Садриддин Айнӣ яке аз чеҳраҳои тобноки адабиёти муосири тоҷик, поягузори адабиёт ва илму фарҳанги навини тоҷик, аввалин президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон (1951-1954), Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон ва РСС Ӯзбекистон, узви фахрии Академияи илмҳои РСС Ӯзбекистон мебошад.
Аз нашри нахустасари адабиётшиносии навини тоҷик «Намунаи адабиёти тоҷик», ки он маҳсули заҳмати зеҳнии устод дар як давраи ҳассоси таърихӣ мебошад, зиёда аз 90 сол пур шуд. Бо гузашти замон аҳамияти он дар зуҳур ва шаклгирии андешаи миллӣ ва худшиносии миллати тоҷик беш аз пеш меафзояд.
Дар робита ба ин, суҳбати хабарнигорамон бо ходими пешбари Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Абдухолиқи Набавӣ пешкаш мешавад.
- «Намунаи адабиёти тоҷик» дар шаклгирии худшиносии миллӣ чӣ саҳм дорад?
- Замоне ки тақсимоти марзию ҳудудӣ сурат гирифт, роҳ ба сӯйи эҳёи давлатдорӣ сангину фоҷиабор буд. Он замон пантуркистон бо тамоми қувва барои инкор кардани миллати тоҷик мубориза мебурданд. Устод Айнӣ дар ҳамон вазъият бо супориши роҳбарони Ҳукумати РСС Тоҷикистон ба навиштани асар дар бораи таърихи адабиёт оғоз кард, ки он соли 1926 дар шаҳри Москва бо сарсухани устод Лоҳутӣ бо номи «Намунаи адабиёти тоҷик» ба табъ расид. «Намунаи адабиёти тоҷик» аввалин номаи эътироз, кӯшиши ҳақталабӣ, шиносномаи миллат ва ибтидои худмуаррифӣ буд.
Устод Айнӣ бо ин асар қавми бумӣ, асосӣ ва қадимии ориётабори Осиёи Марказӣ будани тоҷикон ва забони ғанӣ, адабофар будани забони онҳоро бо далелҳои муътамад собит намуд.
«Намунаи адабиёти тоҷик», ки таърихи бештар аз ҳазорсолаи адабиёти форсу тоҷикро то аввалин падидаҳои адабиёти тоҷики замони шӯравӣ дар бар гирифтааст, якумин тадқиқоти бузурги Айнӣ оид ба мероси маънавии халқи тоҷик мебошад. Дар шароите ки пантуркистон, ба қавли устод, «бар зидди барпо шудани Ҷумҳурии Советии Тоҷикистон» иғво паҳн карда, «дар Осиёи Миёна тоҷик ном як халқ нест, инҳо ҳамон турконанд, ки ба таъсири эрониён ва мадраса забони худро гум кардаанд» мегуфтанд, ин асари бузурги тадқиқотӣ бо далелҳои таърихӣ «ба даҳони онҳо муҳри хомӯшӣ зад».
Ба таъбири академик Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ ба эътибори он саҳме, ки дар бунёди забону адабиёт ва илму фарҳанги нави он, дар зинда кардани таърих ва тасдиқи ҳастии мардуми тоҷик дорад, сазовор ба тавсифи «падари миллат» мебошад. Бисёр рамзист, ки дар замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, аз нахустин шахсиятҳое, ки сазовор ба унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» гардид, устод Айнӣ буд.
- Устод Айнӣ аз ислоҳоти мактаб дар Бухоро чӣ мехост?
- Дар ибтидои асри XX Садриддин Айнӣ ба сифати як фарди иҷтимоӣ, моил ба афкори ислоҳхоҳона ва чун шоиру насрнависи воқеъбин ташаккул меёфт. Ин замоне буд, ки ҳаракати рӯшангарии (маорифпарварии) Осиёи Марказӣ ба марҳилаи дувум қадам мениҳод. Муҳимтарин хусусияти ин марҳила иборат аз он буд, ки рӯшангарӣ аз доираи мактаб ва маҳфилҳои хонагӣ ба майдони иҷтимоъ баромад ва дарвоқеъ, рӯшангарон ба ислоҳоти амалӣ сар карданд. Ин амал аз ислоҳоти мактаб оғоз гардид.
Нахустин мактаби нав, ки усули савтия ё «мактаби ҷадид» ном дошт, соли 1903 дар Самарқанд аз ҷониби Абдуқодири Шакурӣ (1875- 1943) ташкил шуд. Овозаи ин мактаб ба Бухоро мерасад ва як гурӯҳ аҳли зиё – Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Садриддин Айнӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ бо он ошно шуда, соли 1908 дар Бухоро аввалин мактаби усули навро боз мекунанд ва ба ҳамин сабаб ҳаракати нави ислоҳхоҳон бо номи «мактаби ҷадид» чун ҳаракати ҷадидия машҳур мегардад.
Садриддин Айнӣ дар ҳаракат баҳри тавсеа бахшидани кори мактабҳои нав фаъолона иштирок карда, китобҳои дарсӣ менавишт. «Таҳзиб-ус- сибён» (1917), «Заруриёти динӣ» (1914) ва «Тартиб-ул — Қуръон» (1919) аз зумраи дастурҳои таълимие буданд, ки акнун дар мактабҳои ҷадид дарс дода мешуданд.
Садриддин Айнӣ ҳамроҳи ҳамсафони нав як ҷамъияти махфӣ бо номи «Тарбияи атфол» таъсис доданд, ки мақсади он ислоҳоти маориф ва ривоҷи он бошад ҳам, аъзои он ба масъалаҳои иҷтимоиву сиёсии кишвар – «инқилоби фикрии Бухоро» бетафовут набуданд.
Баъди инқилоби феврали соли 1917, замоне ки амири Бухоро фармон дар бораи ислоҳотро эълон дошт, барои Айнӣ гарон афтод. Амир дар зери таъсири мутаассибони куҳнагаро балвои акси ислоҳотро созмон дод ва ислоҳхоҳонро таъқиб кард. Аксари ҷадидон рӯ ба гурез ниҳоданд.
Айнӣ зидди намоиш буд ва дар он иштирок надошт. Аммо бо ташвиқи мутаассибон дастгир шуд ва ӯро бо ҳукми амир 75 чӯб зада, ба зиндон партофтанд. Айниро аскарони рус озод карда, ба Когон бурданд, ки пас аз гузаронидани 25 амалиёти ҷарроҳӣ ва баъди шифо ёфтан аз Бухоро ба Самарқанд кӯчид.
Барои Садриддин Айнӣ ин давра — давраи мушкилтарини зиндагӣ ба шумор мерафт. Ҳарчанд ӯро дар Самарқанд хуш пазируфтанд, вале ояндаи номаълум, таҳдидҳо аз ҷониби ҷосусони амир ва намояндагони «Шӯрои ислом» бо сардории Ҳоҷӣ Исохон чанд муддат ӯро рӯҳафтода карданд. Бо вуҷуди ин, вай таҳти ҳимояи Ҳукумати Россия муқими Самарқанд гардид. Ӯ дар ин ҷо, асосан, асарҳои эътирозӣ «Марсия» ва инқилобӣ — «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби октябр»-ро навишт ва дар ҳамин рӯҳия Инқилоби Бухороро (2 сентябри соли 1920) пешвоз гирифт.
- Дар табдили алифбои арабиасос Айнӣ чӣ нақш дорад?
- Аввали солҳои 20-уми асри гузашта ҷараёни ба истилоҳ, «сохтмони забонҳо» оғоз гардид, ки масъалаҳои табдили алифбо ва муайян кардани меъёрҳои забони адабии муосирро фаро мегирифт. Ин чорабинии сиёсӣ иҷборӣ буд, на аз рӯйи ҳаваси шахсони алоҳида. Аз ин рӯ, фикри он ки «устод Айнӣ дар табдили алифбое, ки ҳазор сол умр дорад, саҳлангорӣ кардааст», асос надорад. Табдили алифбо як амали нақшавӣ буд. Ба ин маънӣ тағйири расмулхати тоҷикӣ фақат ба хотири ҳар чӣ зудтар саводнок кардани мардуми одӣ набуд. Ғараз аз табдили хат тезондани инқилоби мадание буд, ки ҳар чӣ зудтар ба воя расидани «одами советӣ»-ро мақсаду маром қарор дод.
