ФЕСТИВАЛИ «ҲАФТАИ КИТОБ БАРОИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН» ОҒОЗ ШУД

№ 07.04.2024

 2-юми  апрели соли 2024 дар Китобхонаи ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Бохтар фестивали «Ҳафтаи китоб барои кӯдакон ва наврасон» оғоз гардид.

 Дар ифтитоҳи фестивал зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории Ҳафтаи китоб барои кӯдакон ва наврасон  бедор намудани шавқу рағбат нисбат ба мутолиаи китоб дар замири кӯдакон мебошад.

Фестивал мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, давоми як ҳафта баргузор мешавад.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

 «Садои мардум»