Ихлосу самимият

Файзи қудуми пешвои миллат

№64 (4484) 28.05.2022

defaultДар ҳар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатман чанд муассисаи маорифро ба истифода медиҳанд.

15 апрели соли равон зимни сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ин хушбахтӣ насиби ҷомеаи омӯзгорону шогирдони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид. Пешвои миллат дар вазъияти тантанавӣ лентаи рамзии бинои иловагии муассисаро, ки иборат аз 40 синфхона асту барои 840 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, бурида, ба устодону шогирдон дастуру ҳидоятҳои созанда доданд. 

Ин воқеаи фараҳбахш дар солномаи мактаб бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, барои боз ҳам беҳтар шудани таълиму тарбия мусоидат мекунад. Айни ҳол дар муассиса на танҳо фарзандони сокинони деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳия, балки теъдоди муайян аз шаҳри Хуҷанд низ таҳсил доранд. Шумораи умумии шогирдон ба 3 ҳазору 140 нафар расидааст.

Ифтихормандем, ки шумораи хатмкунандагони ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохилшуда тамоюли афзоишро касб намудааст. Соли гузашта аз 192 хатмкунанда 95 фоиз тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба муассисаҳои таҳсилоти олии  касбии ҷумҳурӣ ва берун аз он дохил шуданд. Се нафар хонанда гирандаи Стипендияи Президенти мамлакат мебошанд.

Ҷавобан ба ин гуна ғамхориҳо мо — омӯзгоронро зарур аст, ки бештар заҳмат кашида, Ватанро беш аз пеш обод кунем. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: «Ватани моро ба ғайр аз худи мо касе обод намекунад».

Баҳром АШӮРМАТОВ,

 сарвари МТМУ №15 — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

 Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон