Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор беш аз сӣ сол аст, ки дар тарбияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ саҳми босазо мегузорад. Дастпарварони он на танҳо дар мамлакат, балки берун аз он дар ҳифзи саломатии аҳли ҷомеа ҳисса мегузоранд. Коллеҷ аз маркази шаҳри Ҳисор 5 километр масофа дошта, дар шаҳраки Ҷавонон воқеъ гардидааст. Дар даврони шӯравӣ аз маркази шаҳри Ҳисор то коллеҷ автобуси махсус ҳаракат мекард. Ҳоло устодону донишҷӯён аз маркази шаҳр тавассути мошинҳои сабукрав меоянд. Аз сабаби зиёд будани донишҷӯён баъзан, саҳаргоҳон, мошин намерасад, ки ин боиси ба дарс дер мондани онҳо мегардад.
Ҳамчунин, дар моҳҳои ноябр – феврал, бинобар кӯтоҳ будани рӯзҳо, баъди нисфирӯзӣ ба хона рафтани донишҷӯён мушкил мешавад.
Аксари машғулиятҳои таҷрибавии донишҷӯён дар Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад. Барои ба он ҷо рафтан донишҷӯён аввал ба маркази шаҳр, сипас, бо нақлиёти дигар то беморхона мераванд, ки ҳам маблағ ва ҳам вақти зиёд сарф мешавад. Роҳбари собиқи шаҳр (он вақт ноҳия)- и Ҳисор Усмон Раҳмонзода ваъда дода буд, ки аз Беморхонаи марказӣ то Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор хатсайри мусофиркашонӣ ташкил менамояд, мутаассифона, баъди аз вазифа рафтани ӯ ин иқдоми хайр амалӣ нашуд.
Хуб мебуд, ки Терминали мусофиркашонии шаҳри Ҳисор ташаббус нишон дода, хатсайри «Беморхонаи марказӣ- Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор»- ро таъсис диҳад. Воқеан, ҳоло дар шаҳри Ҳисор як хатсайри дохилишаҳрӣ (рақами 1) амал мекунад, ки то кӯчаи Соҳилии маркази шаҳр меравад.
Хатсайри «Беморхонаи марказӣ — коллеҷ» набояд аз 1 сомонӣ зиёд бошад, зеро мусофирони асосии хатсайр донишҷӯён хоҳанд буд ва бинобар сермусофир будан ҳеҷ гоҳ зараровар намегардад. Ҳоло дар шаҳри Душанбе аз сабаби зиёд шудани автобусҳои замонавӣ бисёр микроавтобусҳо бекор мондаанд. Агар 6 — 8 микроавтобус дар хатсайри зикршуда доимо ҳаракат кунад, мусофирони зиёде сари вақт ба манзил мерасанд.
С. НАҶМИДДИНЗОДА,
«Садои мардум»