Баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон дар ҷомеа, беҳбудӣ бахшидани шароити зиндагии онҳо, боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти миёна, фарогирии ҳар чӣ бештари насли наврас, хосса духтарон ба дарсҳо ва таълими онҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва олии кишвар аз масъалаҳои умдае мебошанд, ки дар ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.
-Маҳз бо пешниҳоди ин марди фидоӣ ва ҷоннисори миллат соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардид ва дар ин қонун, чуноне ки худи Ҷаноби Олӣ дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 зикр намуд: «Нахустин бор ба мақоми омӯзгор боби алоҳида бахшида шуд» ва тибқи қонун барои омӯзгорон имтиёзҳои зиёде пешбинӣ шуд. Сарвари давлатамон дар Паёми имсолаашон аз ҳамаи масъулини Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақозо кард, ки иҷрои бечунучарои муқаррароти ин қонунро таъмин намоянд,-мегӯяд омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Истаравшан Сайёра Азизова ва илова менамояд:
-Сарвари давлатамон минҷумла гуфт, ки барои пешрафту тавсеаи соҳаи маориф ҳамчун соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар, бо мақсади ҳалли фасли масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас ва беҳтар сохтани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дар ҳафт соли оянда 27 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Ин тадбирҳо ва умуман ҳама гуна ғамхориҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, падару модарон, кормандони соҳаи маориф ва ҳам аҳли ҷомеаро нисбат ба касбу корашон дилгарм месозанд. Беҳуда нест, ки таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба таълиму тарбия сол то сол афзун мегардад.
- Мо замонеро низ паси сар кардем, ки мактабҳо дар ҳолати ногувор қарор доштанд, падару модарон фарзандони худро аз мактабҳо гирифта, ба бозор ҷалб мекарданд, омӯзгорон маоши ночиз доштанду рӯзгори табоҳ ва он маоши ночизро ҳам сари вақт ба даст оварда наметавонистанд. Омӯзгорони беҳтарин аз касби худ даст кашида, рӯ ба бозор ниҳода буданд. Хушбахтона, дар натиҷаи андешида шудани чораю тадбирҳои муассир аз ҷониби Роҳбари давлат ин ҳама рӯзҳои сахт ва печидагиҳо паси сар шуданд. Таҳияву қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулияту ҷавобгарии волидайнро нисбати таълиму тарбияи фарзандон дучанд намуд. Акнун падару модарон бо макотиб равобити зич доранд,- гуфт омӯзгор Сайёра Азизова.
С. Азизова ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бештар аз 15 сол инҷониб кору фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи кадрҳои шоистаи кишвар саҳми босазо гузоштааст. Имрӯз дар ин дабистон Маҳбуба Алибоева, Норӣ Қаландарова, Маҳбуба Қурбонова, Башорат Аюбова, Гулсара Лутфуллоева ва дигар омӯзгорони соҳибтаҷриба кору фаъолият доранд, ки собиқаи кориашон аз 20 то 40 сол аст. Директори ин мактаб Муаттара Муҳиддинова дар бораи Сайёра Азизова гуфт:
-Сайёра фидоии соҳаи маориф аст, тамоми ҳастиву вуҷудашро ба кори таълиму тарбия бахшидааст. Касби худро ниҳоят дӯст медорад ва дар қалбаш нисбат ба хонандагон меҳру муҳаббати махсус мепарварад. Ӯ ягон дарсашро бидуни асбоби аёнӣ, ки худ дар хона тайёр карда меорад, намегузаронад. Дар натиҷа, талабаҳо дарсҳоро хуб аз худ мекунанд ва аксарашон аълохон мебошанд. Аз ин рӯ, дар оғози ҳар соли хониш падару модарон талош меварзанд, ки устоди фарзандашон Сайёра Азизова бошад. Як нуктаро бояд хотирнишон сохт, ки пешаи омӯзгорӣ барои Сайёра пешаи аҷдодист,-мегӯяд Муаттара Муҳиддиновна.
Номи нависанда ва маорифпарвар Баҳриддин Азизиро калонсолон хуб дар ёд доранд. Номбурда дар шаҳри Истаравшан дар оилаи мударрис ба дунё омадааст. Ӯ на танҳо нависандаи чирадасту адабиётшиноси шинохта, балки яке аз поягузорони маорифи вилоят дар солҳои 30-уми қарни гузашта буд.
Падари Сайёра — Ҷамолиддин Азизӣ аз насли чоруми ин сулола ба ҳисоб рафта, тамоми умр ба мактабиён аз забон ва адабиёти рус дарс гуфтааст. Бино ба гуфтаи мавсуф, ду бародари дигари Баҳриддин Азизӣ-Сайфиддин Азизӣ ва Ғиёсиддин Азизӣ касби падар ва бародари худро идома дода, аз поягузорон ва нухустин омӯзгорони шаҳру навоҳии Ӯротеппа, Ғончӣ ва Шаҳристон будаанд.
Ду фарзанди Сайфиддин Азизӣ — марҳум Айниддин Азизӣ омӯзгори таърих ва дастпарвари собиқ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) ва Ҷамолиддин Азизӣ хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории собиқ шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) будаанд. Модари Сайёра Азизова Саида Одилова низ омӯзгори забону адабиёти рус буд ва тӯли умри кӯтоҳи худ дар кори таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазо гузоштааст. Сайёра Азизова бошад, хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Мастчоҳ (соли 1999) ва бахши методикаи таълими синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (соли 2006) аст.
-Усули таълиму тарбияи омӯзгор Сайёра Азизова, таҷрибаи кории ӯ дар семинарҳои машваратии директорон ва муовинони директорони мактабҳои шаҳр борҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Сайёра Азизова ба қарибӣ дар озмуни шаҳрии «Муаллими сол» ширкат варзида, дар байни ҳафт нафар довталабон-омӯзгорони шинохтаи мактабҳои шаҳр сазовори ҷойи дуюм гардид,-мегӯяд директори ин таълимгоҳ Муаттара Муҳиддинова.
-Ман ба хотири шинос шудан бо тарзи таълими муаллима Сайёра Азизова дар чанд дарсаш иштирок кардаам. Дарсҳояш хеле шавқовар мегузаранд, -меафзояд мавсуф.
- Ҳақ ба ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мегӯяд: «Дар ҷаҳони пуртаззоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд». Мо, омӯзгорон бояд чунин масъулияти бузурги худро дар назди шогирдон ва раванди таълиму тарбияи онҳо эҳсос кунем, насли шоистаи миллатро тарбия намоем, ки ояндаи шукуфону дурахшони давлат ва Ватани зебоямонро таъмин карда тавонанд,- изҳор дошт дар интиҳои суҳбат Сайёра Азизова.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»