Дар доираи фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай мавқеи назаррас дорад. Ин нуктаро Хайрулло Мирзамонзода, муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ иброз намуд. Бино ба қавли ӯ аз 301 шартнома ва қарордоди ҳамкории ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК), муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, 167-тои он маҳз бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои илмӣ — таҳқиқотии кишварҳои СҲШ рост меояд.
- Дар ин самт, аз ҷумла бо 111 МТОК ва марказҳои илмии Федератсияи Россия, 14 донишгоҳи Ҷумҳурии Қазоқистон, 13 донишгоҳу донишкадаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, 13 муассисаи илмию таълимии Ҷумҳурии Қирғизистон, 11 муассисаи илмию таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 ниҳоди илмию таълимии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва се МТОК Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамкориҳо тавсеа ёфтаанд. Ин ҳамкориҳо табодули устодону муҳаққиқон ва донишҷӯён, гузаронидани тадқиқотҳои муштараки илмӣ, ширкат дар экспедитсияҳои саҳроӣ, лоиҳаҳои байналмилалӣ, баромад намудан ба ҳайси роҳбари илмӣ, омӯзиши таҷрибаи пешкадам ва ташкили ҳамоишҳои сатҳи гуногуни илмӣ — амалӣ ва ғайраро дарбар мегиранд,- гуфт Х. Мирзамонзода.
Боиси қайд аст, ки ДМТ дар доираи СҲШ муассис ва узви фаъоли Донишгоҳи шабакавии Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Дар доираи он даҳҳо магистр ва донишҷӯи ДМТ дар барномаҳои табодулӣ ширкат намуда, барои баланд бардоштани савияи дониш ба ин ё он МТОК фиристода шудаанд.
Ба гуфти Хайрулло Мирзамонзода яке аз самтҳои муҳими СҲШ дар соҳаи маориф ташкил намудани фазои ягонаи таҳсилот, стандартҳои ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, барнома ва стандартҳои ягона доир ба омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии қаламрави СҲШ бо дастрасӣ ба тамоми имконияти мавҷуда мебошад. ДМТ ҳамчун узви фаъоли Донишгоҳи шабакавии СҲШ пайваста дар ҳамоишҳои илмӣ, мулоқоти коршиносони соҳавӣ, такмили барномаҳои муштарак ширкат менамояд. Баргузор намудани лексияи устодони ДМТ ва МТОК — и давлатҳои СҲШ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин замина даҳҳо устодону муҳаққиқон дар донишгоҳҳои табодули таҷриба намуда, аз дастовардҳои ҳамдигар бархӯрдор шудаанд. Ҳамкориҳои дутарафаи ДМТ бо МТОК-и давлатҳои узви СҲШ намунаи беҳтарини ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилот ва илм маҳсуб меёбад.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»