Хирад ва тафаккури таҳлилӣ мебояд

№155 - 156 (4738 - 4739) 27.12.2023

Мусаллам аст, ки вазъият ҳамеша ба ҷомеа ва инсонҳо таъсиргузоранд. Ҳар гуна вазъи пешомада — чӣ ҳаводиси табиӣ, чӣ ҳаводиси иҷтимоӣ ба афроди дар ин маҳдудаи маконӣ ҷойгиршуда таъсири хешро мерасонад. Ҳамин аст, ки афрод вобаста аз шароити ҷуғрофию сиёсӣ ва таърихӣ, тарзи бароварда кардани ниёзҳои моддӣ, хислату хосиятҳоеро ба худ касб мекунанд, ки онҳо вобастаи ҳамин авзоянд.

Ҳеҷ дарёи ороме маллоҳи моҳиру пуртаҷрибаеро ба миён намеорад. Ҳар қадар дарё пурталотуму ноором бошад, ҳамон андоза маллоҳ таҷриба пайдо менамояд. Яъне, ин ба он маъност, ки ширинии фаҳм ба таҷриба аз ранҷ кашидан ва заҳмат ҳосил мешавад. Аз ин рӯ, агар дар думболи ҳадафе неруи инсонӣ барои расидан ба он равона намешаванд, ин ҳадаф ба шиор табдил меёбад. Шиор додан барои расидан ба ҳадаф, танҳо амали худфиребӣ ва ҷаҳолатест, ки аслан корсоз набуда, наметавонад барои расидан ба ҳадаф амали дурустеро дар пайи худ оварад. Бо шиор бидуни амалкард намешавад ба дарвозаи шууру хирад ворид гардид. Барои расидан ба ҳар ҳадаф, бояд риёзати ақлу андеша кашид, ҳама падидаю воқеиятро дар ҷойи худ таҳлил сохт, аз он натиҷа гирифт ва боз ҳам ба самти расидан ба ҳадафи дигар неруҳои инсонии худро сафарбар сохт. Яъне, ин ба он маънист, ки ҳеҷ бузургию шаҳомат бидуни худсозӣ, заҳмат кашидан ва кӯшиши пайваста ба даст намеояд. Инсон, пеш аз ҳама, дар пӯёию ҷӯёӣ, хирадсолорӣ, таҳлили амиқи илмии вазъиятҳо метавонад арзиши падидаю ашёҳоро ёбаду ҷойгоҳи хешро дар ин олам дарк намояд. Ҳамчунин, дар бобати арзиши инсонии худ ва дар маҷмӯъ инсоният хулоса намояд. Вақте дар ҷомеае на аз роҳи хирад, балки ба воситаи гумону бовар ва аз роҳи тарс ё ихлос ба падидаҳо муносибат менамоянд, табиӣ аст, ки дар чунин вазъият онҳо на аз воқеияти ҳодисаю рухдод, балки ҳолати ворунаи дар зеҳнашон эҷоднамударо маърифат меҳисобанд. Ҳувияти бахше аз мардум низ дақиқан ҳамин гуна ташаккул меёбад.

Ҳар гуна амал бе ҳадаф ва бидуни хирад пойдор буда наметавонад. Ҳатто дӯст доштани чизе ё фарде низ ба дарки хирадиву шуурӣ метавонад поянда бошад. Дар баробари ин, ҳеҷ шууре бидуни заҳмати хирад ҳосил нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, ҳар фард бояд назди худ масъулият дошта бошад, то ҳадафе мегузорад ё амалеро, ки анҷом медиҳад, онро бо роҳи хирад таҳлил намояд. Дар доираи фаҳму шуури худ ба он бархӯрд намуда, пайваста дар ҷустуҷӯи паҳлуҳои гуногуни норавшани ҳамон ашё шуғл варзад. Мусаллам аст, ки донистан аз ҷӯёӣ, пажӯҳиш, хондан ва мушоҳидаю таҷриба ба даст меояд. Аз ин рӯ, бояд пайваста хонд, таҷриба кард ва таҳлилу баррасӣ намуд, то ҳақиқати падидаю ашёҳоро дарёбем. Иштибоҳоти хешро дарк кунем ва то ҳадде метавонем онҳоро бо тасмимгириҳои оқилона ислоҳ намоем. Инсоне, ки аз ин мафҳумҳо дарку фаҳм намекунад, ҳатман дар зери таъсири андешаи дигарон мемонад.

