Ростӣ, гоҳҳо печидаи тӯри хаёл гаштан мумкин, ки Худованд ба ин зан чӣ неруи муқтадиреро насиб гардонда, ки тавонад чунин корҳоро сомон бубахшад? Худаш як Гулнора, аммо баробари се гулнораҳо заҳмат мекашад, баробари се гулнораҳо меандешад, ва баробари се гулнораҳо ҷаҳду талош дорад. Ва аҷобат ин ки ҳама кӯшишҳояш самаровару муваффақонаанд.
Гулнора дар пайраҳаи омӯзгорӣ аз рӯйи ҳавою ҳавас наомада. Ҳанӯз замони кӯдакӣ, шурӯъ аз синфи якум (соли 1976), дар мактаби миёнаи рақами 8- и ноҳияи Ҷиликӯл, ба синфхона, ба омӯзгор, ба тахтаи синф, ба бӯр, ба қаламу дафтар дил баст. Паргори ҳаёт ин муҳитро меҳвари дунёи зебои кӯдакиаш гардонда буд, дар фазои орзуҳои тиллоиаш чарх мезад, хирмани меҳру садоқат бунёд месохт.
Солҳои донишҷӯйӣ дар факултети физика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (собиқ Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко) тавонист он чиро, ки мехост ба даст биёварад. Маҳз ҳамон айёми шукуфои ҷавонӣ ба қадри ҳар дақиқа вақти умр расид, итминон ёфт, ки ҳар як дақиқаи умр метавонад дар тақдири инсон нақши созгоре гузорад.
Инсонҳо дар ҳаёт ҳавасҳо, умедҳо, хоҳишҳо доранд. Худи ҳаёт ҳам бе ин мафҳумҳо рангу бӯ, маънӣ ва озодагӣ надорад. Тавре ки мо аз тамошои анвори зарҳалини хуршед, аз боғу роғ ва аз чашмаҳои зулоли кӯҳистон фараҳ меёбему нашъа мебардорем, аз шукуфти орзуҳои хеш низ ҳамин гуна руҳан лаззат мегирем. Ба ҳамин монанд, Гулнора баъди хатми мактаби олӣ (соли 1991) дар мактаби миёнаи рақами 15- и ноҳияи Ҷиликӯл ба сабақомӯзии хонандагон шурӯъ кард. Акнун, ӯ чун айёми кӯдакӣ бо лӯхтакҳо не, балки бо инсонҳо машғулӣ дошт. Ин инсонҳои хурдакакро бояд адабу дониш дод. Онҳо амсоли меваҳои хоманд. Гулнора барин омӯзгорон ин меваҳои хомро бояд пухта ва ширин гардонанд, то ки оянда онон меваҳо ба бор оранд.
Гулнора Авезова солҳои 1991- 1995 дар мактаби миёнаи рақами 15, солҳои 1995- 2007 дар мактаби миёнаи рақами 7 ва аз соли 2007 то инҷониб дар гимназияи давлатии рақами 1- и ноҳияи Ҷиликӯл ҳамчун омӯзгор, тибқи тахассуси доштааш, заҳмат мекашад, идомабахши кори устодони хеш баҳри донишандӯзии шогирдон аст.
- Ман толеъ доштам,- мегӯяд Гулнора,- зеро волидайнам умри бобаракат диданд: падарам Авезов Раҷаб дар синни 100- солагӣ, модарам Норова Авазбикка дар синни 93- солагӣ аз дунё реҳлат карданд. Пешаи деҳқонӣ доштанд дар ҳаёт, аммо дар майнаашон хазинаи қиссаву устураҳои халқию таърихӣ, шеъру таронаҳои мардумӣ, маърифати инсонӣ буд. Илму саводро қадр мекарданд ва то ҷое, ки имкон доштанд, ҳамаамонро ба ин роҳ ҳидоят намуданд, бо роҳнамоии онҳо мо барои соҳибмаълумот гардидан тасмим гирифтем. Аз ҳашт нафар фарзанд чаҳор нафарамон бо пешаи омӯзгорӣ мактабҳои олиро хатм кардем: Раҷабов Тағандурдӣ — омӯзгори Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Авезов Халтоҷ — омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ва банда- фарзанди хурдӣ омӯзгори гимназияи давлатии рақами 1- и ноҳия мебошем. Бародарамон Авезов Газандурдӣ омӯзгори пешқадам буд, аммо умр вафо накард (ҷояш ҷаннат бод!). Волидайн ҳар чори моро чаҳорбоғи орзу номида, ифтихор доштанд, шукронаи даргоҳи Худованд мекарданд, ба як ҳисоб ҳамаи ормонҳояшонро дар ҳаёт дида, аз дунё бе ормон рафтанд.
