«Гулдухтарон» пешсафиро аз даст нахоҳад дод

№68-69 (4330-4331) 22.05.2021

IMG копияСолҳои охир бозии футбол миёни бонувон маҳбубияти зиёд  пайдо кардааст ва аз ин ҷост, ки дар баъзе аз шаҳру ноҳия, ташкилоту идора ва муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат тимҳои нав ба нав таъсис меёбанд. Яке аз онҳо дастаи футболи хурди «Гулдухтарони»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Он аз соли 2016 арзи ҳастӣ дорад. Ба ин нигоҳ накарда, мунтазам дар мусобиқаҳои гуногун иштирок намуда, дар баробари андӯхтани таҷриба, ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ низ мушарраф мегардад. Ин аст, ки айни замон яке аз беҳтарин дастаҳои футболи занонаи кишвар арзёбӣ мегардад.

Соли 2020 барои  «Гулдухтарон» соли бобарор омад. Зеро зимни иштирок дар мусобиқа ба истиқболи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, миёни шаш тим сазовори ҷойи аввал шуд. Соли равон бошад, дар мусобиқа ба ифтихори Рӯзи Модар, ки моҳи март дар варзишгоҳи «Душанбе — арена» сурат гирифт, ба гирифтани мақоми ифтихории дуюм шарафёб гардид.

- Дар муваффақияти даста саҳми бозингарон Рафоат Қувватова (сардор), Мафтуна Каримова, Нурия Наимова, Миҷгона Давлатова, Ситора Умурова, Мадина Фозилова, Шукрона Азизуллоева, Муниса Ятимова, Зевар Шамсова ва Фаром Шодмонбекова калон аст, — гуфт Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳ Ҳабибов, ки дастаро роҳбарӣ менамояд. — Кӯшиши зиёди онҳо умедворкунанда аст ва дилпур менамояд, ки зимни иштирок  дар мусобиқаҳои минбаъда пешсафиро аз даст нахоҳем дод.

«Садои мардум»