Мутаассифона, дар ҷомеае, ки аксарро авом ташкил медиҳанд, чунин муносибат ба назар мерасад. Чун авом ҳеҷ гоҳ намехоҳанд худро заҳмат диҳанд, онҳо бо ҳамон андешаҳои аз ҷониби мутаваллиёни бовармандӣ ироашуда худро таскин медиҳанд. Аз ҷониби дигар, дар дарозои таърих чунин раванде сурат гирифтааст, ки мардум бо такя ба арзишҳои бовармандӣ, худро аз андешидан, ҷустан ва ба чашми худ дидани ҷаҳон мунсариф намудаанд. Ҳар он чӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили боварманд ироашударо бе ягон асос ба ҳайси ҳақиқатҳои мутлақ қабул намудаанд.

Вақте як инсон наметавонад чигунагии неку бад ва ё саҳеҳу ғалатро дар мизони андеша ва хиради худ баркашад, ӯ ҳатман пойбанди гуфтаҳои дигарон боқӣ мемонад. Ин на танҳо дар гузаш­та, балки дар ҷаҳони иттилоотие, ки ҳоло мо ба сар мебарем, низ чунин аст. Баъзан мардум ахбори дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё тариқи расонаҳои гуногун баррасишавандаро бидуни ҳама гуна таҳлилу баррасӣ қабул менамоянд. Гоҳо чунин ба назар мерасад, ки он чӣ аз ҷониби расонаҳои гуногун пахшу нашр мешавад, гӯё барои манфиати онҳо кор мекунад, вале ин як воқеияти фиребо аст. Ҳеҷ гоҳ ҳеҷ қавме ва миллате дилаш ба ҳоли шумо насӯхтааст ва намесӯзад.

Дар ҷаҳони имрӯз ҳама гуна муносибат танҳо ба хотири манфиатҳои давлатҳои муайян сурат мегиранд ва ҳар давлате бо давлати дигар дар доираи манфиатҳои миллиаш муносибатҳоро анҷом медиҳад. Дар тӯли таърих низ чунин будааст, ки ғосибон ва қавмҳое, ки ба сарзамини мо омаданд, ҳамеша кӯшиш ба харҷ доданд, то аз мардуми мо ба хотири манофеашон истифода намоянд. Онҳо ҷиҳати нигоҳдошти қудрати сиёсии хеш аз гузинаҳои гуногун истифода намудаанд ва, аз ҷумла, яке аз ин гузинаҳоро тарвиҷи афкори боварманду хурофотӣ ташкил медиҳад. Онҳо аз содабоварии мо истифода намуда, ҳамеша бо роҳи парокандани дурӯғ, тарс ва дунёи дигару амсоли ин мардуми моро дар маҳдудаи фикрию андеша қарор додаанд. Бовармандиро ба ҳайси ҳақиқати мутлақ таблиғ намуда, роҳе ба рӯи андешиданро ба мардуми мо нагузоштаанд. Ҳол он ки бояд ҳар фард худ дарк намояд, ки хуб ё бад будан дар ҳар кор ё умуре меъёри зеҳни инсонист.

Аз назари равоншиносӣ барои як фард зарур аст, аввалан шинохти худ ва арзишҳои фардиашро мушаххас кунад ва ононро мавриди бозбинӣ аз назари ақлу мантиқ қарор бидиҳад. Агар фард ба арзишҳои тарбиятие, ки худ вориди он аст, аз диди илмӣ бархӯрд кунад, он ҳам тавассути усулҳои илми равоншиносӣ ором — ором ба диди наве нисбат ба рафтор ва амалкардҳояш дар ӯ ба вуҷуд меояд. Равоншиносӣ илми таҳлил аст, на илми ваколату қазоват. Аз ин рӯ, ҳар ­фардро зарур аст, андешаи таҳлилӣ дошта бошад. Вобаста ба ин фард вақте дар тарбияи хиради таҳлилии худ мерасад ва падидаю воқеаҳоро аз меъёрҳои мушаххаси ақлӣ таҳлил менамояд, дигар барои ӯ ҳеҷ чиз дар шакли мутлақ нек ё бад буда наметавонад. Ҳар падида дар доираи таҳлиле метавонад ҷанбаҳои нек ва ё баръакс дар тарзи дигари таҳлил ҷанбаҳои баде дошта бошад, яъне ҳеҷ чизи дар олам мавҷуд наметавонад сад дарсад нек бошад ва ё сад дарсад бад бошад.

