Форуми ҳамкории гуманитарӣ — фарҳангӣ доир мешавад

№ 20.02.2025

Аз 14 то 15 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми «Фонди байналмилалӣ оид ба ҳамкории гуманитарӣ-фарҳангӣ» баргузор мегардад.

Тавре Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вазъи корҳои омодагӣ ҷиҳати баргузор намудани форуми мазкур дар вохӯрии Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода бо намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой, сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев баррасӣ гардидааст. Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои рафъи мушкилоти таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Россия, омӯзиши забони русӣ ва робитаҳои байни муассисаҳои таълимии ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ дар равияи омӯзгорӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, доир намудани мактабҳои тобистона барои хонандагону донишҷӯён, баргузор намудани чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ, таҷрибаомӯзӣ дар заминаҳои донишгоҳҳои самти омӯзгорӣ низ муҳокима гардиданд.

Михаил Швидкой омодагии ҷониби Россияро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ иброз намуд. Ӯ тақвияти ҳамкории тарафҳоро дар самтҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти олии касбӣ, баъдидипломӣ ва табодули таҷрибаю дониши донишҷӯёну устодон муҳим арзёбӣ намуд.

Бояд гуфт, ки омӯзиши забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зинаи таҳсилоти томактабӣ то зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шуда, дар миқёси ҷумҳурӣ муассисаҳои муштарак дар самтҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ фаъолият менамоянд. Аз ин рӯ, бо кадрҳои баландихтисоси равияи омӯзгорӣ, махсусан омӯзгорони забони русӣ, таъмин будани муассисаҳои таълимӣ омили таъсиррасон дар рушди соҳаи маориф ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни соҳаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»