Чанде пеш дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» маҳфили гиромидошти шоири зиндаёд Ғоиб Сафарзода таҳти унвони «Агар умр вафо мекард» баргузор гардид. Дар оғози он директори муассиса Ҳисайн Сафарзода бо таассуф гуфт:
- Ғоиб Сафарзода умри зиёд надид, 32 сол дошт, ки марг гиребонгираш шуд. Аммо осори гаронбаҳо аз худ боқӣ гузошт. Шеъри ӯ саршори хислатҳои наҷиби инсонӣ, ишқу муҳаббати пок, накукорӣ, дӯстию рафоқат аст.
- Дӯстону ҳамсабақони Ғоиб Сафарзода, ки аксаран аҳли зиё ҳастанд, хостанд барои гиромидошти хотири ӯ дар ҷое маҳфили ёдбуд баргузор кунанд, аммо шодравон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, ки бо ӯ қаробати бештар дошт, дар хонаи худ ин корро анҷом дод. Дар он маҳфил Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Раҷаб Мардон ва дигар ҳамсабақони марҳум иштирок карда, аз эҷодиёт, хислатҳои наҷиб, ҳиссиёти баланди инсондӯстонааш сухан карданд, — гуфт Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов.
Дӯсти даврони бачагии шоир Раҷаб Мардон баъди ёдоварии овони донишҷӯӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба эътирофи эҷодиёти Ғоиб Сафарзода аз тарафи шоир Лоиқ Шералӣ ҷалб кард. Аз он ёдовар шуд, ки: «вақте Лоиқ Шералиро ба ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ сарфароз гардониданд, гуфт: «Агар марги нобаҳангом Ғоиб Сафарзодаро аз байн намебурд, ин ҷоиза насиби ӯ буд».
Дар маҳфил сарояндагони шинохта Чиллахон Холов, Қурбоналӣ Раҳмонов ва ҳаваскорони хурдсоли гимназияи рақами 2-и шаҳри Душанбе аз эҷодиёти Ғоиб Сафарзода шеъру сурудхонӣ карданд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»