гардиданд. Зоҳир Саидов — Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар ин фестивал ширкат дошт, Азимҷон Азимзодаро муборакбод гуфта, чунин изҳор дошт: «Мо ифтихор аз он дорем, ки имрӯзҳо насли ҷавон дар симои шумо барин ҷавонҳои соҳибистеъдоду огоҳ дар самти бедории иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ қадам-ҳои устувор мениҳанд».
Дар фарҷоми фестивал маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми тамаддуни миллатҳо» доир гардид, ки дар он ҳайати намояндагони Тоҷикистон тавассути пешниҳоди якчанд намоишҳои ҳунариву фарҳангӣ симои ҷавонон ва фарҳанги кишварро муаррифӣ карданд. Ҳамзамон дар ин нишасти фарҳангӣ оид ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни сиёсати давлатии ҷавонон миёни ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ табодули афкор сурат гирифт.
Парвина Нуриддинова, ки бевосита ҳамчун роҳбари гурӯҳ дар чорабинӣ иштирок дошт, таъкид намуд, ки ҳадафи асосии фестивалро дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони ташаббускор, ваҳдату иттифоқ, густариши ҳамкориҳо ва табодули таҷриба дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон ҷиҳати таҳияи лоиҳаву барномаҳои гуногун дар бахши сиёсати иҷтимоии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ ташкил медод.
Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»