Як сабаби дигари тағйири алифбо шояд ҳамҷаворӣ бо Афғонистону Эрон бошад, ки хатти муштарак доштани онҳо ба муттаҳидшавии тоҷикони бурунмарзӣ оварда мерасонд. Аз ин зимомдорони вақт, хоса роҳбари аввал — Сталин хавф дошт.
Чун устод Айнӣ ва ҳамсафони ӯ донистанд, ки дигар илоҷ надоранд ва алифбо бояд табдил ёбад, кӯшиш карданд, то алифбои наве тартиб дода шавад, ки ба овои забони тоҷикӣ мувофиқ бошад.
Дар ин кор, устод Айнӣ бо мақолаҳои худ – «Дунёи нав ва алифбои нав», «Масъалаи таърихӣ дар гирди алифбои нави тоҷикӣ», «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» хусусияти забони адабии тоҷик ва созгории онро бо алифбои нав нишон дод. Аммо худи устод Айнӣ то охири умр ба форсӣ менавишт ва ба хатти ниёгон эҳтироми хоса дошт.
Муҳаққиқон ба забони ширин, бетакаллуф ва рангину равони устод Айнӣ баҳои баланд додаанд. Забон ва сабки асарҳои ӯро ба шеваю услуби «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ ҳамсон медонанд.
Айнӣ ба забон ва адабиёт маҳбубияти махсус дошт, зеҳнаш пайваста машғули тозагии забон буд. Эродҳои ӯ ба нуқсонҳои услубии ҷумлабандӣ ҳангоми тарҷума, ҷой ва тарзи кор фармудани ҷамъбандии исмҳо, истифодаи маҳдуди калимаҳо, қолабҳои сарфу наҳви забон гувоҳи гуфтаҳои боло мебошанд.
Аввалин коре, ки дар ин ҷода кард, таҳрири романи «Шодӣ»-и Ҷалол Икромӣ буд.
- Чаро «Ёддоштҳо» нотамом монд?
- Устод Айнӣ ба навиштани «Ёддоштҳо» дар 70-солагӣ шурӯъ кард. Аммо коре, ки ними умр дар орзуяш буд, нотамом монд. Ҳарчанд неруи ҷисмониаш кам шуда, андешаҳои ғамангез ӯро фаро мегирифтанд, устод нақша ва тарҳи ин асари муҳташамро қаблан кашида буд ва онро як навъ ҷамъбасти эҷодиёт меҳисобид, нигаронӣ дошт, ки дар назди таърих ва мардум қарздор намонад.
«Ёддоштҳо» асари серпаҳлу ва пурдомана буда, бояд таърихи халқи тоҷикро аз чоряки чоруми асри XIX то инқилоби Бухоро фаро мегирифт. Вале умр барои устод вафо накард. Аммо ӯ бо номи «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» асаре таълиф намуд ва онро барои нашр ба Бухоро фиристод, вале ин асар гум шуд. Устод Айнӣ то охири умр дар орзу ва дарёфти ин асар буд ва ба писараш Камолиддин васият кард, ки дар сурати пайдо кардани он чун ҷилди 5-уми «Ёддоштҳо» ба табъ расонад. «Таърихи Инқилоби фикрӣ дар Бухоро» соли 2005 ёфт шуд ва чун ҷилди XIV «Куллиёти Айнӣ» ба табъ расид.
Ҳамин тариқ, устод Айнӣ ба сифати поягузори забону адабиёти нави тоҷикӣ хидмати бесобиқаи таърихиро анҷом дод.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»