Ӯ аз он ифтихор дорад, ки оғози фаъолияти меҳнатиаш бо замони соҳибистиқлол гардидани кишвари азизаш — Тоҷикистон рост омад. Гулнора тавонист, ки ҳанӯз аз солҳои аввали фаъолият муҳимии як масъаларо дарк намояд: усули таълиму тарбияро такмил дода, ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардан, яъне дар муқобили рушди технологияи муосири давлатҳои пешрафта усули бозмондаи шӯравӣ дигар коргар нест. Вобаста ба замони муосир ҷорӣ кардани фанҳои нав, ҷиддӣ ба роҳ мондани дарси компютер ва информатика, такмили методологияи таълим ва ғайраҳо. Ин вазоифи мушкилро ба дӯши фақат олимон вогузор кардан нашояд, чаро ки аз як даст садо наояд, дар ин самт омӯзгорони варзидаю таҷрибаандӯхтаи макотиби миёна низ бояд фаъол бошанд, ҳотифи донишу хирад шуда, бо мутахассисон ҳамдастӣ намоянд. Ва худ яке аз он нафароне гардид, ки дар дар ин ҷода саҳм гузошта тавонист.
Ба ёдам меояд андеша-ҳояш дар яке аз конфронсҳои омӯзгорони ноҳия:
- Имрӯз ислоҳот дар соҳаи маориф ногузир аст. Тавре ки об барои инсон зарур аст, илму дониш низ барояш даркор ва муфид мебошад, зеро он барозандаи зиндагии инсон аст. Дуруст аст, ки инсон бе об зиста наметавонад, вале бе илму дониш зиста тавонад ҳам рӯзгораш бе рангу бӯ, бе ҷило, бе мақсад, бе орзую ҳавас мегузарад, мисли нақше дар девор. Маҳз илму дониш аз оғозгоҳи қарнҳо ба инсон неруи андешаронӣ бахшид, ӯро аз боди адам раҳонид, қобилияти ояндаашро дарк кардан дод, соҳиби ақлу хирад намуд. Биёед, лаҳзае биандешем: бист сол қабл бо телефони мобилӣ аз як гӯшаи олам бо гӯшаи дигари олам гуфтугӯ кардан, дар ҷой нишаста бо пулт идора кардани телевизор, бо мавҷгиракҳои параболӣ тамошои 50- 100 канали шабакаҳои ҷаҳонии телевизионӣ… ба гӯшаи хаёли мо намеомад. Аммо имрӯз чунин машғулиятҳо дар назари мо як кори одӣ менамояд. Ва аз хурд то калон бо онҳо сарукор доранд, бовар кунед, ҳамин ки телефони дастиро ба кӯдаки яксола додед, мебинед, ки онро зуд ба гӯш мебарад. Табдили усули имтиҳонсупорӣ дар мактабҳои олию миёна бо шакли ҳозиразамони тестӣ низ ба шарофати технологияи нав ба даст омад. Имрӯз ҳатто тасаввур кардан душвор аст, ки баъди даҳ сол чӣ технологияҳои навтарине рӯйи кор меоянд, зеро илм бо суръати кайҳонӣ рӯ ба пешравӣ дорад ва мо вазифадорем, ки барои кор бо онҳо омода бошем. Шогирдонро дар ин роҳ тарбия намоем.
