Дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 12 июли соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, сарвари Донишгоҳ академик Муҳаммадюсуф Имомзода қайд намуд, ки як дастоварди муҳими соли сипаригашта ин ба ҷойи якум сазовор гаштани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аз натиҷагирии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад.
Дар оғози соли таҳсили 2015-2016 ихтисосҳои мавҷудаи донишгоҳӣ ва раванди таълим ба низоми сезинагӣ: бакалавр, магистратура ва доктор Phd мутобиқ ба талаботи низоми таҳсилоти кредитӣ гузаронида шуда, ҷараёни гузариш ба фазои ягонаи умумиҷаҳонии таҳсилот ва низоми Балонӣ пурра ба анҷом расид.
Алҳол, дар 114 кафедраи донишгоҳ 1248 нафар омӯзгор аз ҷумла, 9 нафар академики АИ ҶТ, 9 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, 168 нафар доктори илм, 538 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд ва ҳамчунин 254 нафар омӯзгор ба ҳайси ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ мебошад, ки теъдоди донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи он 22108 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии компютерҳо ба 2530 адад ба ҳар 9 нафар донишҷӯ 1 компютер рост меояд.
Дар донишгоҳ 146 унвонҷӯ, 381 аспирант, 22 докторанти Ph.D таҳсил менамоянд.
Дар шаш моҳи аввали соли 2016 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 63 чорабинии илмии сатҳашон гуногун аз ҷумла, 4 конференсияи байналмилалӣ, 41 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 7 мизи гирди ҷумҳуриявӣ, 4 семинари ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.
Донишгоҳи милии Тоҷикистон бо 14 муассисаи илмиву таълимии кишварҳои хориҷӣ қарордодҳои дуҷониба ба тасвиб расонидааст. Ҳамкориҳои бурунмарзии донишгоҳ кишварҳои гуногуни Осиё, Аврупо ва Амрикоро фаро мегирад.
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»