«ДУРАХШАНДАГОН»- РОҲ БА ФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ ИЛМ

№62 (3542) 14.05.2016

Дар кишвари мо ҳафтод дарсади аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки неруи хеле бузург аст. Ин неру бояд баҳри пешрафти ҷомеа, барои хизмат ба халқу Ватан самаранок истифода шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри илмомӯзиву таҳсили насли имрӯза тамоми шароитро фароҳам овардаанд. Таъсиси квотаҳои президентӣ, бунёди мактабу литсейҳои президентӣ, сарпарастии ятимону бепарасторон, сол аз сол зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф ва илм аз он шаҳодат медиҳад, ки Президенти мамлакат аз рӯзҳои аввали сарварӣ сиёсати маорифпарваронаро пеш гирифта, соҳаи маорифро дар мадди аввал гузоштанд. Таъсиси Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  боз як иқдоме буд барои дастгирии ин соҳа. Марказ бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат соли 2005 таъсис ёфт ва дар ин замина барои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои пешқадами хориҷи дуру наздик, баҳри илмомӯзии ҷавонон, тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои хоҷагии халқ шароити мусоид фароҳам омад. Тибқи барномаҳои мазкур, ба  толибилмон роҳкиро, пули хобгоҳ ва ҳар моҳ стипендия дода мешавад. Сарфи назар аз вазъи ногувори молиявии солҳои охир, Пешвои миллат ба хотири саҳмгузории ҷавонон дар бунёди ҷомеаи мутараққӣ шароити зарурӣ фароҳам оварданд. Қабули «Барномаи  давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008- 2015» бо маблағи умумии 590 млн. сомонӣ, ки дар доираи он дар мамлакат беш аз 800 мактаб бунёду таъмир карда шуд, аз 20 то 30 дарсад зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва 30 дарсад баланд бардоштани идрорпулии донишҷӯён, аз ҷумлаи иқдомоти муҳими Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Давоми ҳафт сол (солҳои 2006- 2013) 6,7 маротиба зиёд шудани маблағгузории соҳаи маориф бошад, бозгӯйи дигари ин  ғамхориҳост.

Ман, ҳамчун гирандаи стипендияи президентии «Дурахшандагон» ва айни замон  докторанти Институти илмии тадқиқотии умумироссиягии чорводории Федератсияи Россия, бо бисёр унвонҷӯёну аспирантони дигар кишварҳо ҳамсуҳбат шудам ва дарёфтам, ки на ҳама кишварҳои абарқудрат даст ба чунин иқдоми нек мезананд,  ҳарчанд ки шароити иҷтимоию молиявию иқтисодиашон нисбат ба ҷумҳурии мо хеле хубтар аст. Ман ба ҷавонон муроҷиат карда, гуфтаниям, ки ба қадри ин ғамхориҳои Давлат ва Ҳукумат  расанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллатро самаранок татбиқ намуда, толибилмони болаёқату арзандаро барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ сафарбар менамояд.

Хурсандиовар аст, ки директори Маркази номбурда  Исматулло Шодиев дар татбиқи сиёсати кадрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  ҳиссаи муносиб мегузорад. Худ, ки ҷавон аст, қариб ки тамоми коргарони муассиса низ ҷавононанд. Албатта, боварӣ ба ҷавонон ва такя ба онҳо тақозои замон аст. Сиёсати маорифпарваронаи Сарвари  давлат шаҳодат медиҳад, ки насли наврас, тақдири минбаъдаи онҳо дар ҷомеа касеро бетараф намегузорад ва баҳри фардои дурахшони онҳо, ҳамчун созандагону бунёдкорони ояндаи ҷомеа, заминаҳои  мустаҳкаму боэътимод гузошта мешавад, зеро илм, дониш, заковат ва хирад омилҳои пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд. Аз номи худ ва аз номи толибилмони бурунмарзӣ, ки тавассути стипендияи президентии «Дурахшандагон» ба касби дониш ва илм машғуланд, миннатдорӣ ва  сипосу эҳтироми бепоёнро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои чунин ғамхориҳо баён намуда, ба ҷавонон муроҷиат карда мегӯям: Илму дониш омӯзеду касбу ҳунар аз худ кунед.

Чунки:

Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст,

Чизе, ки туро зи ғам раҳонад, илм аст.

Ҷуз илм талаб макун ту андар олам.

Роҳе, ки туро ба ҳақ расонад, илм аст.

 

Наҷмиддин РАҶАБОВ, муовини директори Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