«Забон – омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст, миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». Ин суханони хирадмандона аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи забони давлатӣ — 22 июни соли 1996 садо доданд.
Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар замони шӯравӣ қабул шуд, рӯҳияи он давраро таҷассум мекард. Бинобар ин, соли 2009 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Суҳбати мо бо директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар ин робита сурат гирифт.
- Ҳар халқу миллат таърихи инкишофи забони хешро дорад, вале на ҳар шахс аз он огоҳ аст…
- Дуруст қайд кардед. Бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои эронӣ мансуб аст. Бар асоси далелҳои таърихӣ, ҳарчанд сохти грамматикӣ, таркиби луғавӣ ва тарзи гӯйиши он ба тағйироти ҷиддӣ мувоҷеҳ гардида бошад ҳам, яке аз забонҳои қадимтарини дунё ба шумор рафта, то ба имрӯз содаю фасеҳ расидааст. Забони тоҷикӣ аз ду забони давраи қадим – форсии бостон ва авастоӣ сарчашма мегирад. Ин ду забон дар замони худ мақоми баланд доштанд.
Эътироф бояд кард, ки ба забони тоҷикӣ аҷнабиён зиёд фишор оварданд, хушбахтона, он аз санҷишҳои сахти рӯзгор беосеб бадар омада, таркиби луғавии худро эмин дошт. Имрӯз, ба қавли устод С. Айнӣ, он «анбори холинашавандаи моли хом»-ро мемонад. 22 июни соли 1989, баъди мунозира ва ихтилофи назарҳо дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забон қабул шуд. Аммо, бо сабабҳои маълум солҳои навадум татбиқи қонуни мазкур қонеъкунанда набуд.
Баъд аз зимоми роҳбариро ба даст гирифтани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи қонуни мазкур ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид.
- Тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидашуда ҷиҳати татбиқи қонуни мазкур кадомҳоянд?
- Бо ҳидояти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 октябри соли 1995 Комиссияи татбиқи қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Роҳбарии комиссияи мазкурро забоншиноси шинохта, профессор Абдуғаффор Ҷӯраев ба зимма дошт. Мутобиқи «Низомнома»-и комиссия вазифаи асосӣ аз он иборат буд, ки иҷрои қонуни зикршударо дар мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ таҳти назорат гирифта, аз ин раванд ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳисобот диҳад.
Соли 2007 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Соли забони тоҷикӣ» эълон шудани соли 2008 фармон содир гардид, ки иқдоми шоиста ҷиҳати арҷгузорӣ ба забони модарӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
- Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ин қонун чӣ саҳм дорад?
- Ҳоло олимони забоншинос барои ба нашр тайёр кардани «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» кӯшиш намуда истодаанд, ки аз 20 ҷилд иборат мебошад. Ҷилди аввали он чоп шуд, ҷилдҳои 2, 3, 4-ум дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки фарҳанги «гӯйиш»-ҳо омода шавад. Барои иҷрои ин дастур кормандони институт «Фарҳанги гӯйишҳои забони тоҷикӣ»-ро нашр намуданд, ки дар таърихи луғатнигории тоҷик бесобиқа мебошад.
Дар маҷмӯъ, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар кормандони институт 2 ҳазор китоб ва 5 ҳазор мақола чоп кардаанд.
Мусоҳиб А. МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»