Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки сол то сол сафи ҷавондухтароне, ки ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, зиёд мегардад. Дар муассисаҳои томактабӣ, мактабӣ, литсейҳо, донишгоҳу донишкадаҳо қариб нисфи шумораи умумии таҳсилкунандагонро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст, баҳри ҷалби занону духтарон ба таҳсил ҳама имкониятро доро мебошад. Дар ин даргоҳи маърифат сол аз сол шумораи таҳсилкунандагон аз ҳисоби духтарон меафзояд. Қисме аз онҳо дар асоси Квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар донишкада шаш факултет, аз ҷумла таърих ва ҳуқуқ, забонҳо, табиӣ-риёзӣ, иқтисод ва идора, педагогика ва варзиш, география ва ҳифзи табиат, ҳамчунин, 13 кафедра мавҷуд аст, ки дар онҳо аз рӯи 26 ихтисос ба донишҷӯён дарс медиҳанд. Аз рӯи нишондодҳо, қариб аксар духтарон дар ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, маърифати оиладорӣ, рӯзноманигорӣ, таърих ва ҳуқуқ, методикаи таълимоти ибтидоӣ, биохимияи тиббӣ, география ва ҳифзи табиат таҳсил мекунанд.
Дар соли таҳсили 2019-2020 бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар донишкада ихтисосҳои нав ба монанди тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, биохимияи тиббӣ, электроникаи тиббӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, санъати мусиқӣ, санъати тасвирӣ, нақшакашӣ, технология, геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, таърих, таърихи дин, география, асосҳои иқтисодиёт, забон ва адабиёти тоҷик, маърифати оиладорӣ, технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ) кушода шуданд.
Дар ин даргоҳи илму маърифат аз 137 корманд 21 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Шумораи ҷавондухтарон дар соли таҳсили 2016-2017-ум 455 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 117 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 338 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил карданд. Ин нишондод соли таҳсили 2017-2018 ба 516 нафар расид, ки аз он 157 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 359 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил намуданд. Дар соли таҳсили 2018-2019 шумораи ҷавондухтарон 668 нафарро ташкил дод, ки аз он 199 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 469 нафар дар шуъбаи ғоибона рост меояд. Дар соли таҳсили 2019 — 2020-ум 735 нафар занону духтарон таҳсил карданд, ки аз ин шумора 234 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 501 нафар ба шуъбаи ғоибона рост меояд. Дар соли таҳсили 2020 — 2021 шумораи занону духтарон 1153 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 279 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 874 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил карданд.
Хушбахтона, бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон квотаҳои президентӣ барои духтарони минтақаҳои кӯҳистон ва дурдасти мамлакат пешбинӣ шуд. Ҳар сол тавассути квота шумораи зиёди духтароне, ки ба омӯзишу таҳсил шавқи зиёд доранд, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ин иқдоми пешгирифтаи Роҳбари давлат барои босавод гардидани зани тоҷик имконияти хуб фароҳам меорад.
Соли таҳсили 2020-2021 шумораи умумии донишҷӯёне, ки тибқи Квотаи президентӣ дар донишкада таҳсил мекарданд, 139 нафарро ташкил медод, ки аз ин шумора 54 нафар ҷавондухтарон буданд.
Тибқи таҳлилу нишондодҳо, шумораи занони соҳибилм нисбат ба солҳои қаблӣ афзоиш меёбад. Ин ҳама аз таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ва модарон шаҳодат медиҳад. Зикр кардан бамаврид аст, ки Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар тайёр намудани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ва таъмин намудани муассисаҳои минтақаи Рашт бо омӯзгорон, аз ҷумла занон, саҳми калон дорад.
Барои ба таҳсил ва илм ҷалб намудани духтарону бонувон қишри калонсоли ҷомеа ва омӯзгорону волидайн саҳмгузор бояд бошанд. Агар бонувон соҳибилму соҳибмаърифат бошанд, ҳатман ҷомеа пеш меравад, чунки тарбиятгари асосӣ дар оила зан — модар буда, фарзандон ҳатман аз дониши ӯ баҳра мегиранд.
Ятиму бечора касе нест, ки падару модараш реҳлат кардаву ӯро бепаноҳ, дармонда дар ҷой гузошта бошанд, балки ятиму бечора онест, ки аз омӯзиши илм дур мондаасту падару модараш машғули кори хеш мебошанд. Агар волидайн дар фароҳам овардани илмомӯзӣ ба фарзандон бетаваҷҷуҳ бошанд, пас дар пиронсолӣ аз ин гуна фарзанд ҳурмату эҳтиром, ёрӣ расондан ва ахлоқи ҳамидаро набояд интизор шаванд. Имом Муҳаммад Ғазолии Тӯсӣ дар асари «Насиҳат-ул-мулук» фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб мусаффо хоҳад шуд».
Зарина ИДИЗОДА,
муаллимаи калони кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт