Проблема ва мулоҳиза

Гиёҳе, ки обро бе хароҷот софу безарар мегардонад

№101 (3738) 24.08.2017

59-3.Eichhornia-azureaЁ чаро ташаббуси «Фондарё» дастгирӣ наёфт?

Имрӯз мушкилоти ифлосии оби ҷӯю дарё ва ҳавзҳо  дар саросари ҷаҳон боиси ташвиш гаштааст. Ҳар сол барои софу безараргардонии оби ошомиданӣ аз буҷети кишварҳо маблағи зиёд сарф мешавад. Ҳол он ки Худованд гиёҳеро офаридааст, ки манбаъҳои обро бе ягон хароҷот безарар гардонида, сифати онро беҳтар месозад. Ин гиёҳ эйхорния ё  «гиатсинти обӣ» ном дорад. Баҳори соли 2010 сармутахассиси Корхонаи фаръии ҶСП  «Фондарё» Шоназар Абдуллоев бо мусоидати дӯсташ Юрий Локтионов аз шаҳри Есентукии Федератсияи Россия академики мардумӣ Борис Ряженкоро ба Тоҷикистон даъват  намуд. Борис Ряженко аз нахустин ташаббускоронест, ки растании эйхорнияро парвариш намуда, хосияти обтозакунӣ доштани онро тарғиб кардааст. Шоназар меҳмонро ба иншооти партовҳои обии мавзеи Гулбутта, ки дар қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, бурд. Ӯ ба Борис Филиппович гуфт, ки дар ин мавзеъ мақсади парвариши эйхорния ва аз он гирифтани биогазро дорад. Академики рус идеяи Шоназарро дастгирӣ намуда, иброз дошт, ки бо амалӣ шудани ин нақшаи нек 4 манфиат ба даст меояд: 1. Оби корез (канализатсия) соф ва аз микробҳо тоза мешавад. 2. Бӯйи баду нохуши ин мавзеъ аз байн меравад. 3. Тавассути эйхорния сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тозаву арзон истеҳсол мешавад. 4. Ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.

Директори Корхонаи фаръии ҶСП «Фондарё» Садафмоҳ Абдуллоева ба собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба таври хаттӣ муроҷиат ва мақсади худро оид ба кишти эйхорния баён намуда буд, Раиси шаҳр бе дудилагӣ ин ташаббуси наҷибро, ки ба нафъи ҷомеа мебошад, дастгирӣ кард. М. Убайдуллоев ба директри  КВД «Обу корези шаҳри Душанбе»  Н. М. Хайруллоев супориш дод, ки ба Корхонаи фаръии ҶСП «Фондарё» барои кишт намудани эйхорния дар ҳавзҳои биологӣ мусоидат намояд. Аз ҷониби КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» 60 гектар замин ҷудо карда шуд. Мутахассисони «Фондарё» моҳи апрели соли 2010 дар як ҳавзи биологӣ эйхорнияро кишт карданд. Ин растании нафъовар, ки гулҳои  кабуди назаррабо дорад, босуръат нашъунамо ёфта, ба зудӣ ҳавзро саросар пӯшонид. Моҳи июн  эйхорнияро ба дигар ҳавзҳо кӯчат карданд. То моҳи сентябр эйхорния  тамоми 19 ҳавзро «забт» намуд. Мардуми маҳаллаи Гулбутта ҳар сол бо фарорасии мавсими гармӣ аз бӯйи бади ҳавзҳои биологӣ  нафасгир мешуданд. Чанд нафар ҳатто гирифтори бемории диқи нафас (астма) гаштанд. Баъди дар ҳавзҳо шинондани  эйхорния бӯйи бад гум шуд. Санҷишҳои лабораторӣ нишон доданд, ки оби баъди киштзори эйхорния софшуда ҳатто аз  поёноби дарёи Душанбе, ки ба рӯди Кофарниҳон дохил мешавад, тозатар аст. Соли 2011 аз эйхорния дар чоҳҳои бетонӣ (метантенк) гази биологӣ низ тавлид шуд. Раиси онвақтаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсанд Зикиров дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки «Мо ба кормандони ҶСП «Фондарё» ташаккур мегӯем, ки ба чунин ташаббуси наҷиб даст заданд. Ин иқдоми нек шоистаи дастгирист. Бовар дорем, ки оянда дар шаҳрҳои Турсунзода, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Истаравшан низ ин таҷриба паҳн мешавад».

Мутаассифона, ин иқдоми неки ширкати «Фондарё» дар нимароҳ монд. Баъзе мансабдорон, ки манфиати худро аз манфиати ҷамъият боло мешуморанд, бо ҳар роҳ садди амалишавии ин ташаббуси наҷиб гаштанд. Ҳол он ки «Фондарё» дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, истеҳсоли биоэтанолро аз ҷуворимакка  ба роҳ монда буд. Мутахассисони ширкати мазкур ният доштанд, ки аз топинамбур ва эйхорния низ истеҳсоли биоэтанолу биогазро ба роҳ монанд.

- Бояд гуфт, ки ҳар қадар об ифлостар бошад, ҳамон қадар нашъунамои эйхорния беҳтар мешавад. Ин гиёҳ аз таркиби об  металҳои вазнин, радионуклидҳо, намакҳои гуногун, кислотаву заҳрҳоро гирифта, бактерияҳоро нобуд месозад. Бӯйи  бади оби ифлосро рафъ  намуда, онро барои шустушӯ кардан ва ҳатто нӯшидан мувофиқ мегардонад, — мегӯяд доктори илмҳои химия, академик Ҳаким Аҳмадов.

Ба гуфтаи номзади илмҳои кишоварзӣ Шамсиддин Солиев  эйхорния дар натиҷаи биосинтез обро аз моддаҳои заҳрнок тоза мегардонад. Дар баробари ин, эйхорния беҳтарин ғизо барои чорво, мурғ ва моҳӣ ба шумор меравад. Ин гиёҳ дар таркибаш ба миқдори зиёд протеин, каротин, витаминҳои А, В, С ва Е дорад. Олимон ҳисоб кардаанд, ки як гектар киштзори эйхорния дар як мавсим то 1000 тонна силос медиҳад, ки аз он 18-22 тонна ғизои хушки витаминдор гирифтан мумкин аст. Дар таркиби  як тоннаи он 60 кило калий, 20 кило нитроген, 17 кило фосфор, 28 кило сафеда, аминокислотаҳои гуногун, каротину витаминҳои зарурӣ мавҷуд аст.

Эйхорния дар баъзе кишварҳо зиёда аз сад сол аст, ки парвариш меёбад. Суръати нашъунамои он кас­ро дар ҳайрат мегузорад. Як бутта дар 50 шабонарӯз қариб 1000 ниҳол медиҳад. Аз соли 1997 дар бисёр шаҳрҳои Федератсияи Россия, аз қабили Ставропол, Есентуки, Красноармейск, Киржач (вилояти Владимир), Новосибирск ва ғайра эйхорнияро барои тозакунии фазлоб (обҳои канализатсия) ва дарёҳои хурд истифода мебаранд. Масалан, поёноби ифлоси фабрикаи мурғпарварии шаҳри Киржач дар зарфи се моҳ баъди кишти эйхорния  пок ва сифати оби он тибқи хулосаи химикҳо ва эпидемиологҳо ба талаботи ҳавзи шиноварӣ ҷавобгӯ гардидааст.

Мутахассисони шабакаи обу корези шаҳри Красноармейск таҷрибаи киржачиҳоро дастгирӣ карда, барои безараргардонии об аз истифодаи хлор  даст кашидаанд. Аз баракати кишти эйхорния  ва даст кашидан  аз хлор сифати об ба маротиб беҳ шуда, шумораи моҳӣ дар рӯде, ки оби ҳавзҳои биологӣ ба он мерехт, якбора зиёд гардидааст. Эйхорния обро аз хлориду сулфат ва нитратҳо пок мегардонад. Ин гиёҳ солҳо дар Пажӯҳишгоҳи минтақавии кишоварзии Дон мавриди омӯзиши олимони соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ қарор гирифта, натиҷаҳои хуб додааст.

Муҳаққиқон ҳисоб кардаанд, ки 1 тонна биомассаи эйхорния метавонад 500 кубометр биогаз диҳад. Зимни сӯхтани 1 кубометр  биогаз тавассути генератор  2 квт неруи  барқ ва ҳамин қадар гармӣ тавлид мешавад.

Эйхорнияро дар ҷумҳурии мо барои софу тоза кардани ҳавзҳои биологии канализатсияи шаҳру шаҳракҳо, ҳавзҳои шиноварӣ ва поёноби фермаю фабрикаҳои мурғпарварӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар сурати оби лойи дарёҳоро дар ҳавзҳои сунъӣ ҷой дода, дар онҳо эйхорния кишт кардан метавон сокинони  деҳаҳоро бо оби софу  зулол таъмин кард. Агар муассисаҳои обу корез тибқи шартнома силоси  эйхорнияро ба фермаҳои чорводорӣ фурӯшанд, даромади зиёд хоҳанд гирифт. Эйхорния  чун ғизои сервитамин чорворо серширу фарбеҳ месозад. Муассисаҳои обу корез метавонанд хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода, бо гиёҳи серғизои эйхорния чорвои калону хурдро  парвариш кунанд.

Хуб мешуд, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ҶСП «Фондарё»-ро барои идомаи ташаббусҳои наҷибаш ба истеҳсоли биогазу биоэтанол  ҷалб намуда, барои пешрафти ин иқдом мусоидат мекард. Он гоҳ пойтахти кишварамон дар Осиёи Марказӣ нахустин шаҳре мешуд, ки аз партовҳои биологӣ биогаз тавлид карда, бо он ҳаракати автобусҳои  мусофиркашро ба роҳ мемонд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

 «Садои мардум»