Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯрабоев ба хабарнигори мо дар вилояти Суғд аз роҳи тайкардаи донишгоҳ маълумот дод.
-Муҳити созандаву созгоре, ки тайи солиёни охир дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, татбиқи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, онро чун омили асосии ноил гардидан барои пешбурди кори таълиму тарбия ва илм дар ин макони маърифат ҳисобидан мумкин аст.
Имрӯз аҳли донишгоҳ дар арафаи воқеаи сурурбахш, ҷашни 20-солагии махзани илму маонӣ қарор доранд. -Таҳияи асарҳои нави илмӣ-оммавӣ, назариявӣ, баргузории силсилаи ҳамоишҳои фарҳангиву фароғатӣ, илмӣ, мулоқотҳои шавқовар, вусъати корҳои ободонию созандагӣ номгӯйи мухтасари тараддудҳои гуворои аҳли донишгоҳ мебошанд. Дастовардҳои шоистаи устодону муҳассилинро, ки ба истиқболи ҷашни мубораки 20-солагии донишгоҳ соҳиб шудаанд, армуғони арзанда ба ин ҷашн метавон арзёбӣ намуд. Муассисаи олии таълимии мо тарбияи маънавии ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардумро вазифаи муқаддас ва рисолати таърихии худ дониста, дар амри тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот хизмати шоистаро ба ҷо меорад. Донишгоҳ бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон № 364 аз 5 августи соли 1993, қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) №98 аз 31 марти соли 1994 таъсис ёфта, ҳамчун маскани тайёр кардани кадрҳо дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ, соҳибкорӣ, молия, системаи ахборӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар донишгоҳ корҳое ба сомон расида, тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуданд, ки ба мустаҳкамшавии пояи моддӣ-техникӣ, такмили раванди таълим, ривоҷи робитаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимию илмии ватанию хориҷӣ, раванди ҳамгироии таълиму тарбия имконияти мусоид фароҳам оварданд,- мегӯяд Ҷ.Ҷӯраев.
-Донишгоҳ доираи ихтисосҳои васеъ намуда, ҳамчун боргоҳи маърифат ва маскани тарбияи наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон дар равнақу шукуфоии мамлакатамон нақши муассир мегузорад.
Анҷоми сохтмони бинои таълимии донишгоҳ ва ҳузури Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози корҳои таъмиру тармим ва ба истифода дода шудани он дар таърихи донишгоҳ бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд. Имрӯз фаъолияти босамари раванди таълим дар ин махзани таълимии наву замонавӣ имкон фароҳам овард, ки донишҷӯён бо истифода аз имконоти муосир барои такмили маърифат ва донишҳои хеш талоши бештар варзанд.
-Агар саҳифаҳои таърихи донишгоҳро варақгардон намоем, ба хубӣ маълум мегардад, ки таъсиси ин махзани бузурги илму ирфон ҳамчун падидаи умедбахши замони Истиқлолият бо марҳилаи нави таърихи Тоҷикистон, давраи худшиносию худогоҳии миллӣ, пайванди қавӣ дорад. Имрӯз донишгоҳ ба яке аз марказҳои илмии кишвар мубаддал гардида, алҳол аз 330 нафар устодони донишгоҳ 22 нафар доктори илм, профессор ва 111 нафар номзади илм ба фаъолияти илмӣ-тарбиявӣ машғуланд. Агар дар соли аввали таъсисёбиаш донишгоҳ дорои ду факултет ва 300 нафар донишҷӯ бошад, имрӯз теъдоди факултетҳо ба шаш расидааст. Теъдоди умумии донишҷӯён дар донишгоҳ 6286 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 3723 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 2563 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил доранд,- гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки донишгоҳ соли 2007 ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилоти касбӣ дохил шуд ва айни замон ҳамаи донишҷӯёни шуъбаи рӯзона бо низоми кредитӣ таҳсил доранд. Расидани дараҷаи донишазхудкунии донишҷӯён то ба 96 фоизро метавон самара ва натиҷаи гузариш ба низоми кредитии таҳсил арзёбӣ кард.
Ҷалби устодон ба корҳои илмӣ ва туфайли он сазовор гардидан ба дастовардҳои нави илмӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолият аст, ки пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории раёсати донишгоҳ қарор дорад. Туфайли ин эътибори доимӣ ҳамасола муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ ба сафарҳои хизматӣ ба марказҳои муҳими илмии кишварамону берун аз он фиристода мешаванд. Ҳар сол 10-12 нафар муҳаққиқи ҷавони донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ҳимоя мекунанд.
Дар донишгоҳ ба масъалаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ таваҷҷуҳ бештар зоҳир мегардад. Ҳамин аст, ки бисёре аз омӯзгорону муҳассилин дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас соҳиб мешаванд.
Китобхонаи илмии донишгоҳ дорои беш аз 20 ҳазор нусха адабиёт аст. Инчунин аз ҳисоби барномарезии компютерӣ ва шабакавӣ китобхонаи электронӣ ва китобхонаи виртуалӣ фаъолият доранд. Китобхонаи электронии донишгоҳ дорои 6578 мавод мебошад.
Донишгоҳ бо 14 муассисаи илмию таълимии Федератсияи Россия, шаш муассисаи ватанӣ, се муассисаи Ҷумҳурии Қирғизистон, яктоӣ аз муассисаҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷопон, ИМА, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Финляндия, Украина, Беларус, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон созишномаҳо ба имзо расонида аст.
Ҳоло дар донишгоҳ 14 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки аз ҷумҳуриҳои Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ мебошанд. Соли 2013 чор лоиҳа дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои дигар дар озмуни Барномаи Иттиҳоди Аврупо — Эразмус Мундус ва Темпус маблағгузорӣ гардиданд.
Дар масъалаи барқарор ва ба роҳ мондани фаъолияти хатти гармидиҳии бинои асосии донишгоҳ корҳо ба охир расида, имрӯз бинои мазкур ба таври марказонида бо гармӣ таъмин мебошад. Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар давоми се соли минбаъда барои ба истифода додани биноҳои сохтмонашон нотамоми воқеъ дар шафати донишгоҳ, маҷлисгоҳ барои 500 ҷойи нишаст, ошхона барои 300 ҷой, толори варзишӣ ва бинои иловагии таълимӣ пайваста талош меварзад,- гуфт дар хотима ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев.
Таҳияи Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»