30 сентябр - Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Фитнаи вазир

№116 (4066) 28.09.2019

ва ё панди Мавлоно ба ҷаҳониён ва ҷаҳонхоҳон

The-Carpet-MerchantsБузургии инсонҳои хирадманду боандеша ҳама давру замон дар он зуҳур меёбад, ки онҳо бо нияти нек ва тафаккури созанда дар боби одаму олам андеша карда, ба воситаи гуфтору эҷод инсонҳоро (новобаста ба қавму миллат, нажод ва эътиқод) ба роҳи саодату накуӣ раҳнамун ва аз фитнаву дасиса огоҳ месозанду бунёди ҷомеаи солимро талқин менамоянд. Ин нуктаҳои инсонгароёна асоси ақидаҳои олӣ ва гуманистии Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ташкил медиҳад. Андешаю афкори хирадмандонаи ӯ, аз ҷумла, дар асари безаволаш «Маснавии маънавӣ», равшан инъикос  ёфтааст. Ҳушдору пандҳои Мавлоно на танҳо ба ҳамзамононаш дахл дорад, балки дар ҳар давру замон мазмуну маъниро нигоҳ доштаанд.

Ҳолиё шарру шӯр ва фитнаю дасиса дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ афзоиш ёфта, боиси нооромии кишварҳо, ҳалокати одам, вайроншавии низоми зиндагӣ гаштааст. Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ» тавассути ҳикоёти пандомез, шарҳу тавзеҳи ваҳйи Офаридгор  инсонро ҳушдор медиҳад,  ки ҳушманду оқил бошад, то ба гирдоби офату бало  наафтад. Кош, «Маснавии маънавӣ» -ро сиёсатмадорону давлатмандони ҷаҳон рӯи даст медоштанду мехонданд, замин оромтар, инсон дар амон ва соҳиби зиндагии шоиста мебуд.

Дар «Маснавии маънавӣ» ҳикояти шоҳу вазире, ки фитнаангезиашон боиси ҷангу низоъ ва хунрезӣ гардид, қобили таваҷҷуҳ ва баёнгари рӯзгор аст, ки бар асари фитнаю дасисаҳои ҷаҳонхоҳон ва сиёсатмадорони бемаърифату башарбадбин ними ҷаҳонро ҷангу куштори даҳшатангез фаро гирифтааст. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо овардани қисса инсонро аз ниятҳои нопоки ҳамҷинсони ғофилу бадтинат огоҳ месозад.

Дар қисса омадааст, ки  дар арафа ва зуҳури пайғамбар Исо (а.с.) давлатмандони айём аз афзоиши пайравони вай ва зиёд шудани тақвояшон ба ҳарос меафтанд ва роҳи муборизаро меҷӯянд. Дар ин миён яке аз вазирони «оқил» — и шоҳ, ки ба мавлояш содиқу вафодор буд, нақшае мекашаду онро ба подшоҳ пешкаш менамояд. Он аввал ба шоҳ хуш намеояд, зеро вазир дархост менамояд, ки як гӯшу як дасташро бибурранду ба чорроҳа партоянд ва овоза паҳн намоянд, ки ӯро барои тақвою диндорӣ ҷазо додаанд. Вале вазир  дар ниҳоят шоҳро розӣ мекунад, ки ба хотири «наҷот» ин корро бояд анҷом диҳанд.

Ҳамин тавр, фитна оғоз меёбад. Вазири ба хуну хок олударо мардум дида, аз ҳолаш пурсон мешаванд. Ӯ мегӯяд, ки шоҳ аз имондорӣ ва ихлосаш ба Исо (а.с.) воқиф гардида, ба ин ҳолаш афканд. Тарсоён бовар карданд ва гӯш ба гуфтаҳояш доданд. Вазири маккору фитнагар аз фурсат истифода бурда, ваъз мегуфт:

Баҳри Исо ҷон супорам, сар диҳам,

Сад ҳазорон миннаташ бар худ диҳам.

Ҷон дареғам нест аз Исо, валек,

Воқифам бар илми динаш нек-нек.

Ҳайф меомад маро, к-он дини пок,

Дар миёни ҷоҳилон гардад ҳалок.

Шукр Эзидрову Исоро, ки мо,

Гаштаем он кеши Ҳақро раҳнамо.

Мардум нисбат ба «марди порсо» меҳр пайдо намуданд. Захмҳояшро шуста, марҳам молиданд ва ӯро ба худ оварданд, то аз «лутфи каломаш» ҳар чӣ бештар баҳра бардоранд. Аммо намедонистанд, ки:

Ӯ ба зоҳир воизи аҳком буд,

Лек дар ботин сафиру дом буд.

Ҳамин тавр, ба доми вазир лаҳза ба лаҳза, соат ба соат ва рӯз ба рӯз садҳо ва ҳазорҳо пайрави Исо (а.с.) гирифтор мешуданд. Дар ниҳояти кор ӯро ноиби пайғамбар, пешвою роҳнамо пазируфтанд. Ҳар сухан ва амру хоҳише, ки аз ӯ мерасид, мардум бо ҷону дил қабул мекарданд, ҳатто омода буданд, ки барояш ҷон низ фидо намоянд.

