23 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳукуки муаллиф

Душанбе метавонад «Пойтахти ҷаҳонии китоб» бошад

№43 (3680) 22.04.2017

Соли 1995 ЮНЕСКО 23 апрелро Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳукуки муаллиф эълон намуд, ки ба ин муносибат ҳар сол дар беш аз сад давлати ҷаҳон чорабинӣ баргузор мегарданд.

Ин тадбир ба ҷалби ҳар чӣ бештари аҳолии сайёра ба китобхониву ҳамкории муассисаҳои интишоротӣ, таквияти ҳифзи ҳукукҳои муаллиф ва густариши фаъолияти ноширону паҳнкунандагони китоб равона шудааст. аз соли 2000 бо ибтикори се ташкилоти байналмилалӣ — Иттиҳоди байналмилалии ноширон (IPA), Федератсияи байналмилалии китобфурӯшон (IFB), Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳо ва муассисаҳои китобдорӣ (IFLA) ҳар сол эълон намудани пойтахти яке аз давлатҳои ҷаҳон ба ҳайси ғолиби озмуни «Пойтахти ҷаҳонии китоб» аз ҷониби ЮНЕСКО дастгирӣ мегардад. Тибки талаботи Кумитаи машваратии озмун ҳар сол пойтахти давлатҳои ҷаҳон ба ҳайси номзад пешниҳод гардида, яке аз онҳо баъд аз таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда ғолиби озмун мегардад. Шаҳри ғолибомада вазифадор мешавад, ки тӯли як сол чорабиниҳои марбут ба китобро дар доираи барномаи тасдикшуда амалӣ гардонад.

Бори нахуст, соли 2001 унвони «Пойтахти ҷаҳонии китоб»-ро шаҳри Мадриди Испания соҳиб шудааст. Баъдан, соли 2002 — Александрияи Миср, соли 2003 — Ню — Деҳлии Ҳиндустон, соли 2004 — Антверпени Белгия, соли 2005 — Монреали Канада, соли 2006 — Турини Италия, соли 2007 — Баготаи Колумбия, соли 2008 — Амстердами  Нидерландия, соли 2009 — Бейрути Лубнон, соли 2010 — Люблянаи Словения, соли 2011- Буэнос-Айреси Аргентина, соли 2012 — Еревани Арманистон, соли 2013 — Бангкоки Тайланд, соли 2014 — Порт-Харкорти Нигерия, соли 2015 — Инчхони Ҷумҳурии Корея ва соли 2016 Вротслави Лаҳистон сазовор шуданд.

Имсол «Пойтахти ҷаҳонии китоб» шаҳри Конакри Ҷумҳурии Гвинея интихоб шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Тоҷикистон низ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии марбут ба китоб таҷрибаи кофӣ дошта, ҳар сол дар ҷумҳурӣ 4 сентябр – Рӯзи китоб ҷашн гирифта, фестивал — озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону нав­расон», «Китоб ва мусикӣ барои кӯдакону наврасони Тоҷикистон», «Библио­марафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ», Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол», Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегарданд. Ҳамчунин, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Чароғи ҳидоят», «Дониш талабу бузургӣ омӯз», «Китобхонаи намунавӣ» аз он шаҳодат медиҳанд, ки кормандони соҳа дар иҷрои масъулият комёбанд.

Дар шаҳри Душанбе Китобхонаи миллӣ фаъолият дорад, ки аз лиҳози масоҳат, фонд, хадамоти иттилоотӣ ва ташкилу баргузории чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ низ китобхонаҳои наву замонавӣ сохта шуда, сифати нашри китоб хеле беҳбудӣ ёфтааст.

Бинобар ин, бамаврид аст, ки макомоти марбута номзадии шаҳри Душанберо барои соҳиб шудан ба унвони «Пойтахти ҷаҳонии китоб» ба Кумитаи машваратии озмун пешниҳод намояд. Муътакидам, ки барои ин икдом дар ҷумҳурӣ шароити зарурӣ фароҳам аст.

Шариф КОМИЛЗОДА,

директори Пажӯҳишгоҳи

илмӣ-тадкикотии

фарҳанг ва иттилооти

Вазорати фарҳанги 

Ҷумҳурии Тоҷикистон