Зикри хайр

Хотираи неки профессор Акино Ютака абадист

№94 (4677) 21.07.2023

Хотираи неки профессори ҷопонӣ Акино Ютака ва дигар ҳамроҳонаш, ки аз дасти хунхорҳои наҳзатӣ ба қатл расида буданд, абадист, зеро ин нафарон барои иҷрои амали нек мекӯшиданд. Онҳо барои сулҳу суботи Тоҷикистон фаъолият намуда, дар ин роҳ ҷонашонро қаҳрамонона нисор карданд.

Аммо нафрати мардум ба наҳзатиҳо, ки ин амали нангинро содир намудаанд, даҳчанд гардидааст. Ҳамин гуна амалҳои хабисона буд, ки ташкилоти мазкур мамнӯъ ва террористӣ дониста шуд. Воқеан, ин созмони хунхор душмани миллату давлати тоҷик ва башарият мебошад.

Аслан, ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ аз аввали ­фаъолияташ дар муқобили миллат даст ба ҷинояту хушунат зада, ягон вақт аз ин роҳи нангин барнагаштааст. Наҳзатиҳо ҳатто баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳам амалҳои террористию дигар ҷиноятҳои вазнинро идома додаанд. Қатлу ғорати ваҳшиёнаи шаҳрвандони Тоҷикистон, кормандони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар солҳои навадуми асри ХХ барои террористони наҳзатӣ ба амали маъмулӣ табдил ёфта буд. Аз ҷумла, 20-уми июли соли 1998  террорис­тони наҳзатӣ чор нозири СММ, шаҳрванди Лаҳистон — Ришард Швезик, шаҳрванди Уругвай — Адолфо Шарпегю, шаҳрванди Ҷопон — профессор Акино Ютака  ва тарҷумон — ронандаи тоҷик Маҳрамов Ҷӯрахонро зимни ҳаракат аз ноҳияи Тавилдара ба тарафи маҳаллаи Лабиҷар ваҳшиёна ба қатл расониданд.

Террористони наҳзатӣ, тибқи одати маъмулиашон, ин ҷинояти мудҳиши худро эътироф накарданд, вале далелҳои раднопазир мавҷуданд ва исбот шудааст, ки ин амали нангини террористӣ кори дасти қотилони ТТЭ ҲНИ мебошад. Бояд таъкид кард, ки он замон мавзеи содир гардидани ҷинояти мазкур пурра зери назорати неруҳои ҷангии наҳзатӣ қарор дошту роҳбарияти он бо мақсади халалдор кардани раванди барқароршавии сулҳ ба ин амали террористӣ даст зада буд. Он вақт наҳзатиҳо бо содир кардани чунин кирдори зишт  дар марҳилаи пешазинтихоботӣ нуфузи роҳбарияти кишварро дар арсаи байналмилалӣ ва дар назди ҷомеаи кишвар паст карданӣ буданд, аммо ба ҳадафи шумашон нарасиданд.

Мардуми тоҷик хизматҳои профессори ҷопонӣ Акино Ютакаро дар раҳи барқарор намудани сулҳ ҳаргиз фаромӯш намекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 зимни боздидашон аз Ҷопон Акино Ютакаро ёд карда, барои иштирокаш дар раванди барқарорсозии сулҳ миннатдорӣ ва ба хешону наздиконаш ҳамдардӣ баён намуда буданд.

Баъд аз содир гардидани ҷинояти мазкур сафири собиқи Тоҷикистон дар Ҷопон Ғуломҷон Бобозода бо рӯзноманигорони расонаи хабарии «Nippon» дар бораи ҳодисаи мазкур муфассал суҳбат намуда, гуфта буд:  «Дар роҳи барқарорсозии сулҳ, ки роҳбарияти давлат ва халқ барои он талош мекарданд, кумаки Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла писари фарзонаи халқи Ҷопон, профессор Акино Ютака бузург буд. Ӯ ҳамеша ғами мардумро мехӯрд ва дарк мекард, ки дар чӣ гуна вазъи мураккаб Тоҷикистон қарор дорад. Вай дар ҳайати СММ тамоми имконоташро ба кор бурд, то дар Тоҷикистон сулҳ барқарор шавад».

Ҷиноятҳои сангину амалҳои  ­террористии содирнамудаи наҳзатиҳои ифротӣ  дар солҳои гузашта моро водор месозад, ки дар ҳифзи амнияту суботи кишварамон ҳушёр  ва дар ҳифзи Ватани азизамон, Истиқлолияти давлатию Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Гиромӣ доштану аз ҳар ҳодисаи ногаҳонӣ эҳтиёт кардани Тоҷикистони ободу озод вазифаи ҷонии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Ниёгони мо гуфтаанд: «Зи душман наояд ба ҷуз душманӣ». Бинобар ин, нисбат ба инсонҳое, ки ба обу хоку ҳавои меҳан, осоишу оромӣ ва рушди он носипосӣ мекунанд, оштинопазир будану алайҳи бадкориҳои онҳо зарба задан рисолати ҳар фард ба ҳисоб меравад. Наҳзатиҳо  ба ҷомеаи мо хатар доштанду доранд, зеро ҳамин амали террористии наҳзатиҳо буд, ки он  замон қариб фаъолияти намояндагии махсуси СММ дар Тоҷикистон  қатъ мешуд. Танҳо вазири корҳои хориҷии Ҷопон Обути қайд намуда буд, ки фаъолияташро дар ин кишвар барои пойдории сулҳу субот ва оромӣ идома хоҳад дод.

Хотираи неки фарзанди фарзонаи Ҷопон Акино Ютака дар қалбҳои мардуми тоҷик абадӣ хоҳад монд, зеро ӯ барои барқарор сохтани сулҳу оромӣ дар кишвари мо ҷонашро фидо кардааст.

А. РАҲМОНЗОДА,

номзади илмҳои таърих