Дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати оғози Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Китоб-рукни муҳими тамаддуни башарӣ» ҷамъомад баргузор гардид. Дар китобхонаи ба номи устод Айнӣ намояндагони илму адаб, китобдӯстони наврас ҷамъ омада буданд. Дар барномаи якҳафтаинаи фестивал намоиши дастранҷи муҳассилини мактабҳо, намоиши суратҳои «Иди китоб», композитсияҳои адабӣ дар назар дошта шудааст. Фестивал то 9-уми апрели соли ҷорӣ идома меёбад.
Суҳробшоҳи ФАРРУХШОҲ,
котиби матбуотии раиси шаҳри Кӯлоб