Он вақт ин гуфтаҳои қобили қабулро аҳли нишаст пазируфт, чаро ки вақте инсон бо дониш бар худ ғалаба мекунад, чун инсони комил тафаккур меронад, андешааш мамлу аз покию росткорӣ мешавад. Ҳамаи кӯшишу заҳматҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷу мактабҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат, таъсиси квотаҳои президентӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи миллии тарбия, омӯзиши ҷиддии забонҳои русию англисӣ маҳз ба ҳамин хотир аст, ки насли наврасу ҷавони имрӯза бо донишҳои нави замонавӣ мусаллаҳ гардида, ояндасози миллату давлати хеш бошанд, осудагии кору зиндагиро дарёфта, ба доми макру ҳияли ашхоси бадтинату носеҳони бадгуҳар, ки онҳоро ба равияҳои тундгаро ва ҷараёнҳои мухталифи мазҳабӣ тела доданӣ мешаванд, наафтанд.
Гулнора тавонист, ки гуфтаҳо-яшро бе тардид роҳандозӣ намояд. Шурӯъ аз соли 1998 шогирдонаш дар озмунҳои на фақат ноҳиявӣ, балки вилоятию ҷумҳуриявӣ низ фаъолона ширкат варзида, бо дониши қавӣ аз фанни физикаю компютер ҷойҳои намоёнро ишғол карда, соҳиби медалҳо гардиданд. Чунончӣ, соли 2008 Мирзоева Таҳмина, Фирӯзи Баҳром, соли 2014 Шоев Рамазон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои 3- юм ва медалҳои биринҷӣ гардидаанд. Шумораи шогирдони ӯ, ки дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ҷойҳои аввалро ишғол кардаанд, афзун аст. Ба ин тариқ, омӯзгори пешқадам Г. Авезова бо меҳнати ҳалолу садоқатмандонаи хеш на фақат байни ҳамкасбон, балки дар сатҳи ноҳия, ҳатто вилояту ҷумҳурӣ шинохтаи умум ва соҳиби эҳтиром гардид.
Омӯзгор Г.Авезова иштирокчии як силсила фестивалҳои ҳунарҳои халқии ҷумҳуриявӣ ва хориҷ аз он, ба вижа оид ба қолинбофии дастӣ, ки худ устоди моҳири ин соҳа аст, мебошад. Аз ҷумла иштирокчии фестивали бачагонаи «Нури умед» — соли 2000, фестивали «Эҷодиёти наврасони ақаллиятҳои миллӣ» — соли 2003 дар шаҳри Душанбе, фестивали «Муаррифии расму ойин, анъана ва урфу одатҳои миллии миллатҳои камнуфуси Тоҷикистон» — соли 2006 дар ноҳияи Вахш ва ғайраҳо мебошад.
Г. Авезова моҳи октябри соли 2008 ба Ҷумҳурии Туркманистон даъват гардида, дар тантанаи рӯзи истиқлолияти ин кишвар иштирок кард ва бо сарварони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгули Бердимуҳаммадов аз наздик ҳамсуҳбат гардид. Ҳамчунин зимни баргузории фестивалҳое, ки солҳои 2009 ва 2010 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон таҳти унвони «Рушди сарзамини миллати туркман» доир гардиданд, бо Президенти ин кишвар Гурбонгули Бердимуҳаммадов ҳамсуҳбат шуда буд.
Самти дигари фаъолияти Г.Авезова ҷустуҷӯйи илмист. Ӯ мақоми илмро дар пешравии ҳама соҳоти ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мекунад ва андеша дорад, ки ҳар як пиндори солим, хулосаи бикр, пешниҳоди тоза ва кашфиёти нав метавонад уфуқҳои илмро баланд бардошта, бо пиёда сохтани онҳо дар хоҷагии халқи кишвар пешравӣ ба даст ояд. Аз ин лиҳоз, ӯ ҳамчун як омӯзгори одӣ тавассути пажӯҳишҳои илмӣ доир ба масоили мубрами фанни физика ва информатика мақолаҳои ҷолиби илмӣ эҷод кард, ки онҳо дар маҷмӯаҳои дастаҷамъии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ чоп гардидаанд.
Аммо аз он ки андешаҳои омӯзгор Г. Авезова муттасил, дурандешона, доманадор, пурвусъатанд, қисмате аз хулосаҳои илмиашро наметавонист ҳудудан дар як мақола биғунҷонад. Чун аҳли маориф одатан бо мушкилот ва норасоиҳо дар ин ё он масъалаи фаннӣ мувоҷеҳ мегарданд, қарор дод, ки тавассути нашри китоб дар рӯшанӣ бахшидан ба онҳо саҳм дошта бошад. Дигар ин ки ӯ намояндаи миллати туркман буду дар баргузории чорабиниҳои фарҳангии ҳар ду кишвар фаъолона ҷаҳду талош меварзид, то аз боби равобити дӯстонаи Тоҷикистону Туркманистон барои хонандагон низ китоб иншо намояд. Ба ин хотир китоби дарсии математика барои синфи 1-и туркманзабонҳо (КМН, «Насиба»,с.2001, Душанбе), «Методикаи машғулиятҳои беруназсинфӣ аз физика» (дастури методӣ, бо ҳаммуаллифии Умаров У. С. ва Раҷабов У. Х., Душанбе, матбааи «Сабрина- К», с. 2012), «Кроссвордҳо дар таълими физика» (бо ҳаммуаллифии Умаров У. С. ва Раҷабов У. Х., Душанбе, матбааи «Сабрина- К», с. 2011), «Садои қалби дӯстон» (Душанбе, «Маориф», с.2014) ба нашр расонда, пешкаши хонандагон гардонид.
Г. Авезова бо забони турк-манӣ низ китобҳо ба нашр расондааст. Чунончӣ, китоби «Сафинаи тафаккури шеър» — и эшон (Душанбе, «Маориф», с.2014) ба ифтихори 290- солагии шоири машҳури туркман, мунодии озодии халқ Махтумқулӣ (Фироқӣ) бахшида шудааст. Дар китоби дигари бо забони туркманӣ пешкаши хонандагон гардондаи Г.Авезова бо номи «Ман туро дӯст медорам»(матбааи ш.Қӯрғонтеппа, с.2013) 822 сухани пурҳикмат аз китобҳои мухталифи адабиёти классикии тоҷику форс ва эҷоди худи муаллиф ҷамъоварӣ шудааст, ки онҳо дар тарбияи ахлоқӣ, инсоншиносӣ, одамият ва ватандӯстию меҳнат-дӯстии наврасон хизмати босазо хоҳанд кард.
Агар саҳифаҳои китоби меҳнатии ин бонуи заҳматписандро мунсифона варақ гардонем, мебинем, ки он пур аз комгорию бурдбориҳост. Чунончӣ, соли 2003 ба гирифтани нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», солҳои 2010 ва 2012 бо қолинҳои бо даст бофтаи худаш дар озмунҳои «Маҳсулот ва хизматрасониҳои беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон», «Маҳсулот ва хизматрасониҳои беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе» иштирок карда, ба гирифтани ҷойи аввал ва диплом шарафёб шуд. Соли 2005 дар озмуни вилоятии «Маърифатафрӯз» бо асбобҳои айёнии таълимии худаш тайёркарда иштирок намуда, соҳиби мукофоти пулӣ гашт. Солҳои 2007 ва 2013 дар озмунҳои «Муаллими сол»-и вилояти Хатлон иштирок намуда, ҷойи 2- юмро соҳиб гардид. Соли 2007 аъзои Ассотсиатсияи «Туркманҳои ҷаҳон» ва соли 2010 дипломанти озмуни «Қолинҳои туркманӣ» ва соли 2011 соҳиби нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» гардид.
Гоҳе ки Гулнора ба гирдоби андешаҳо ғӯтида, мавқеи хешро дар ҷамъият дарёфтанӣ ва самари заҳматашро ташхис доданӣ мешавад, вуҷудаш аз фараҳу шодӣ лабрез мегардад. Ин бесабаб нест, чаро ки дар сафҳаи умраш лаҳзаҳои муассиру хотирмон афзун аст. Ин лаҳзаҳои пур аз масаррату ҳаяҷонбахш ба ӯ неруи тоза мебахшанд.
Давлати Султон, хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Хатлон,
Сайидаҳмади Ҳасан, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон