Ҷавонон - ояндаи миллат

Донишгоҳе, ки ҳамоишҳои илмӣ барои муҳассилинаш ид аст

№53 (3038) 03.05.2013

Агар ҳама муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мисли Донишгоҳи давлатии тиббии  Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Конференсияи солонаи олимони ҷавон ва донишҷӯёнро дар сатҳу сифати баланд доир намоянд, ҷойи шубҳа нест, ки раванди ҷалби ҷавонон ба илм ҳамвора  вусъат хоҳад ёфт

 

Конференсияи имсолаи олимони ҷавон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии  Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар мавзуи «Масъалаҳои мубрам ва мушкилоти илми тиб» ба замоне рост омад, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар Интернет-олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия соҳиби панҷ медали тилло гардиданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳамагӣ дар  ин бахш  ҳафт медали тилло пешбинӣ шуда буд ва аз ин миқдор панҷтои онро сазовор гардидани муҳассилини ин донишгоҳи бонуфуз далели сатҳу сифати баланд доштани раванди таълиму тарбия дар ин макони илму маърифат аст. Аз ҷониби дигар, дастоварди фавқуззикр бори дигар собит намуд, ки ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамқадами ҷаҳони муосир буда, донишу малакаи донишҷӯёнаш низ ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ ва ҷавобгӯй аст. Дар суханронии ректори донишгоҳ, профессор  Убайдулло Қурбонов минҷумла зикр гардид, ки таваҷҷуҳ зоҳир намудани роҳбарияти донишгоҳ ба ҷалби ҷавонон ба илм ва тарбияи олимони ҷавон идомаи мантиқии дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонони кишвар маҳсуб ёфта, дар оянда низ ин раванд бо истифода аз имконоти мавҷуда вусъат бахшида мешавад. Дар конференсияи имсола фаъолнокии бештари олимони ҷавон ва донишҷӯён ба мушоҳида расид. Далели ин нукта пешниҳод ва чоп гардидани 466 фишурдаи илмӣ ба ин ҳамоиши илмӣ аст. Дар ин чорабинӣ намояндагони  шаш кишвари хориҷӣ бо 17 маърӯза ва 99 фишурдаи илмӣ ширкат намуданд, ки аз шуҳрати ҷаҳонӣ доштани ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино гувоҳӣ медиҳад. Хурсандиовар аст, ки дар конференсияи имсола намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар муқоиса ба солҳои пешин фаъолтар буданд. Мазмуну муҳтавои маърӯзаҳои илмии пешниҳодгардида низ вобаста ба талаботи замони муосир сатҳу сифати навро касб намуда, асосан мавзуъҳои рӯзмарраро фаро гирифтаанд. Убайдулло Қурбонов олимони ҷавон ва донишҷӯёнро итминон дод, ки ҳама гуна ибтикороти онҳо, ки ба нафъи илми муосири тоҷик ва миллату меҳан нигаронида шудааст, аз ҷониби роҳбарияти муассиса дастгирӣ хоҳад ёфт.

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар суханронии худ аз иқдомоти роҳбарияти донишгоҳи мазкур баҳри дастгирии ҷавонон ва дар ин замина боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, аз муҳассилин даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар ҷодаи донишандӯзӣ, фаъол бошанд. Номбурда ҳамчунин аз раванд ва сатҳи ҳамкориҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино изҳори қаноатмандӣ намуда, дар оянда боз ҳам густариш бахшидани онро муҳиму саривақтӣ ва тақозои замон арзёбӣ кард.

Масъулини вазоратҳои тандурустӣ ва маорифи кишвар низ дар суханрониҳояшон аз сатҳи баргузории конференсияи имсола изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба ҷанбаҳои гуногуни  ин ҳамоиши илмӣ изҳори назар карданд. Барои ман, ба сифати як нафар журналист ва иштирокчии конференсияи фавқуззикр, нуктаи ҷолиб суханони раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Хайём Маҳмудов буд. Мавсуф  зимни пешниҳоди маърӯзаи илмиаш  минҷумла гуфт, ки баргузории ҳама гуна ҳамоишҳои илмӣ  барои донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шабеҳи ид аст. Воқеан ҳам, аз иштироки фаъоли олимони ҷавон ва донишҷӯёни ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар ин чорабинӣ метавон муътақид гашт, ки ҳақ ба ҷониби Хайём Маҳмудов аст. Кош, дар ҳама донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат чунин бошад!

 Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»