Таҳти чунин унвон нависандаи пурмаҳсули тоҷик Сайдаҳмади Зардон ба ифтихори 70-умин солгарди ходими намоёни давлатӣ ва сиёсиву ҷамъиятӣ, собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки чун ҳамсафи содиқи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пас овардани муҳоҷирони иҷбории тоҷик ба ҷойҳои зисти доимӣ (солҳои фоҷиабори 1992-1997) хидмати камназир дорад, китоб таҳия намуд.
Китоб, ки дар нашриёти «Адиб» ба нашр расидааст, аз бахшҳои «Бовар ва ихлос», «Ҳамсаф ва ҳаммаслаки Президент», «Аксҳои мондагор» ва «Табрикоти дӯстон» мураттаб гашта, дар хонанда эҳсоси ватанпарастиро ангеза медиҳад. Дар қисмати аввали китоб эссеҳои солҳои 1999, 2001 ва 2008 интишордодаи Шукурҷон Зуҳуров дар рӯзномаҳои бонуфузи «Садои мардум» ва «Ҷумҳурият» ҷой дода шудаанд, ки аз талошу шабзиндадориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳ қисса мекунанд. Аз ҷумла, нигоштааст: «Дар таърихи навини халқи тоҷик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хидматҳои барҷаста кардаанд. Ҳар нафаре, ки сарнавишти печидаи халқи тоҷикро медонад, дар паҳлуи ин шахсияти худодод фаъолият карда, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос менамояд, ки бидуни муболиға, ҳанӯз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро дарк намудаем».
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва сиёсию ҷамъиятӣ қадам ба қадам ба зинаҳои баланди роҳбарӣ расида, роҳнамоию ҷонбозиҳои Пешвои миллатро аз наздик эҳсос карда, дар эссе ва ёдномаҳои худ воқеъбинона, муассиру ибратомӯз ба қалам додааст. Воқеан, тасвири образ, лаҳзаҳои дилфишор ва шуҷоату тасмимҳои самарбори Президент дар навиштаҳои ӯ хеле возеҳ бозгӯӣ шудааст.
Пешвои миллатро ӯ дар эссеи «Президенти халқ — Президенти ман» бо сабки хос муаррифӣ мекунад, бо эътимоди комил ба хонанда муроҷиат менамояд: «Эй мардум, фарзанди худро шиносед ва имрӯз ба эҳтиромаш расед! Агар ба банда чун фарзанди кӯҳистон бовар доред, ба шумо рости гапро мегӯям, ки ҳамагӣ як бор бо Ӯ дастӣ салом кунед, фардо ҳатман дигар мешавед. Гуфтам ва боз мегӯям, ки дар дил чӣ меҳри Худовандие дорад, ки паҳнои он беканор аст, аз дарё бузургтар ва аз баҳр васеътар, балки назаркардаи Худост. Ба назаркардаи Худо ҳеҷ гоҳ бо чашми каҷ нигоҳ намекунанд!».
Сулҳу созиш овардан, кинаҳоро ба муҳаббат табдил додан, оташи адоватро хомӯш кардан аз беҳтарин фазилати инсонҳои оқил аст, аммо саҳлу сода нест. Он замони тираву тор, ки миллат дар вартаи ҳалокат қарор дошт, Шукурҷон Зуҳуров дар ҳайати комиссияи таъсисдодаи Ҳукумат бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалҳои гуногун сафар карданд. Ғами худро намехӯрданд, аз тақдири ҳамватанон ва ояндаи миллат андеша мекарданд. Ҳадафи асосиашон ба маҳалҳои зист баргардондани гурезаҳои иҷборӣ, ҳар чӣ зудтар барқарор кардани сулҳу оромӣ дар кишвар маҳсуб мешуд, ки бо ҳидояти Пешвои миллат пас аз 3 солу се моҳ ба мақсад расиданд.
Дар дигар мақолаҳои публитсистии китоб таъкид мегардад, ки Пешвои миллатро бояд шинохту дид ва шунид. Бояд таърихи доғ ва худамонро фаромӯш накунем. Таърих танҳо барои дирӯз нест, барои сабақ бардоштан аст. Ин маъниро, хоса дар эссеҳои «Пирмуроди халқ», «Мактаби ваҳдатсози Президент» ва «Нуктаҳо аз гуфтаҳо» метавон дарёфт.
Муҳаррир ва мураттиби китоб Сайдаҳмади Зардон матолиб ва андешаҳои дар солҳои гуногун иншонамудаву баёнкардаи Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам, Корманди шоистаи Тоҷикистон Аъзам Мӯсоев, собиқ мушовири калони парлумон М. Атозода ва дигар вакилони мардумиро оид ба Шукурҷон Зуҳуров дар китоб ҷой додааст.
Дар бахшҳои дуюму сеюм ва чоруми китоб мақолаҳои публитсистию хотираҳо аз хидматҳои Шукурҷон Зуҳуров, аксҳои хотирмон ва табрикоти самимонаи ҳамкорону дӯстон ба ифтихори 70-умин солгарди зодрӯзаш ҷой дода шудаанд, ки хонандаро дар шинохти инсони наҷибу ҳамтақдири халқ амиқтар мебаранд.
Нурулло МАҲМАДУЛЛОЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими калони илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.
Баҳовиддинови АМИТ