Вақтҳои охир пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе чун баҳори амбарсиришт басе рӯҳнавозу зебо гаштааст. Хиёбону кӯчаҳои озода, иморатҳои баландошёнаи бо меъмории дилкаш бунёдшуда, мағозаву дӯконҳои рангоранг ва гулгашту боғҳои нав ба нав ба он шаҳомати хос бахшидаанд.
Хусусан, лавҳаву навиштаҷоти пештоқи баъзе аз биноҳои маишиву хизматрасонӣ, утоқҳои корӣ шинаму зебоянд. Ба монанди: «Боғи Ирам», «Наврӯз», «Баҳористон», «Рахш», «Сиёвуш», «Гулбоғ», «Шабнам» ва даҳҳо номгузории дигар.
Ҳис мешавад, ки шаҳри Душанбе чун Шерозу Бухоро, Мазори Шарифу Теҳрон ва Лоҳур, ки бо онҳо бародаршаҳр аст, рушду камол меёбад. Вале баъзан номгузориҳои номуносиб чун доғҳои сиёҳ ё дарбеҳи ночаспон дар баъзе аз дӯкону мағозаҳо ва толорҳо ҷой доранд. Масалан, дар девори мағозаи рӯ ба рӯи истгоҳи КВД КТН «Шарқи озод» чашмам ба чунин навиштаҷот афтод: «Фабрикаи шири Саодат», «Био — Кефир», «Кефири оилавӣ». Агар ин номҳоро бузургони гузашта, ки фарҳангу адабиёти пурғановатро намояндагӣ мекарданд, медиданду мехонданд, бешубҳа, мегуфтанд: «Хат ғалат, маъно ғалат…».
Ҳамин тавр, навиштаҳои «Йогурти ошомидани олуболӣ», «лаълинаки қирс-қирскунанда, бо лаззати қирс-қиср хӯр» ва ба ин монандро дар шаҳр бисёр вохӯрдан мумкин аст. Албатта, дар ин номгузориҳо меъёри забони давлатӣ мантиқан хароб буда, услуби адабии истилоҳот аз байн рафтааст.
Дар навиштаҳое чун «Ход-дог», «сосиска», «пирожкӣ», «биляши», «самбӯсаи говӣ», «гӯспандӣ», «кофе молочный», «компот-полоб», «тезтайёр» низ маънои вожаҳо ба талаботи забони давлатӣ ҷавобгӯй нест. Забони давлатӣ забони шеваю маҳал ё гуфтори кӯчагӣ нест. Ҳеҷ гоҳ изн додан мумкин нест, ки ҳар кӣ хоҳад, нисбат ба забони тоҷикӣ худсарию беэҳтиромиро раво бинад.
Магар дар забони ширини тоҷикӣ вожаи «компот» вуҷуд дорад? Дар фарҳангу адабиёт вожаҳои зебои «гулоб», «оби мева», «хушоб», «шарбат», «шароб» ҳаст, аммо ин калимаро бо пурбин ҳам намеёбӣ.
«Тезтайёр»-у «ход-дог» низ эҳтимол аз русӣ гирифта шуда, нодуруст тарҷума гардида, маънои мантиқӣ надоранд.
Ҳадаф аз пешниҳоди матлаб он аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номҳои худсарона ва бе маслиҳати коршиносон гузоштаи корхонаҳоро зери назорати ҷиддитар бигирад.
Исматуллоҳ ЯЪҚУБЗОДА,
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон