Ду олими тоҷик соҳиби ҷоиза шуданд

№45-46 (3030-3031) 12.04.2013

Чанде пеш дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки он ба маросими супоридани ҷоизаи байналмилалии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон — Пайванд ба ду нафар олими шинохтаи тоҷик — Муҳаматқул Ҳазратқулов, сарходими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нурмуҳаммад Амиршоев, сармуҳаррири Энсиклопедияи миллии тоҷик, барои саҳмгузорӣ дар рушди илм ва дастовардҳои назарраси илмӣ, масъалагузорӣ, ҳалли илмии онҳо дар кушодани баъзе гиреҳҳои печидаи илмҳои фалсафа ва таърихи халқи тоҷик бахшида шуд. Олимони мазкур аз оғоз то ба имрӯз дар ҷодаи илм хастанопазирона фарҳанги тавонои тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, комёбиҳои илмиашонро барои пешрафту густариши маънавиёту худшиносии миллӣ равона менамоянд.

Чорабиниро академик М. Илолов — президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, дар бораи таърихи таъсисёбии ҷоизаи мазкур бо дастгирии «Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ», ҷаҳду талоши ватандӯстонаи «Пайванд» ба хотири боз ҳам наздиктар гардонидани тамоми тоҷикон, умуман форсизабонони ҷаҳон, тавассути илму фарҳанг ва адабиёт маълумот дод. Бояд гуфт, маротибаи сеюм аст, ки ҷоизаи мазкур насиби олимони тоҷик мегардад, ки аз заҳмату талоши ватандӯстиву миллатпарваронаи олимони тоҷик дарак медиҳад.

Донишманди эронӣ Масъуди Миршоҳӣ, ки дар тарғибу ташвиқ ва муаррифии таърих, адабиёт ва фарҳанги миллии тоҷикон дар бисёр кишварҳои олам, ба монанди ИМА, Фаронса, Италия, Испания саҳми бағоятдараҷа калон дорад, дар бораи сабаб ва ҳадафи таъсиси ҷоизаи мазкур, дурнамои Анҷуман бо дастгирии «Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ» нақл намуда, гуфт, ки таъсиси ҷоизаи дигаре ҳам солҳои наздик дар назар аст.

А. Шамолов, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишмандону нависандагони тоҷик Акбар Турсон, Барот Абдураҳмонов, шоираи истаравшанӣ Раънои Зоирдухт ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Орзу дар суханрониҳояшон хизматҳои назаррасу таърихии барандаҳои ҷоизаҳоро ёдовар шуданд.

 

Мирзо НУРАЛИЕВ,

«Садои мардум»