Дар ҷаҳони муосир ҳар иттилое, ки пахш мешавад онро бояд аз диду салиқаи илмӣ таҳлил кард ва натиҷагирӣ намуд, ки он аз куҷо маншаъ мегирад ва омилу сабабҳои он кадомин меъёрҳоянд. Аз ҷониби дигар, баррасии ин ё он мавод, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё дунёи маҷозӣ сурат мегирад, то чӣ андоза бар нафъи манофеи миллӣ ё баръакс бар зарари онанд, зеро дар ҷаҳони имрӯза вобаста аз даъвою талошҳо бузургманишҳо ва интисоби фарҳангӣ миллатҳои гуногун кӯшиш ба харҷ додаанд, таърих, фарҳанг ва вуҷуди давлату миллати моро қурбонии манофеи худашон намоянд. Аз ин рӯ, бояд ҳар гуна иттилоъ, ки тариқи расонаҳои гуногун интишор мешавад, аз ду дидгоҳ мавриди қазоват қарор бигирад. Аз дидгоҳи онҳое, ки чунин навъи хабарро пахшу нашр мекунанд, аз тарзи пахш кардан то ба расонидани самъи шунавандаю хонанда чиро интизоранд ва чӣ манфиат доранд. Аз тарафи дигар, аз диди манофеи миллии кишвари мо, ки пахши чунин хабар бо чунин шева то чӣ андоза манфиатҳои миллии моро дар хатар мегузорад ва барои барҳам задани суботи иҷтимоӣ оварда мерасонад. Ин ду ҳолат бояд аз ҷониби афрод дарк ва фарҳанги таҳлилӣ ва шинохти қазовати дуруст дар онҳо ташаккул дода шавад.

Ҳар қадар сатҳи шууру тафаккури афрод илмитар, оқилонатар ва таҳлилитар бошад, онҳоро мағзшӯӣ кардану гумроҳ намудан бисёр мушкил аст. Чунин навъи тарбия боз ҳам бармегардад ба сатҳи ҷаҳонбинӣ ва омӯзиши дурусти илмӣ аз воқеиёти табиию ҷамъиятӣ, ки марбут ба низоми маорифи як кишвар аст. Ҷое нодонӣ, камшуурӣ ва ҷаҳлу хурофот дар низоми баланд қарор доранд, дар он ҷо шуур ва фаҳми манофеи худ ва ҳувияти миллӣ вуҷуд надорад. Аз ин хотир, бозингарони беруна ҳамеша бо роҳи тавтеапароканӣ омӯзишҳои иҷтимоии хислатӣ, иллатшиносӣ, низоъӣ ва равонии мардуми ин минтақаро омӯхта, вобаста ба ин дар доираи фаҳму дарки онҳо, инчунин, стреотипҳои рафториашон хабару маълумоти коркардшударо ҳадафнок равона месозанд. Онҳо корашонро оқилона, огоҳона ва ҳирфаӣ анҷом медиҳанд. Ҷиҳати дигари масъала ин аст, ки онҳо ҳар амалеро анҷом медиҳанд, ба хотири ҳифз ва тавсеаи манофеи миллиашон анҷом медиҳанд ва дар мавқеи худ онҳо ҳақанд, вале барои мо агар ба даст боз бармегардад ба худи мо. Ин маънии онро дорад, ки то мо худро ислоҳ накунем, ҳушёру огоҳ аз ҳаводиси ҷаҳон набошем, мусаллат бо донишҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ набошем, бо мо чунин муносибат хоҳанд кард. Пас вобаста ба ин муқаддимот моро зарур аст то таҳлили осебшиносии иҷтимоӣ дошта бошем ва онро ҳам дар дарозои таърих, ки сабаби шикасту зери бори дигарон рафтани мардуми мо шудаанд, мавриди таҳлил қарор диҳем. Дигар ин ки дар ин дарозои таърихӣ кадомин унсурҳои бегона, сабаби заъфи тафаккуру андешаи миллати мо гардида, боиси вопасгароӣ, дармондагӣ ва мисли айсберге монеи рушди миллат гарданд. Ба назари инҷониб, дар шароити кунунӣ моро зарур аст маҷмӯи андеша, арзишҳо, ҷаҳонбинӣ, навъи рафтор, бархӯрд ва навъи қазоват дар сатҳи миллӣ таҳлил ва қазовати илмию воқеӣ пайдо намоянд. Арзёбии дақиқу илмии онҳо ба манфиати миллату кишвар хоҳад буд.

Исомуддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа