«Эҳёи миллат – бақои давлат» – рисолат ва мавзӯи рӯз

№129 (4712) 30.10.2023

Андешаҳо дар бобати рисолаи профессор С. Ятимов

Мақолаи профессор С. Ятимов таҳти унвони «Эҳёи миллат — бақои давлат» бо моҳияти фарогири идео­логӣ ҳамоҳанги замон буда, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ (бархӯрди мафкураҳо) хосияти мушаххаси роҳнамоӣ дорад. Ҳар сари чанд вақт таълифу ба нашр расонидани чунин матолиб, ки мавриди баҳсу таҳлилҳои аҳли зиё қарор мегиранд, гувоҳи таҳлил намуда тавонистани фазои маънавию сиёсии имрӯзу ояндаи ҷомеа аз ҷониби муаллиф мебошад. Рисола зина ба зина бо руҷӯъҳои бо ҳам алоқаманд аксар муаммоҳои муосиру таърихии ҷомеасозӣ ва давлати миллиро дар бар гирифта, ифодагар ва идомаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дар муқаддима бо шеваи фалсафӣ тавзеҳи мафҳуми «мавҷудоти соҳибшуур» (инсон) аз чанд дидгоҳ ҷараён пайдо карда, ҳадафи ҳастии инсон, бо назардошти амалу андешаҳояш шарҳи маҷмӯӣ меёбанд. Профессор С. Ятимов бо мантиқи амиқи илмӣ меҳвари мақ­садро дармеёбад ва як сабку услуби хосаи муаллиф он аст, ки бо пешниҳоди матлаб мураккаббаён нест. Муаллиф бо назарияҳои универсалӣ ва таҳлили қиёсии илмӣ хуб балад аст ва гуфтори шифоҳию китобии эшон (ин андеша дар заминаи танҳо ду мушоҳида аст) тақрибан дар як сатҳ қарор доранд. Аслан, дар заминаи таҷрибаҳо гуфтан мумкин аст, ки ин гуна муҳаққиқони истеъдодманд бо ҳофизаи устувор ва ҷаҳонбиниҳои васеъ дар ду ҷанба (шифоҳию китобӣ) яксон муваффақ мебошанд. Ба ин мазмун, барои дарки саҳли хонанда бо пафоси хос ҳамчун як донишманд талқин менамояд, ки «…таърихи инсоният, дар маҷмӯъ, таърихи сулҳ нест» ва ин андешаи пурҳикмат бо осори адибони классики мо ҳамоҳангӣ дошта, ишора ба воқеияту ҳақиқати зиндагии инсон менамояд. Ҷиҳати дигар он аст, ки дар рисолаҳою мақолаҳои устод С. Ятимов андеша бо тавзеҳи андеша сурат мегирад, ки баъди он дар фаҳмиши ҳадаф монеае боқӣ намемонад. Масалан, «…таърихи сулҳ нест…» гуфтани муаллиф ба он иртибот дода мешавад, ки ин мавҷудоти соҳибшуур ҳамеша аз пайи манфиат («забони манфиат» — С.Я) роҳи зиндагиро ҷӯё мешавад.

Як хосияти назарраси рисола он аст, ки дар он ҷуръати илмӣ ва ҳукму хулосаҳо қатъӣ мешаванд. Ҳукму хулосаҳо асоснок сурат мегиранд ва ҳар як ҷузъиёт илман собитшуда мебошанд. Ин ҷиҳат дар қисмати «Давлат ва ­масъалаҳои ҷаҳонбинӣ» хеле равшан падидор аст. Давлат аз нигоҳи муаллиф аз се ҷанба — амният, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт таркиб ёфта, аз лиҳози фарогирӣ кулли шохаҳою ҷараёнҳои инкишофи ҳаётро дар ботини худ нигоҳ доштаанд. Дар ҳақиқат яклухтӣ, мухторӣ ва озодманишӣ пойдевори аслии давлат аст ва ҷои инкор низ нест, ки дар сурати «инкор гардидан ва рахна гардидан» — и яке аз ин се унсур давлат нест мешавад. Тавре дар оғоз ишора гардид, муаллиф, бо назардошти таҳоҷум ба олами афкори ҷомеа (ғасби олами мафкура) дар шароити ҷаҳонишавӣ, андешаҳояшро самт бахшида, ҷаҳонбинии оммаро ҳам мураккаб ва ҳам осебпазир медонад, ки он воқеияти ҷаҳони муосир мебошад. Ҳарчанд дар ин самт мисоли мушаххас пеш оварда нашавад ҳам, хеле нозукона ибораи «таҷрибаи байналхалқӣ» ба ­бисёр масъалаҳо ишора менамояд, ки дар доираи он хонандаи закӣ асли мақсадро зуд дарк менамояд. Ҷои шубҳа нест, ки мувофиқати ҷаҳонбинии омма ба сохти давлатдорӣ дар ҳама давру замонҳо масъалаи калидӣ ба шумор меравад ва мағзи андешаҳои муаллиф дар ин қисмат ҳамин аст. Яъне, идеология ва мафкурасозии мудовим дар ҷомеа кафолати бақои давлат аст ва ҳеҷ гоҳе бетафовутӣ, саҳлангорӣ ва муносибати лоқайдона пояҳои давлати миллиро таҳким бахшида наметавонанд.

Дар масъалаи давлати миллӣ, ҷаҳонбинии миллӣ ва маънавияти миллӣ бештар аз дидгоҳи ҳуқуқӣ, фарҳангию сиёсӣ баҳс ороста мешавад. Ҳимояи арзишҳо ва дар сангарҳои зиёд қарор гирифтани гурӯҳҳои гуногун низ, то ҳадде пойбанди манфиатҳо қарор гирифтани ин гурӯҳҳо ба шумор рафта, вобастагии он ба муҳтавою мундариҷаи ҷаҳонбиниҳо нишон дода мешавад. Мутафаккир хеле дақиқкорона амвоҷи номутаносибии авзои иҷтимоиро дар мутавозун набудани ҷаҳонбинии миллӣ ва олами таассубу хурофот нишон додааст, ки натиҷаи манфии онро имрӯз дар мамолики зиёди Шарқи наздик (бештар мамолики арабӣ) дидан мумкин аст. Манфиат ҳамчун як категорияи илмӣ бо паҳлуҳои гуногун шарҳ дода мешавад. Дар ин самт наметавон аз фанатизми динӣ қатъи назар кард, ки он дар навбати аввали ҷуз ҷаҳолат чизи дигаре нест. Муносибати муаллиф ба масъалаҳо аз мавқеи гуманизм ва патриотизм сурат мегирад ва тавсеаи андешаҳояш гувоҳи огаҳ будани ӯ аз ҷараёнҳои гуногуни иҷтимоӣ аст. Муҳаққиқ С. Ятимов дар ҷумлаи «Ана, ҳамин аст дастоварди бузурги воқеӣ ва таърихии ононе, ки мехос­танд ва мехоҳанд мардуми мусулмонро якумр ғулом, дастнигар, мутеъ, ҷоҳил, вобаста ва олоти муборизаи худӣ дар муқобили худиҳо,  завқманди рехтани хуни якдигар бинанд…» ҷараёну шохаҳои сиёсатҳо ва идеологияҳои таҳмилиро, ки дақиқан пойбанди манфиатҳои ҷомеаҳою гурӯҳҳои зиёд мебошанд, хеле равшан баён кардааст. Имрӯзҳо маълум гаштааст, ки захираҳои моддӣ (нефт, газ, об, замин ва ғ.) ҳамчун меҳвари манфиату муборизаҳо аз даст нарафта бошанд ҳам, мутаассифона, ба маънои нисбатан дағал — инсон ба ин меҳвару объекти манфиатҳо (эпидемияҳо, ҷангҳо, инқилобҳо, табаддулотҳо, мухолифатҳои шаҳрвандӣ ва ғ.) табдил ёфта истодааст. Табиист, ки дар зери нишону ҳадаф он ҷомеаҳое қарор гирифта метавонанд, ки маънавияти заиф ва ғафлати комил доранд. Ин ғафлат пойбанди таассубу хурофот гардидани ҷомеа ва холигаҳи олами афкори ин ҷомеа мебошад. Ин эҳтимолият барои ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дошта метавонад. Тоҷикистон дар минтақаи геополитикии ҳассос қарор гирифтааст ва фазои иҷтимоию сиёсии он аз таъсири авзои сиёсию иҷтимоии ҳамсояҳои дуру наздик осебпазир буда метавонад. Сиёсатҳои таҳмилии маҳвсозанда дар аксар манотиқи ҷаҳон вуҷуд доранд ва ин нуқтаҳоро муаллиф ҳамчун мутахассис хеле хуб дар як сарсатр баён кардааст: «…дастоварди ниҳоят хатарноки душманони мо иборат аз он аст, ки таассуб, хурофот, фанатизми динӣ – мазҳабӣ, эҳсоси Тоҷик будан, Тоҷикият, эҳтиром, муҳаббат ва  садоқатро ба мафҳуми Миллат, Ватан ва Ватандорӣ нобуд месозад. Ба сифр мубаддал мегардонад. Ҳамчун лашкари бе пул дасти ифротгароён, террористонро аз ҳисоби фарзандони ҳамин миллат, дар муқобили ҳарими муқаддаси  бунёди давлатсозӣ, давлатдории миллӣ, марзу бум  ва суботи он боз мекунад. Аз ин намунаҳо дар мисолҳои таърихӣ ва давраи муосири воқеии Тоҷикистон ва кишвари ҳамсояи он ҳазоронанд». Дар ин самт вазифаи маориф ҳамчун сипари ҳимоятӣ муқаддам дониста мешавад ва тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи зидди таассуб як навъ сангаргирӣ дар муқобили маҷроҳои зиёди таҳдидкунанда дониста мешавад.

Яке аз қисматҳои ҷолиб, реалӣ ва холисонаи рисолаи С. Ятимов ин «Рӯҳоният ва даврони эҳё» мебошад. Мусаллам аст, ки ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ намудани таъинот, назария ва амалияи дин дар шароити имрӯза муҳимтарин ҳадаф буда метавонад. Бо оҳанги такрор боз ҳамон андешаро таъкид намудан лозим аст, ки дин ин фарҳанг аст. Аз он ки динро дар шароити имрӯза сиёсӣ сохтаанд ва онро чун силоҳи сиёсӣ истифода мекунанд, ин ба ҷуз, бадбахтии ҳамон соҳибони дин чизи дигаре нест. Нисбат ба дини ислом ин муносибат бештар раво дида шудааст ва ҳолатҳое, ки баъзан диндорони мо аз дини худ манфиат меҷӯянд, дар замони имрӯзу гузашта кам набуданд ва нестанд. С. Ятимов ба ин масъала (шояд ҳамчун нишони эҳтиром ба дину эътиқоди аҷдодӣ) аз дигар оламу равзана мисол меорад: «Эҳёгарон интихобан бо беҳтарин ходимони дин, роҳибон, диншиносон,  донандагони «Инҷил», ки аз мардуми соҳибмаърифат буданду ҳиссиёти баланди ватанпарастӣ ва миллатдӯстӣ доштанд, ба ҳам  омаданд. Хулосабардорӣ карданд, ки муддати садсолаҳо ходимони дини манфиатҷӯ ба «Инҷил» ва дигар адабиёти тафсири он нуктаҳоеро худсарона илова кардаанд, ки танҳо ба манфиат ва манзалати шахсии табақаи рӯҳонӣ хизмат мекунанд. Бисёре аз чунин иловаҳои сохта ва тафсирҳои бофта ба сарчашмаи хурофоту таассуб ва манбаи даромади ходимони дин мубаддал гаштаанд». Ишора ба таъбири Эразм Ротердамский низ андешаҳои муаллифро пурратар месозанд. Мисоли пешовардаи муаллиф нисбат ба фазои иҷтимоию сиёсии Даврони Эҳё дар Аврупо барои фазою муҳити зиёда аз ҳазорсолаи маънавию сиёсии миллати тоҷик низ дахл дорад. Агар чунин намебуд, ифодаҳои «…аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст», «…доми тазвир макун чун дакарон Қуръонро», «…ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост» ва ғайра садсолаҳо қабл пайдо намегаштанд. Ин андешаҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонию ҳимоят аз дини ислом аз минбарҳои баланди байналмилалӣ борҳо баён доштааст, манфиатҷӯӣ аз динро инкор намудааст ва ҳамеша аз таълимоти таҳаммулгароӣ ҳарф задааст. Дар ҳошияи андешаҳои С. Ятимов ҳаминро таъкид намудан лозим аст, ки месазад динро ҳамчун фишанг (фишанг барои манфиати ҷомеа!) дар пойдорию суботи ҷомеа ва таҳкими давлатдории миллӣ истифода кард. Ин садҳо маротиба афзалтар аз он аст, ки аз бетафовутии мо — ҷавонону наврасон дар гирдоби ифротгароию таассубу хурофот ғарқ мешаванд ва фоҷиаи ҷомеа мегарданд. Яъне, дини мусалмонон на барои қатлу куштору ғорат ва рехтани хуни худи мусалмон аст, ки мисоли онро имрӯзҳо дар кишварҳои дуру наздик зиёд мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ин паҳно «…ғолибияти эҳсоси бузурги ватанпарастӣ ва миллатдӯстӣ»-и ходимони масоҷиди мо низ хидмати бузургу мондагор назди дину ҷомеа ба ҳисоб рафта метавонад.

Муаллифи мақола бо таҳлилҳои асос­ноки илмӣ ва усули қиёсии баёни андеша бо оҳанги саволу хитоб ҳар як қисмати рисоларо бо ҳам пайванди мантиқӣ бахшидааст. Масалан, дар руҷӯи «Эҳёи миллӣ ва суботи миллӣ» бо суроғи зиндагии шоистаи инсон роҳу василаи аз як зина ба зинаи дигар гузаштан ва суботмандона тай кардани марҳилаҳоро ҳамчун савол пеш гузоштааст, ки ҷавоби онҳоро дар уфуқҳои фарогирифтаи рисола хеле осон пайдо карда метавонем. Садои даъвати муаллиф оҳанги худшиносии миллиро касб менамояд ва боҷуръатона аз он таъкид карда мешавад, ки таблиғи бедории миллии мо бояд на зоҳирию намоишкорона, балки дар пояи воқеият сурат гирад. Дуруст аст, ки ақл, хирад ва мантиқ пояи меҳварии бедории миллӣ ба шумор меравад ва мавҷудияти воқеии хирадгароию ақлсолорӣ дар тамоми табақаҳои ҷомеа муҷиби таҳкими давлатдории миллӣ гардида метавонад.

Муҳаққиқи ҷомеашинос С. Ятимов тавре зикр гардид, мантиқи баёни каломро хеле хуб соҳиб аст ва дар ҳама рисолаю мақолаҳояш аз баёни хушк, умумию қолабӣ ҳазар менамояд. Халқияти ифодаи ҳар як ибораю ҷумла дар китобатҳои эшон шеваю усули хоси ӯ мебошанд. Дар қисмати «Даврони эҳёи миллати тоҷик» нуқтаи кулминатсионии ҳадафи муаллифи рисоларо ёфта метавонем. Маҳз, дар ин қисмат, ҷуръати хоса ва як андоза назари интиқодии профессор С. Ятимов падидор аст, ки нисбат ба уфуқҳои мафкурасозӣ (идеология) — и чанд даҳсолаи соҳиб­истиқлолӣ сурат гирифтааст. Андешаи саҳеҳ ва бидуни баҳси муаллиф он аст, ки «Даврони Эҳёи  миллати тоҷик дар марҳилаи навин аз аввалин суханони Роҳбари тозаинтихобгаштаи давлати тоҷикон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Қасри Арбоб оғоз гардид». Профессор С. Ятимов хидматҳо, роҳнамоиҳо ва даъватҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро дар роҳи Эҳёи миллат «ҳақиқати эътирофгардида» ҳукмгузорӣ менамояд. Дар ҳақиқат, ҳар яки мо низ бояд эътироф намоем, ки « …Сарвари давлати тоҷикон амалеро, ки дар доираи  тавони як роҳбари камназир ва ватанпарвари таърихофарин аст, иҷро намуд ва намунаи чунин шефтагӣ ва садоқатмандии миллӣ дар таърих камшумор аст». Таассуфи муаллифи рисола он аст, ки «раванди амалисозӣ гаштани ташаббуси таърихии Даврони Эҳёи миллати тоҷик хосияти зоҳирпарастона ва ҳисоботдиҳӣ касб кард». Ин андешаи муаллиф асоснок аст ва заъф доштани баъзе паҳлуҳо боиси он гардидаанд, ки рӯҳияи саҷдагорӣ ба фарҳанги бегона, ифротгароию таассуб, хурофотпарастию бетафовутӣ дар ҷомеаи мо то ҳадде боло равад. Муаллиф боҷуръатона аз ҷузъиёти гуногуне ишорат мекунад, ки адами онҳо ба ҳифзи боэътимоди ояндаи амнияти миллӣ таҳдид менамоянд. Дар ҳақиқат, баъд аз ҳазор сол тоҷикон тавонистанд, ки соҳиби давлати миллӣ гарданд ва барои садсолаҳою ҳазорсолаҳои дигар боқӣ мондани ин давлат танҳо бо амал, гуфтор ва пиндори самимию судманд мусоидат карда метавонад. Даъват дар рисолаи мазкур он аст, ки бояд идеяҳои пешниҳодгардидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро коркард, татбиқ ва самаранок истифода намуд, ки ин дар навбати аввал рисолати аҳли зиё дониста мешавад. Дар ин раванд муносибати самимонаю садоқатмандонаи аҳли эҷоду зиё нақши бузургро иҷро менамояд, на он ҳисоботдиҳию андешаи қолабӣ, обшустаю такрори бетаъсире, ки онро профессор С. Ятимов ишора кардааст. Ин андеша ба он асос аст, ки дар Даврони Эҳёи Аврупо аҳли маънавияту фарҳанг (олимон, хирадмандон, суханварон, донишмандон, рассомон, меъморон,) ҷони худро дар хатар мегузоштанд, то ҷони ҳаммиллатони худро наҷот бахшанд.

Назарияҳои зиёд дар илмҳои ҷомеашиносии имрӯза омилҳои гуногунро дар самту ҷараёни нав касб кардани зуҳуроти гуногун пешниҳод менамоянд, ки дар ин маврид фосилаи миёни назокати мафҳумҳои дониш ва маърифат хеле кам ба инобат гирифта мешаванд. Агар маърифат мафҳуми нисбатан умумӣ бошад, пас дониш ин олами амиқтару возеҳи ба як масъала назар андохтан аст. Дар баробари ин ҳамоҳангӣ, такрор ва қолабӣ будани як фикрро дар олами муосир шароити ҷаҳонишавӣ хеле кам қабул медорад. Илмҳои алоҳида ҳеҷ гоҳ аз байн намераванд ва ҳамчун оғози классикӣ дар доираҳои нав бо раванд­ҳои муосир ҳамоҳанг (модерн) мешаванд. Ба инобат гирифта тавонистани ин нуқтаи ҳассос ба он муҳаққиқе даст медиҳад, ки бо ҷаҳонбиниҳои пайваста такмилёбанда ва донишҳои ҳамқадами замон балад бошад. С. Ятимов аз зумраи ҳамин муҳаққиқонест, ки набзи замон ва дурнамои онро дар заминаи донишҳои сиёсӣ, дипломатӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеашиносӣ, адабиёт, таърих, публитсистика ва амсоли ин ташхис карда метавонад. Оммавияти андешаҳои илмии муаллиф ба фаҳми хонандаи умум хеле қарин аст ва аз он ҷомеа суд ­бардошта метавонад. Чанд андешае, ки дар боло баён гардиданд, ба таври маҷмӯӣ дар ҳошияи таҳлилҳои пурмуҳтавои муаллиф сурат гирифтанд. Рисолаи «Эҳёи миллат — бақои давлат» рисолат ва мавзӯи рӯз аст, ки ба доираи васеи аҳли зиё (ҳамчун мафкурасозони ҷомеа) нигаронида шудааст. Он дар заминаи омӯзиши гузашта, ташхиси имрӯза ва дурнамои фазои мафкурасозиҳо дар роҳи эҳёи миллат таркиб ёфтааст. Ба назар гирифтани таҳлилҳо, таҳқиқҳо, ҳушдору хулосаҳо ва пешниҳодоту чандин ҷузъиёти дигари рисолаи мазкур вазифаи олимону муҳаққиқону адибонест, ки ҳамчун бунёдгарони олами маънавӣ эҳсоси самимию баланди ватандӯстӣ доранд.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,

доктори илми филология,

декани факултаи журналистика ва тарҷумонии ДМТ