Тағйири қонун ба хонанда чӣ медиҳад?
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2023 ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҳоло вазорат лоиҳаеро омода карда истодааст, ки баъди қабули он ба хонандагони мактабҳои миёна истифодаи телефони мобилӣ, планшет ва ноутбук дар вақти дарс иҷозат дода мешавад.
Ҳоло лоиҳаи мазкур омодаю ба парламент пешниҳод нашудааст, вале моро мебояд сари паҳлуҳои мусбату манфии ин иқдом бигӯем, зеро ин масъала ҳамеша ду тараф хоҳад дошт.
Тағйири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» иҷозати ба мактаб бурдани телефону планшет ба хонандагон аз он ҷониб мусбат арзёбӣ мегардад, ки бачаҳо имкон меёбанд дар вақти норасоии китобҳои дарсӣ, аз китобҳои электронӣ истифода намоянд. Доир ба мавзуъҳои дарсӣ фаррохтар аз маводи китобҳояшон маълумот ёфта, истифода баранд ва дониши худро такмил диҳанд. Ҳамчунин, хонандагон бо истифодаи телефону планшет ва ноутбук имкон пайдо мекунанд, ки вазифаҳои гурӯҳиро бо ҳамсинфон зудтар ҳал кунанд.
Дар баробари ин, ба андешаи раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Нуруллозода, паҳлуҳои манфии ин иқдом зиёдтаранд.
- Манъ намудани истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактаб ягон ҳуқуқи кӯдакро маҳдуд намекунад. Албатта, баъзеҳо ақида доранд, ки дар ин замон маҳдуд намудани истифодаи телефон ба хонандагон як навъ тангназарӣ аст, вале ба фикри инҷониб, зиёд истифода бурдани телефону гаҷетҳо ба дониши комил гирифтан ва саломатии онҳо зарар дорад. Аз ҷониби дигар, ҳар гуна техника ҳангоми дарс хаёли хонандагонро парешон мекунад. Ҳамчунин, аз интернет танҳо маълумот гирифта мешавад, донишро аз китоб мегиранд.
Мегӯем, ки бачаҳо бо телефонҳои мобилиашон дар вақти дарс китоб мехонанд, вале касе чунин кафолат дода наметавонад. Ҳоло як муаллим 20 то 30 хонандаро бидуни телефон қариб, ки идора карда наметавонад, пас вақте ки ба онҳо телефону ноутбук диҳем, чӣ гуна идора мешаванд? Оё онҳо телефонро барои осонии дарс истифода мекунанд?
Ин саволҳоро бояд масъулин ҷавоб медоданд, вале аз маркази матбуотии Вазорати маориф ва илм ба мо иброз доштанд, ки ҳоло ин лоиҳа пешниҳод нашудааст ва чизе гуфта наметавонем.
Дар ин росто, гуфтан мумкин аст, ҳама имконоти телефонро, ки фикр дорем хонандагон дар вақти дарс истифода мекунанд, бигзор берун аз дарс анҷом диҳанд. Барои мисол, китобҳои дарсиро дар шакли электронӣ дар хона мутолиа кунанд, доир ба дилхоҳ мавзуъ ва вазифаи хонагӣ берун аз дарс маълумот гиранд.
Дар баробари ин, агар хонандагон бо телефони мобилӣ ба мактаб раванд, онҳо қариб, ки истироҳат намекунанд. Дар ин бобат ҳамсуҳбати мо Насиба Нуруллозода чунин андеша дорад:
- Ҷиҳати манфии дигари ин масъала он аст, ки ҳангоми танаффус хонандагон бо телефон машғул шуда, бо ҳамдигар камтар муошират мекунанд. Ба ҷойи муоширати ҳақиқӣ ба гуфтугӯҳои маҷозӣ одат мекунанд. Ин одат кардан онҳоро ба ҷое мерасонад, ки дигар малакаи одии муносибату муоширатро фаромӯш мекунанд. Чун танаффус барои истироҳату ором кардани асаб аст, доштану истифодаи телефон, хусусан бо интернет, бачаҳоро аз ин маҳрум мекунад.
Дар сурати қабул ё рад шудани иқдоми пешгирифтаи Вазорати маориф ва илм бояд масъалаи бехатариро дар мадди аввал монем. Бехатарӣ дар интернет, ки ҳоло аксари хонандагон дар он ҷо фаъоланд, набояд сода пиндошта шавад. Як амал, як сухан, як хато, ки дар як сония ба амал меояд, шояд бачаҳоро ба доми бало гузорад.
Ҳоло бачаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷамъ кардани «лайк»-у «просмотр»-у «коммент» аксу наворе нашр мекунанд, ки ҳам бар зарари худ ва ҳам бар зарари ҷомеа аст. Ҳамсинфон ба муносибати зодрӯзи якеашон дар сари соҳибҷашн тухм мешикананд ва дар он миён фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз «маросими туҳфасупорӣ» навору акс гирифта, дар интернет мегузоранд. Ин амалро борҳо дидем ва ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки чунин муносибатро бо муаллимон намекунанд.
Дар баробари он ки мо ба бачаҳоямон озодии ба қавле, мутлақ додаему ҳар гунае, ки мехоҳанд шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебаранд, бояд донист, ки ҳар қадами онҳо дар интернет назорат мешавад ва ҷавобгарӣ дорад. Ҳар «пост», «репост», «коммент», «лайк» ва ҳатто ҳар «просмотр»-и онҳо назорат мешавад.
Бадбахтона, ҳоло дар фазои маҷозӣ «зиндагӣ» кардан бисёр душвор аст. Бо эҳтиёт истифода кардану аз чашми бадхоҳон дур мондан яке аз муваффақиятҳои корбарони интернет ба ҳисоб меравад.
Беҳтар мешавад, ки ҳар субҳу шом телефони фарзандонамонро назорат кунем. Барои бехатарии худу онҳо телефонҳои хонаро ба як «аккаунт» дохил кунем. Ҳама дар як «аккаунт» будан маънои онро дорад, ки волидон аз ҳар қадами фарзандон бохабар мешаванд.
Инчунин, барои беташвиш будан ҳар нафар метавонад саҳифаҳои фарзандонашро дар телефонаш сабт кунад ва аз ҳар қадами онҳо бохабар бошад.
- Телефони мобилӣ ба волидайн имкони назорат кардани кӯдаконашонро зиёд менамояд, дар ҳолатҳои ғайричашмдошт кӯдак метавонад ба волидайн занг занад. Шояд беҳтар мешуд, хонандагон телефонҳои худро ҳамроҳ гиранд, вале ҳангоми ба дарс даромадан то ба хона рафтан телефонҳояшонро ба мудирияти мактаб супоранд. Дуруст, ки ин масъулияти роҳбарони синф ва кормандони бехатарии мактабро зиёд мекунад, вале роҳҳои ташкили ин корро ёфтан мумкин аст, — хулоса кард Насиба Нуруллозода.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурии мо аз соли 2007 инҷониб тибқи фармони вазири маориф бо телефони мобилӣ ба мактаб рафтан манъ аст. Аз моҳи марти соли 2009 вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро тасдиқ карданд, ки тибқи он истифодаи телефони мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ қонунан манъ аст.
Ба фикри мо, ҳоло тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз фоида дида зарари бештар дорад. Хонандагони тоҷик 14 сол шуд қонунан ҳуқуқи бурдан ва истифодаи телефони мобилиро дар ҳудуди мактаб надоранд, вале яку якбора ба онҳо чунин иҷозатро додан, шояд онҳоро нисбат ба дарсҳо бетаваҷҷуҳ гардонад.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
рӯзноманигор