«Пайраҳаи озмуда то баландиҳо мебарад, эҳтиёт аз навҷода бош, ки хамгаштҳояш бе аломат аст». Ин нукоти ҳикматомез намунае аз китоби «Чанд ҳикмат ба як рӯзе»-и журналист Шавкат Симост, ки чанде пеш нашриёти «ЭР-граф» аз чоп баровард. Дар маҷмӯа муаллиф маҷмӯи андарзҳоеро гирд овардааст, ки натиҷаи мушоҳидаҳо мебошанд.
Ба китоб Кароматулло Олимзода пешгуфтор навишта, аз ҷумла, таъкид кардааст: «Шавкат Симо соҳиби фикри амиқ ва таҷрибаи ғании коргузорӣ ва инсоншиносист. Бо ашхоси гуногун, аз одамони одӣ то чеҳраҳои машҳури сиёсӣ ва давлатӣ мусоҳиб гашта, таҷрибаи сиёсӣ ва зиндагӣ ҳосил кардааст. Ӯ шахсест ботаҳаммул, дурандеш ва соҳибфикру хирадпеша».
Чунин ба назар мерасад, ки таҳаммулу дурандешӣ ва соҳибфикриву хирадпешагӣ муаллифи китобро водор сохтааст, ки оид ба фалсафаи зиндагӣ андешад, аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирад ва афкоре, ки дар вуҷудаш пухта расидааст ба қалам орад.
«Муғча будӣ – гул шудӣ, барг будӣ – хазон шудӣ, навда будӣ – камон шудӣ, фурсати вақт расо, ки шуд, дастаи маҳви худ шудӣ, соҳиби ақл туро шикаст, боз ба ӯ асо шудӣ!». Дар ин андеша муаллиф зиндагии беоғозу беанҷомро, ки доим аз ҳоле ба ҳоле майл мекунад ва бо рангҳое мутафовит ба ҷилва меояд, ба тасвир мекашад.
Ин нуктаро низ зикр кардан ба маврид аст, ки афоризмҳои навиштаи Шавкат Симо бо забонҳои русиву англисӣ тарҷума шудаанд ва дар китоб ҷой гирифтаанд. Ҳамчунин, андарзҳои нависанда бо ҳуруфи форсӣ низ баргардон шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки доираи хонандагони китоб афзояд.
Мардум ба панду андарз таваҷуҳи хос дорад ва суханро бе истифодаи зарбулмасалу мақол баён намесозанд. Умед аст, ки «Чанд ҳикмат ба як рӯзе» писанди хотири онҳо мегардад.
ВОРИС,
«Садои мардум»