Аз ин истифода бурда, вазир ба макр пардохт ва ба номи ҳар сарвари қавми тарсо тӯморе (дастурномае) навишт ва чил — панҷоҳ рӯз худро ба мардум нишон надод. Халқи тилисмшуда аз иштиёқи дидори «ҳазрат» ба дод омаданд ва лобаву зорӣ мекарданд, ки аз хилват берун ояд. Ҳарчанд сарварони қавмҳо ба даргоҳаш меомаданду зорию илтимос мекарданд, ҷавоби рад мешуниданд. Ҳатто онҳоро танбеҳ медод, ки ба ӯ халал нарасонанд, ки вай бо дастури Исо (а.с.) ин корро анҷом медиҳад. Бо ин ихлосу самимияти мардумро дучанд кард ва баъд сарварони қавмҳоро як-як дар алоҳидагӣ наздаш даъват намуду ба онҳо «дастур» дод:

Гуфт ҳар якро: «Ба дини исавӣ,

Ноиби ҳаққу халифай ман тувӣ.

В-он амирони дигар атбоъи ту,

 Кард Исо ҷумларо ашёъи ту.

Ҳар амире, к-ӯ кашад гардан, бигир,

Ё бикуш ё худ ҳамедораш асир.

Лек то ман зиндаам, ин вомагӯ,

То намирам, ин раёсатро маҷӯ.

То намирам ман, ту ин пайдо макун,

Даъвии шоҳиву истило макун.

Инак ин тӯмору аҳкоми Масеҳ,

Як ба як бархон ту бар уммат фасеҳ.

Ҳар амиреро чунин гуфт ӯ ҷудо:

«Нест ноиб ҷуз ту дар дини Худо».

Ҳар як амир аз мулоқот ва «лутфу марҳамат»-и «пир»-ашон хушҳол шуданд, ки баъди даргузашти «ҳазрат» маҳз ӯ сарвар мешавад. Дар «тӯмор»-ҳо вазир ҳар пешворо зидди якдигар шӯронида, дар ҳаққи рақибон туҳматҳои гӯшношунид карда буд ва ҳар кадомро таъкид намуд, ки сирро пӯшида доранд.

Хуллас, вазир рисолатро дар назди шоҳ анҷом дод ва ҷон ба Ҳақ таслим кард. Вақте ки мардум аз марги ӯ воқиф шуданд, гиребонҳо чок карда, ба мотам нишастанд. Инак, рӯзи интихоби сарвар ҳам расид. Ҳар кадом пешво «дастури ҳидоят»-и пирашонро ба халқ нишон дода, мехостанд маснади олиро соҳиб шаванд. Номзадҳои мансаби олӣ, ки ҳар кадом дастур гирифта буданд, то рақибонро ба ҳалокат расонанд, ба ғазаб омада, ба якдигар дарафтоданд. Мардуми бехабар ҳар кадом пешвои худро ҷонибдорӣ карда, даст ба куштор заданд. Дар як лаҳза байни тарсоёни яктопараст чунон шӯру валвала бархост, ки дигар касе касеро гӯш намекард, ҳама аз пайи интиқом «аз барои Худо» шуданд.

Сад ҳазорон марди тарсо кушта шуд,

То зи сарҳои бурида пушта шуд.

Хун равон шуд ҳамчу сел аз чаппу рост,

Кӯҳӯҳ андар ҳаво з-ин гард хост.

Тухмҳои фитнаҳо, к-ӯ кишта буд,

Офати сарҳои эшон гашта буд…

Ин аст натиҷаи фитна, дасиса ва нақшаҳои шуму нопок. Ба хотири ҷоҳу мақом, ки абадӣ нест, инсонҳоро ба ҳам душман мекунанд ва боиси фалокатҳо мегардад. Фоҷиаи мусулмонон ва намояндагони дигар дину қавмҳо низ натиҷаи  чунин фитнаҳост. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо овардани ин қисса мардумро ҳушдор медиҳад, ки зоҳирпарасту хушбовар нашаванд. Барои ҳар кор аввал андеша мебояд:

Рав, ба маънӣ кӯш, эй суратпараст!

 З-он ки маънӣ бар тани сурат пар аст.

Ҳамнишини аҳли маънӣ бош, то

Ҳам ато ёбиву ҳам бошӣ фато…

Меҳри покон дар миёни ҷон нишон,

Дил мадеҳ илло ба меҳри дилхушон.

Кӯйи навмедӣ марав, уммедҳост,

Сӯйи торикӣ марав, хуршедҳост.

Дил туро дар кӯйи аҳли дил кашад,

Тан туро бар ҳабси обу гил кашад.

Ҳин, ғизои дил бидеҳ аз ҳамдилӣ,

Рав, биҷу иқболро аз муқбиле. 

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

(Расм аз сомонаи интернетӣ истифода шудааст)