Тобистони хуррами бачаҳо

Хонандагон ҳуқуқи фароғату истироҳат доранд

№79 (3064) 27.06.2013

Шароит дар лагерҳои тобистона чӣ гуна аст?

 

Ҳар сол, баъд аз хатми соли хониш, барои хонандагони мактабҳои миёна таътили тобистона оғоз меёбад. Албатта, ҳар кас мехоҳад ба лагеру истироҳатгоҳи дӯстдоштааш рафта, фароғат кунад. Ба ин хотир лагеру истироҳатгоҳҳо аз нимаи дуввуми моҳи июн дарҳои худро боз намуданд. Имсол ба истироҳати тобистона чӣ қадар кӯдакону наврасон фаро гирифта мешаванд ва идораҳои дахлдору шахсони масъул дар ин самт чӣ тадбирҳо андешидаанд? Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала хабарнигори «Садои мардум» бо раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурозиқ Ризоев ҳамсуҳбат шуд.

 -  Абдурозиқ Ризоевич, имсол истироҳату солимгардонии кӯдакону наврасон дар мавзеъҳои фароғатӣ чӣ гуна аст? Кумита ба ин мақсад кадом корҳоро ба анҷом расонидааст?

- Бо мақсади амалӣ гардонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2013»  истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва наздимактабии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дарҳои худро ба рӯйи мактаббачаҳо боз намуданд. Пас аз баргузории семинари ҷумҳуриявӣ, ки дар истироҳатгоҳи «Чайка»-и Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалҳои моҳи июн сурат гирифт, дар тамоми гӯшаву канори кишвар лагерҳои мавсимии наздимактабӣ ва беруназшаҳрӣ ба фаъолият шуруъ карданд. Мақсад аз ташкили истироҳати тобистона аз он иборат аст, ки ҳар чӣ бештар хурдсолон ва наврасон ба истироҳат фаро гирифта шаванд. Ба ин васила онҳо тавонанд ҳам истироҳат кунанд ва ҳам саломатии худро барқарор намоянд. Вазифаи асосии истироҳатгоҳҳо, аз ҷумла мураббиён, фароҳам овардани фазои дӯстиву ягонагӣ ва дар рӯҳияи ваҳдати миллӣ тарбият додани насли наврас аст.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, имсол бояд зиёда аз 430 ҳазор нафар хонанда дар истироҳатгоҳҳо фароғат намоянд.

-   Сабаби кам фаро гирифтани хурдсолон ба истироҳатгоҳҳои тобистона дар чӣ аст?

- Сабабҳо, албатта, зиёданд. Яке аз сабабҳои асосӣ ин ташкил накардани лагерҳои наздимактабӣ аст, ки бояд ҳар як мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия барои ташкили истироҳати назди мактабӣ маблағ ҷудо ва ҳар чӣ бештар шумораи кӯдаконро ба истироҳатгоҳҳо ҷалб кунанд. Дар аксари ноҳияҳо ду ё се мактаб барои ташкили истироҳати хонандагон омодагӣ гирифтанду халос. Ба ин мақсад аксаран аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳудуди панҷ ё даҳ ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад, ки танҳо барои дар як баст имкони то сад ё дусад хонандаро ба истироҳат фаро гирифтанро медиҳанду халос. Ин ниҳоят шумораи кам аст. Солҳои сол боз вазъият дар чунин шакл такрор меёбад. Яъне, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 29 декабри соли 2012 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2013» аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иҷро намешавад.

Сабаби дигараш  дар он аст, ки бештари мактабҳои шаҳриву ноҳия ва деҳот шароити истироҳати хонандагонро надоранд. Бахусус қисмати зиёди муассисаҳои таълимӣ ошхона, ҷойҳои хоб, мавзеъҳои истироҳатӣ ва майдончаҳои варзишӣ надоранд, ки ин ҳолат дар аксар мактабҳои имрӯзи деҳот низ дида мешавад. Инчунин аз байн рафтани истироҳатгоҳҳои меҳнатӣ яке аз сабабҳои кам фаро гирифтани хонандагон дар деҳотҷой мебошад. Хатари асосии ташкил карда натавонистани лагерҳои меҳнатӣ ба он оварда мерасонад, ки мо ғайр аз синфҳои поёнӣ, хонандагони синфҳои аз 8 то 10-ро ба истироҳат ҷалб карда наметавонем. Ҷиҳати дигараш дар он аст, ки феълан мо дар истироҳатгоҳҳо кӯдакони аз 7 то 13 -соларо фаро мегирем, наврасони аз 13 -сола боло бошанд, берун аз истироҳат мемонанд.

- Айни ҳол дар ҷумҳурӣ миқдори лагерҳои тобистона чӣ қадар аст?

- Агар  тамоми ҷумҳуриро ба ҳисоб гирем, зиёда аз 35 лагери беруназшаҳрӣ мавҷуд аст, ки қисмати зиёдаш ба муассисаҳои гуногун дахл дорад. Аксари истироҳатгоҳҳои вазорату ташкилотҳо дар як ё ду баст ташкил мешаванд, ки як басти он зиёда аз сад нафарро дар бар мегирад. Воқеан, ин миқдор кам аст, зеро қисмати зиёди истироҳатгоҳҳо аз ихтиёри Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шудаанд. Имрӯз дар   Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳатгоҳҳои солимгардонии калонсолон ва солимгардонии бачагона тақрибан вуҷуд надорад. Танҳо Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёраш се лагер дорад. Арзиши роҳхат ба истироҳатгоҳҳо вобаста ба талаботашон аз 300 то 600 сомониро дар бар мегирад. Илова бар ин,  пешбинӣ шудааст, ки 3459 мавзеи истироҳатӣ, аз ҷумла истироҳатгоҳҳои наздимактабии рӯзона, меҳнатӣ- истироҳатӣ, варзишиву солимгардонӣ, санаторӣ ва истироҳатгоҳҳо барои хонандагони синфҳои болоӣ дар хизмати бачаҳо бошанд.

Мутобиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 14 майи соли 2013, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони ташкилотҳои марбутаи шаҳрӣ ба оғози корҳои омодагӣ дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи беруназшаҳрии кӯдакон уҳдадор шудаанд, ки лагеру истироҳатгоҳҳои «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар тавозуни идораи маорифи шаҳри Душанбе қарор доранд, метавонанд дар ду баст ба 1660 нафар толибилмон шароити фароғатро муҳайё намоянд. Ҳатто Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, ки дар ҳамин мавсим аз санаторияи «Қаратоғ» истифода бурда, дар он ҷо ду истироҳатгоҳро дар чор баст ташкил кунад. Дигар ҳама истироҳатгоҳҳое, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, дар тобеияти вазорату идораҳои гуногун мебошанд.

Дар вилояти Хатлон, ки қаламрави зиёди ҷумҳуриро дар бар мегирад, ҳамагӣ се истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ фаъолият дорад. Илова бар ин, аз ин минтақа қисмати ками хонандагонро ба истироҳатгоҳҳои дараи Варзоб ва Ромиту Алмосӣ меоранд. Боиси  афсӯс аст, ки вилояти Хатлон, ки маркази асосии аграрӣ аст, лагеру истироҳатгоҳҳои меҳнатӣ надорад.

- Хусусиятҳои фарқкунандаи имсолаи истироҳатгоҳҳои мавсимӣ аз солҳои гузашта чӣ гуна аст?

- Зарур аст, ки шароит дар ҳама лагерҳо таври лозима ба роҳ монда шавад. Яъне, вақте  кӯдакро  барои истироҳат меоранд, бояд фароғаташро хуб гузаронад, вале ҳанӯз он талаботе, ки онҳо пеш мегузоранд, мо ба дардашон расида наметавонем, зеро он истироҳатгоҳҳо ва интернатҳое, ки дар Тоҷикистон ташкил мешавад, аксаран бо маблағи кам, яъне панҷ- ҳашт сомонӣ ба кӯдакон хӯрок медиҳанд, ҳол он ки мувофиқи талаботи Донишкадаи ғизо кӯдак бояд дар як рӯз ба маблағи аз 18 то 20 сомонӣ хӯрок истеъмол намояд. Дар лагерҳои наздимактабӣ тамоман кам маблағ ҷудо мегардад. Аз ҷумла дар як рӯз то 2 сомонӣ барои ғизо ҷудо мешавад. Мо ҳамин талаботро ҳам иҷро карда наметавонем.

Масалан, дар лагери «Чайка», ки дар яке аз зеботарин гӯшаҳои Тоҷикистон – дараи Варзоб ҷойгир аст, дар як рӯз барои хӯроки бачагон 22 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Ҳамасола дар истироҳатгоҳи мазкур дар чор баст 350 нафарӣ кӯдакону наврасони аз 7 то 13- сола истироҳат мекунанд. Имсол кушодашавии лагери «Чайка» ба таърихи 16 июни соли ҷорӣ рост омад, ки давомнокиаш то 15 рӯзро дар бар мегирад. Дар лагери мазкур бештар аз минтақаҳои дурдаст, аз ҷумла Ҷиргатол, Қубодиён, Вахш, Восеъ ва навоҳии тобеи марказ бачаҳо истироҳат мекунанд. Ҷиҳати дигари фарқкунанда ин масъалаи нарасидани кадрҳо мебошад. Замони шӯравӣ мактабҳои олие, ки омӯзгор омода мекарданд, донишҷуёни курсҳои ду ё  сеюми онҳо ҳатман аз таҷрибаи педагогии тобистона мегузаштанд ва аксарашон таҷрибаи худро дар лагерҳои тобистона мегузарониданд. Ҳоло ин тавр нест. Имрӯз бештари лагеру истироҳатгоҳҳо интизори мураббиён ва омӯзгорони ботаҷриба ҳастанд. Ҳолатҳое ба мушоҳида мерасад, ки ба ҷойи омӯзгор донишҷӯёнро аз муассисаҳои таълимӣ ба истироҳатгоҳҳо мефиристанд, ки аксарашон аз илми педагогикаву психология дуруст бархӯрдор нестанд. Дар натиҷа, бо кӯдакон муомилаи дуруст карда наметавонанд. Инчунин дар истироҳатгоҳҳо мутахассисони  соҳаи тиб ва мусиқӣ намерасанд.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани таътили тобистона мураббиён ғайр аз машғулиятҳои варзишӣ, инчунин чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла «Шоми байтбарак», озмунҳои «Ҳозирҷавобон» доир намуда, хотири бачаҳоро болида месозанд. Сарфи назар аз ҳама мушкилоти ҷойдошта, мураббиён ва мутасаддиёни лагеру истироҳатгоҳҳои зертобеи мо тавре кор мекунанд, ки кӯдакону наврасон дар таътили тобистона қаноатмандона истироҳат карда, бо як ҷаҳон таассурот назди волидонашон баргарданд.

 Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»