Омӯзгорони мо

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд…

№74 (3220) 08.07.2014

DSCF0299

Муаррифинома

Саида Ғаффорова соли 2003 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Ёвонро хатм намуда, ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дохил мешавад. Донишгоҳи мазкурро бо дипломи сурх хатм карда, ба зодгоҳаш ба кор меравад.

Соли 2010 ҳуҷҷатҳояшро ба аспирантураи донишгоҳи фавқуззикр супорида, ба таҳияи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Тасвири воқеияти зиндагӣ дар романи «Се рӯзи як баҳор»-и Саттор Турсун» шурӯъ намуда, фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе идома медиҳад.

Баробари корҳои педагогӣ мақолаҳои илмӣ- педагогиро дар маҷаллаю рӯзномаҳои «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ», «Суханшинос», «Гардиш», «Омӯзгор», «Омӯзгори ҷавон» ба табъ расондааст. Барномаи забони модарӣ барои факултетҳои ғайрифилологии коллеҷҳои омӯзгориро тартиб додааст, ки аз чоп баромадаву мавриди истифодаи омӯзгорон қарор дорад.

 Моҳи апрели соли равон ба муносибати 90- солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ  ба ғолибони озмунҳои «Муаллими сол», «Директори сол», «Мураббии сол», «Волидайни беҳтарини сол» доир гашт. Хабарнигорамон бо ғолиби озмуни «Муаллими сол» — Саида Ғаффорова мусоҳиба доир намуд, ки фишурдаи он пешниҳоди хонандаи арҷманд мегардад.

- Ширкат дар сатҳҳои гуногуни озмуни «Муаллими сол» чӣ талаботро дар бар мегирифт?

- Моҳи январи соли сипаришуда Шӯрои педагогии мактаб баргузор шуд. Ҳамон вақт коллективи омӯзгорони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 15 номзадии маро барои иштирок дар озмуни шаҳрии «Муаллими сол» пешниҳод карданд. Ростӣ, аввал розӣ нашудам, чунки мутахассиси ҷавон будам ва дар соҳаи омӯзгорӣ ҳамагӣ панҷ сол собиқаи корӣ доштам. Дар озмуни «Муаллими сол» омӯзгороне иштирок мекунанд, ки таҷрибаи зиёд доранд.   Вақте дастгирии ҳамкоронро эҳсос намудам, рӯҳбаланд гашта,  розӣ шудам, ки дар озмун иштирок намоям.

Даври ноҳиявии озмун 13 марти соли 2013 оғоз гардид ва  аз ноҳияи Шоҳмансур  12 нафар довталаб будем. Шарти аввали озмун — ҳисоботи эҷодӣ рӯзи якум баргузор шуд ва ман дар доираи 30 дақиқа баромад карда, онро бо усулҳои фаъоли таълим муаррифӣ кардам.

Шарти дуюми озмун  намоиши корҳои эҷодии хонандагон ва  омӯзгорон маҳсуб меёфт. Дар ин шарти озмун аз ҷониби ҳайати доварон баҳои баландро шарафёб гардидам, чунки мақолаҳои илмӣ ва тарбиявии зиёд пешниҳод кардам ва ин яке аз шартҳои асосии озмун буд.

Шарти дигари озмун донистани компютер ва технологияҳои нав буд, ки сарбаландона аз ин шарти озмун низ гузаштам. Тариқи шабакаи Интернет кушодани почта, ирсол кардани мавод, кор бо барномаҳои Word, Ехсеl ва монанди инҳо аз талаботи он ба шумор мерафт. Яке аз шартҳои душвортарини озмун   ин дарс додан дар синф ва мактаби бегона буд. Яъне, омӯзгорони мактабҳои дигар дар мактаби мо дарс гузаштанд. Маро бошад, ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 65 фиристоданд. Бо синфҳои 11-ум дар мавзӯи «Лоиқ Шералӣ ва модарномаи ӯ» бояд дарс мегузаштам. Дарсро бо шеъри «Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам» оғоз кардам. Ниҳоят, дар озмуни ноҳиявӣ миёни 12 нафар ғолибиятро ба даст овардам.

Озмуни шаҳрӣ охири моҳи майи соли гузашта баргузор шуд. Ба мактаб занг зада гуфтанд, ки ғолиби озмуни «Муаллими сол»-ро ба Раёсати маорифи шаҳри Душанбе фиристед. Ба Раёсати маориф рафтам. Аллакай ғолибони озмун аз ноҳияҳои дигар ҷамъ омада буданд. Қуръапартоӣ шуд. Пагоҳ ҳамаамон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №30 — и ноҳияи Фирдавсӣ бояд дарс мегузаштем. Тибқи қуръапартоӣ  ман бояд соати тарбиявиро дар мавзӯи «Меҳри модар, қадри модар» мегузарондам. Дар рафти дарс аз шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ва воситаҳои электрониву технологияи муосир истифода намудам. Ба он баҳои баланд доданд.

- Лутфан усулҳои таълимӣ- методии дар раванди дарс истифода намудаатонро шарҳ диҳед?

-Ноил шудан ба ин қадрдониҳо, пеш аз ҳама, самараи дастгириву роҳнамоии ҳамкорон аст. Ман аз ноҳия омадам ва дар шаҳр аз ҷониби роҳбарияти мактаб ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтам. Тавре ки бузургони мо мефармоянд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Бо хонанда мувофиқ ба синну солаш машғулият гузарондан лозим аст. Вақте ба синфҳои 10 ва 11  дарс медиҳам, кӯшиш менамоям, ки вобаста ба фаҳмиш ва завқи онҳо дарс гузарам. Супориш медиҳам, ки вобаста ба мавзӯъ дар компютер муаррифиномаву слайдҳо омода кунанд. Онҳо ин корро ба ҷо меоранд ва ман дарсро пурра мекунам. Имрӯз усулҳои фаъоли таълим хеле зиёд шудаанд. Масалан, усули  кластерро бачаҳо бештар дӯст медоранд. Усули дигар инсерт мебошад. Дар ин усул чор сархат вуҷуд дорад. Якум -«Медонам». Маълумоти умумӣ, ки ҳама медонанд. Дуюм маълумоти нав — «Донистам». Дар ин усул хонанда мегӯяд, ки чиҳоро нав омӯхт. Сеюм -«Нофаҳмо» ва чорум, «Донистан мехоҳам». Зимни он хонанда мегӯяд, ки  чиро донистан мехоҳад. Чунин усулҳоро дар вақти дарс истифода мекунем, ки ҳам барои омӯзгор ва ҳам барои хонандагон раванди дарсро осонтар мегардонад.

Шароити таълиму тарбия дар мактабҳо дар сатҳи хуб қарор дорад. Рушди соҳаи маориф ҳамеша зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маоши муаллимон сол то сол баланд шуда истодааст.  Муаллимон дар мактабҳо бояд аз усулҳои фаъоли таълим ва технологияи муосир таври густурда истифода намоянд.

 - Баҳри  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15 чӣ тадбирҳо андешида мешавад?

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» назди мо — омӯзгорон, падару модарон, умуман аҳли ҷомеа вазифаҳои нав мегузорад. Таълиму тарбияи фарзанд бояд, пеш аз ҳама, дар муҳити оила сурат гирад. Пеш аз қабули ин қонун мушоҳида мешуд, ки раванди таълиму тарбияи фарзанд дар бисёр оилаҳо дар мадди аввал қарор надошт. Баъзе аз волидон намедонистанд, ки фарзандашон дар синфи чанд мехонад ва оё ба дарсҳо меравад ё не? Дар маҷлиси падару модарон ширкат намекарданд. Баъди қабули ин қонун робитаи устувори байни мактабу оила ба миён омад. Аз ҷумла муаллимони мактаб бо оилаҳои хонандагон ҳамеша дар иртибот ҳастанд ва бетарафӣ нисбати одобу дониши хонандагон аз ҷониби волидонашон ба мушоҳида намерасад.

-Миёни шогирдонатон ғолибони озмунҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ ҳастанд?

- Имсол дар ноҳия озмуни «Хонандаи сол» баргузор гардид, ки хонандаи синфи 10-уми мактаби мо Ёсимин Авазбекова сазовори ҷойи аввал гардид. Хонандаи дигари мо — Мастура Ғуломова ба нависандагӣ  шуғл меварзад ва китоби худро бо номи «Зеркало» соли гузашта дар Рӯзи ҷавонон ба Сарвари давлат туҳфа намуда буд. Ин китоб бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп гардидааст.

Хонандагони мо дар мусобиқаҳои варзишӣ низ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Аминҷон Қобилов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  оид ба шоҳмот қувваозмоӣ намуда, соҳиби ҷойи сеюм гардид. Фаррух Замиров ва Амриддин Турахонов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тирпарронӣ сазовори ҷойи якум гардиданд. Олим Назриев дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба «дзюдо», ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гашт.

-Аз ҷоизаи «Муаллими сол»-ро гирифтанатон чӣ таассуроте боқӣ мондааст ва барои такмили касби худ чӣ тадбирҳо андешиданиед?

- 19- уми апрели соли 2014 барои ман рӯзи фаромӯшнашуданӣ буд. Дар ин рӯз Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бароям ҳамчун ғолиби озмуни «Муаллими сол» ҷоиза супурд. Вақте ки номи маро ҳамчун ғолиб хонданд, эҳсоси шодмонӣ вуҷудамро фаро гирифт. Он лаҳзаҳо аз давлати соҳибистиқлол, аз дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумат шукрона мекардам.  Ашки шодӣ аз чашмонам ҷорӣ шуд. Вақте моро қадр мекунанд, мо бояд сазовори боварӣ ва қадрдонӣ бошем. Кӯшиш мекунам, ки дар оянда низ барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми қувваи худро равона кунам.

Мусоҳиб Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»